Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти президентҳои фирорӣ ва барканоршуда. Кӣ дар куҷост?


Виктор Янукович, Аскар Оқоев, Қурмонбек Боқиев, Сооронбой Ҷээнбеков, Серж Саргсян. Коллаж
Виктор Янукович, Аскар Оқоев, Қурмонбек Боқиев, Сооронбой Ҷээнбеков, Серж Саргсян. Коллаж

Порлумони Қирғизистон дархости раисҷумҳури собиқи ин кишвар Аскар Оқоев (Акаев)-ро барои барқарор кардани мақоми “президенти пешин” нисбат ба ӯ рад кард. Ӯ баъд аз 14 соли рафтан аз Қирғизистон, тасмим гирифт, ки мақому дахлнопазирии худро барқарор кунад. Оқоев соли 2010 аз дахлнопазирӣ маҳрум шуд.

Се президенти пешини Қирғизистон – Аскар Оқоев (Акаев), Қурмонбек Боқиев ва Алмосбек Отамбоев – аз мақоми қонунии “президенти собиқ” ё ҳаққи масунияти якумрӣ маҳруманд. Аз ин миён танҳо Аскар Оқоев барои баргардондани имтиёзҳои аз дастрафтааш талош дорад, ҳарчанд ҳанӯз ба чизе муваффақ нашудааст.

Тибқи қонунгузории Қирғизистон, президенти пешин аз ҳаққи дахлнопазирӣ ва як қатор имтиёзҳои иҷтимоиву ҳуқуқӣ баҳравар аст. Онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ озоданд, ҳаққи зиндагӣ дар хонаи давлатӣ ва истифода аз нақлиёту табобати бепул доранд. Дар сурати бекор шудани ҳаққи дахлнопазирӣ аз сӯйи порлумон, президенти пешин ба мисли Аскар Оқоев аз ҳамаи имтиёзҳо маҳрум мегардад.

Шахсе, ки дар Қирғизистон мақоми президенти собиқро дорад, як умр аз давлат маош мегирад. Ин мақом иҷоза медиҳад, ки вай ба чорабиниҳои расмӣ даъват шуда, аз номи давлат сухан гӯяд. Ба назари таҳлилгарон, эҳтимол Аскар Оқоев, ки 15 сол сари қудрат буд, на барои фоидаи молӣ, балки бештар барои таҳкими мақоми ҳуқуқӣ ва мавқеи худ талош дорад. Мақоми президенти пешин метавонад ӯро аз ҷавобгарӣ ва таъқиб ҳифз кунад.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, гуфтааст, дар бораи дархости Аксар Оқоев барои баргардондани мақоми президентии ӯ бояд вакилони порлумон тасмим гиранд. Вай гуфт: “Ба назари ман, вазъи Оқоев аз ҳолати Отамбоев ва Боқиев фарқ дорад. Вақте вай фирор кард, қурбониву кушташудаҳо набуданд, парвандаи ҷиноӣ боз нашуда буд ва дар ҷустуҷӯ ҳам эълон нашуда буд. Албатта, дар замони ҳукмронии Аскар Оқоев камбудҳо зиёд буданд, манфиатҳо ҷой доштанд, вале рӯйдодҳои мусбат ҳам буд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, дуруст мебуд, агар порлумон мақоми президенти пешинро барои ӯ барқарор мекард. Ин фикри шахсии ман аст.”

Темирлан Султонбеков, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон, изҳороти Ҷабборовро танқид кард.

АСКАР ОҚОЕВ

Аскар Оқоев президенти нахустини Қирғизистон аст. Солҳои аввали раҳбарӣ, ӯро дар кишвраҳои Ғарб чун “президенти демократ” мешинохтанд, вале бо гузашти вақт дар низоми ҳукуматдории ӯ нишонаҳои худкомагӣ, аз ҷумла ҳукуматдории хонаводагӣ, фасод ва фишор ба мухолифони сиёсӣ пайдо шуд.

Мардуми норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар баҳори соли 2005 даст ба тазоҳурот заданд. Дар пайи ин эътирозҳо, ки "инқилоби лолаӣ" ном гирифт, тазоҳургарон бинои ҳукуматро дар Бишкек ғасб карда, Аскав Оқоевро ба истеъфо маҷбур карданд. Вай ба Маскав фирор кард.

Чанде пас Оқоев зимни як музокирот бо ҳайати вакилон дар сафорати Қирғизистон дар Русия истеъфо дод, аммо барканории худро аз қудрат ғайриқонунӣ донист. Дар мусоҳиба бо расонаҳои байнулмилалӣ иттиҳомотеро, ки алайҳи ӯ эълон шуда буд, рад кард.

Робитаи ӯ бо Қирғизистон баъди ба сари қудрат омадани Содир Ҷабборов дубора оғоз шуд. Вай соли 2021 ғайриинтизор ба Қирғизистон омад, то барои таҳқиқи қазияи “Қумтор” ба мақомоти тафтишотӣ ёрӣ кунад. Ин сафари ӯ дар ҷомеаи Қирғизистон вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Бархе бозгашти Оқоевро қадами мусбат дониста, гурӯҳи дигар хостанд, вай ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Мақомот хабар дода буданд, ки шоҳидии президенти пешин барои ба даст овардани "Қумтор" ба Қирғизистон кумак кард ва бо ин дубора роҳи Оқоев ба кишвар боз шуд. Аммо ба таври доимӣ, ӯ ҳамоно дар Русия кору зиндагӣ дорад.

Аскар Оқоев
Аскар Оқоев

ҚУРМОНБЕК БОҚИЕВ

Қурмонбек Боқиев, президенти дуюми Қирғизистон, ҳам аз имтиёз ё масунияти якумрӣ маҳрум аст. Ӯ дар соли 2005 дар пайи “инқилоби лолаӣ” дар курсии раҳбарӣ нишаст. Ҳарчанд ҳукуматдории худро бо ислоҳот сар кард, дар як фурсати кӯтоҳ ба низоми худкома табдил ёфт. Дар замони раҳбарии ӯ фасод рушд карда, таъқиби сиёсӣ авҷ гирифт.

Солҳои охири ҳукуматдории Боқиев дар Қирғизистон бо чанд ҳодисаи хунин ва кушторҳои сиёсӣ ҳамроҳ буд. Медет Содирқулов, раҳбари пешини дастгоҳи иҷроияи президент, дар соли 2009 кушта ва дар марги ӯ як мақомдори амниятӣ гумонбар шуд. Ин ҳама дар ниҳоят сабаби сар задани эътирозҳои мардумӣ гардид.

Соли 2010 тазоҳурот бо саркӯби ҳукумат ва марги беш аз 90 ва захмӣ шудани зиёда аз 1000 кас анҷом ёфт. Дар пайи ин ҳодисаҳо, Боқиев аз қудрат барканор шуд ва ба Беларус фирор кард. Бо пуштибонии президенти ин кишвар, Александр Лукашенко, соҳиби шаҳрвандӣ шуд ва ҳоло дар Минск зиндагӣ дорад. Вай дар Қирғизистон дар ғайбаш ба 30 сол зиндон маҳкум шудааст. Собиқ президент баъзан дар бораи ҳодисаву равандҳои сиёсӣ назари худро баён мекунад.

Қурмонбек Боқиев
Қурмонбек Боқиев

АЛМОСБЕК ОТАМБОЕВ

Раҳбарии Алмосбек Отамбоев, президенти чоруми Қирғизистон, аз соли 2011 то 2017 идома кард. Вай баъд аз анҷоми ваколат, бе ҷангу ҷанҷол аз ҳукумат рафт, вале муносибат бо ҷойнишинаш, Соронбой Ҷээнбеков, бад шуд ва соли 2019 дар пайи як таҳқиқот вай аз мақоми президенти пешин маҳрум гашт. Отамбоев ба он айбдор шуд, ки дар фасод ва чанд ҷинояти дигар, ки дар замони раҳбариаш рух дода будаанд, даст дорад.

Вай соли 2019 боздошт ва ба 11 солу ду моҳ зиндон маҳкум шуд. Отамбоев дар соли 2023 бо далоили тиббӣ озод шуд ва барои муолиҷа ба Испания рафт.

Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

СООРОНБОЙ ҶЭЭНБЕКОВ

Сооронбой Ҷээнбеков дар соли 2017 раисиҷумҳур интихоб шуд ва дар пайи тазоҳуроти оммавии соли 2020 дар Бишкек маҷбур аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ аз ҳаққи масунияти якумрӣ баҳравар аст.

Тазоҳурот баъд аз интихоботи порлумонӣ сар зад. Мардуми норозӣ ба маркази Бишкек баромада, гуфтанд, ки дар ин маърака аҳзоби тарафдори раисҷумҳур бо тақаллуб аксар курсиҳои порлумонро соҳиб шудаанд. Дар ҳамин ҳодисаҳо, Содир Ҷабборов, ки он вақт мухолифи сиёсии кишвар буд, аз зиндон озод ва соли 2021 президент шуд.

Дар ҳоли ҳозир Ҷеенбеков дар Қирғизистон зиндагӣ дорад, аммо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ширкат намекунад. Баҳори соли равон дар порлумони Қирғизистон пешниҳод шуд, ки Сооронбой Ҷээнбеков аз мақоми президенти пешин маҳрум карда шавад. Дертар вакилони порлумон дигар ба ин мавзуъ рӯ наоварданд. Ба ин тартиб, аз 5 раҳбари собиқи Қирғизистон ҳоло танҳо ду нафари онҳо: Роза Отунбоева ва Сооронбой Ҷээнбеков мақоми президенти пешинро доранд.

Сабаби аслии барканории Оқоев, Боқиев ва Ҷеенбековро фасод, фосила гирифтан аз мардум ва буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ меноманд. Аз кишварҳои пасошӯравӣ то имрӯз се маротиба дар Қирғизистон, ду бор дар Украина ва якборӣ дар Гурҷистону Арманистон инқилоб ё ошӯби мардумӣ рух додааст.

Сооронбой Ҷээнбеков
Сооронбой Ҷээнбеков

ВИКТОР ЯНУКОВИЧ

Аз соли 1994 то 2005 раҳбарии Украинаро Леонид Кучма бар дӯш дошт. Ӯ дар интихоботи соли 2004 ширкат накард. Натиҷаҳои ин интихоботи президентӣ тақаллубӣ эълон шуда, эътирозҳои мардумӣ сар заданд.

Дар интихобот аввал Виктор Янукович пирӯз эълон шуд, вале рақиби ӯ Виктор Юшенко ва ҷонибдорони вай, ки ин натиҷаро қабул надоштанд, ба майдон баромаданд. Дар ниҳояти амр зери фишори эътирозгарон дубора интихобот баргузор шу два дар он Юшенко ғолиб омад. “Инқилоби норинҷӣ” ба таҳкими демократия ва оғози ислоҳоти нав дар кишвар мусоидат кард, вале президенти нав ва ҳукумати ӯ натавонистанд хостҳои мардумро бароварда созанд ва дубора Украина ноором гашт.

Виктор Янукович соли 2009 дигарбора барои мақоми президентӣ вориди мубориза шуд ва ин бор бар рақиби худ Юлия Тимошенко пирӯз шуд. Янукович бо омадан ба сари қудрат талош кард, ки бо Русия равобити зичи сиёсӣ ва иқтисодӣ барқарор кунад. Вай мухолифи пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо баромад ва бештар барои наздик шудан ба Маскав майл дошт. Ин ҳам ба сар задани эътирозҳои “Евромайдон” сабаб шуд. Ҳукумати Янукович хост, бо зӯр тазоҳуротро пароканда кунад ва ин тасмим бо кушта шудани тақрибан 100 нафар анҷом ёфт.

Баъд аз ин, дар соли 2014 Янукович аз кишвар фирор кард, ҳоло дар Русия зиндагӣ дорад. Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи ӯ дар Украина ва додгоҳҳои байнулмилалӣ ҳамоно идома доранд ва моликияти ӯ ба ихтиёри давлат гузаштааст. Баъди Янукович, Петр Порошенко дар Украина ба сари қудрат омад. Аз соли 2019 кишварро Владимир Зеленский раҳбарӣ мекунад.

Виктор Янукович
Виктор Янукович

ЭДУАРД ШЕВАРДНАДЗЕ

Соли 2000-ум дар Гурҷистон норозигӣ аз фасоди густарда ва ҳукумати худкомаи президент Эдуард Шеварднадзе, ки аз соли 1992 зимоми қудратро дар даст дошт, шиддат гирифт. Соли 2003 дар пайи интихоботи порлумонӣ дар кишвар “инқилоби садбаргӣ” сар зад. Мухолифон бо раҳбарии сиёсатмадори ҷавон, Михаил Саакашвилӣ, аз Шеварднадзе талаб карданд, ки мақоми раисиҷумҳури Гурҷистонро тарк намояд.

Шварднадзе солҳои охири зиндагии худро дар Гурҷистон сипарӣ ва баъд аз бемории тӯлонӣ соли 2017 дар 86-солагӣ даргузашт. Мавқеъ ва фаъолияти ӯ дар сиёсати хориҷии Гурҷистон ҳамоно баҳсбарангез аст. Номи ӯ дар таърихи ҷаҳонӣ ҳамчун вазири охирини корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ислоҳоти кишвар ва хатми ҷанги сард саҳм дорад, сабт шудааст.

Соли 2003 дар пайи “инқилоби садбаргӣ” Михаил Саакашвили ба сари қудрат омад. Ӯ дар интихоботи президентии соли 2004 бо 96 дарсади оро пирӯз шуд ва дар Гурҷистон ислоҳоти сиёсиро оғоз бахшид. Бо он ки дар даврони ҳукуматдории ӯ дар кишвар як қатор тағйирот рух дод, барои фишор болои мухолифон ва нақзи ҳуқуқи одамон танқид ҳам мешавад.

Саакашвили соли 2013, баъди ду давраи раҳбарӣ, тарки мақом кард. Вай аз таъқиб алайҳи худ хабар дод ва кишвар рафт. Соли 2018 ӯро ғоибона дар Гурҷистон 6 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Саакашвилӣ ба Украина омад ва шаҳрвандӣ гирифт. Ӯ ин ҷо ба фаъолияти сиёсӣ машғул шуда, соли 2015 бо даъвати Петр Порошенко волии вилояти Одесса таъин шуд. Соли 2016 истеъфо дод ва Порошенкоро ба пуштибонӣ аз фасод айбдор кард. Саакашвилиро аз шаҳрвандии Украина маҳрум карданд ва ин вокуниши зиёде ба бор овард. Баъд аз ин ӯ ба Лаҳистон рафт. Президенти нави Украина, Владимир Зеленский, соли 2019 шаҳрвандии ӯро барқарор карда, Саакашвилиро дубора ба майдони сиёсат дар Украина баргардонд.

Саакашвилӣ ҳоло дар зиндони Гурҷистон аст. Ӯ соли 2021 ба ватан баргашт ва боздошт шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, сиҳатии Саакашвилӣ зери хатар қарор дорад ва хостанд, ки вай барои муолиҷа озод шавад, аммо ин дархост рад шуд.

Эдуард Шеварднадзе
Эдуард Шеварднадзе

СЕРЖ САРГСЯН

Соли 2018 дар пайи “инқилоби махмалин” президенти рӯ ба Русияи Арманистон, Серж Саргсян, ночор аз маснади сарвазирӣ ба истеъфо рафт. Баъди ду давраи раҳбарӣ, ӯ Қонуни асосии кишварро тағйир дод, то қудратро дар даст нигаҳ дорад. Аммо дар пайи эътирозҳо бо раҳбарии вакили мухолиф, Никол Пашинян, Саргсян аз мақом рафт. Пашинян сарвазир интихоб шуд.

Соли 2019 дар Хадамоти махсуси тафтишотии Арманистон Серж Саргсянро ба тасарруфи моликияти давлатӣ айбдор карданд. Худаш ин иттиҳоиро рад карда, онро таъқиби сиёсӣ номид. Додситонӣ соли 2023 аз ӯ талаби пардохти 1,2 миллион долларро кард, аммо дертар бегуноҳ хонда шуд. Саргсян ҳоло дар Арманистон зиндагӣ дорад ва раҳбари Ҳизби ҷумҳурихоҳ аст.

Серж Саргсян
Серж Саргсян
XS
SM
MD
LG