Додситонии федеролии Олмон нисбати як шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирокаш дар фаъолияти созмони хориҷии террористӣ ва нақзи қонун оид ба назорати силоҳ, айб эълон кардааст. Дар ин бора дар иттилоияи додситонии Олмон аз рӯзи 8 март хабар дода шудааст.
Дар изҳороти додситонии федеролии Олмон, ки нусхааш дастраси радиои Озодӣ шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, ки прокурори федеролии Дюсселдорф рӯзи 6 марти соли 2017 аз рӯи
Тибқи хабарҳо, ин шаҳрванди Тоҷикистон моҳи июни соли 2016 дар шаҳри Карлсруэ боздошт шуд ва аз ҳамон замон то ба имрӯз дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.
парвандаи "амнияти миллӣ" нисбати шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон Маҳмадсаид С. айб эълон кард. Ин шахс ба ҳайси узви гурӯҳи террористии хориҷии "Давлати исломӣ" қонунро аз рӯи моддаи "нақзи назорати силоҳ" ва "даъвати оммавӣ ба ҷиноят"-и Кодекси ҷиноии Олмон муттаҳам дониста мешавад.
Дар шарҳи аъмоли ҷиноии муттаҳам Маҳмадсаид С. гуфта шудааст, ки "на дертар аз феврали соли 2015 муттаҳам ба Раққаи Сурия ворид шуда ба узвияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" шомил шуд. Ӯ бо истифода аз силоҳҳои мухталиф таҷрибаи ҷангӣ андӯхт. Солҳои баъдӣ ба ҳайси муҳофиз ва мудир кор кард. Бо туфангу тапонча мусаллаҳ шуд. Охири тобистони соли 2015 ҳадди аққал 5 видео-наворро дар шабакаи интернетии YouTube нашр кард ва дар онҳо ба пайвастшавӣ ба ҷиҳод ва гурӯҳи ДИИШ даъват намуд. Гумонбар 21 июни соли 2016 боздошт ва аз он замон то имрӯз дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешуд". Аз рӯи иттилои аввалия, ин мард моҳи июни соли 2016 дар шаҳри Карлсруэ боздошт шудааст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, сухан дар бораи Маҳмадсаид Саидов аст, ки июни соли 2016 дар синни 30-солагӣ боздошт ва ин хабар ҳам он замон расонаӣ шуд. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшоҳ Неъматов дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тоҷик аз ин қазия огаҳ ҳастанд, вале аз рӯи муқаррароти ниҳодҳои тафтишотии Олмон, танҳо дар сурати муроҷиати органҳои дахлдори тафтишотӣ мақомоти тоҷик бо онҳо, дар ин замина ҳамкорӣ мекунанд.
Неъматов гуфт, то ҳол аз рӯи қазияи Саидов ба онҳо ҳеҷ муроҷиате нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, "дар Олмон тахминан 500-600 нафари гумонбар дар терроризм ва ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ сабт шудаанд ва онҳо зери назари сохторҳои тафтишотӣ ҳастанд. Шумораи боздоштшудаҳо аз Тоҷикистон барои онҳо маълум нест ва аз рӯи қоидаҳои Олмон, танҳо дар сурати эълони айб, органҳо метавонанд дар бораи ҳуввияти онҳо хабар диҳанд."
Дар ҳамин ҳол, волидони Маҳмадсаид Саидов, ки дар Ҳисори Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, бовар доранд, ки фарзанди онҳо дар Олмон дар озодӣ ба сар мебарад. Рӯзи 9 март Ҳаким Саидов, падари Маҳмадсаид Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳатто баъди пахши хабарҳои боздошти писараш бо гумони амалҳои террорристӣ, ӯ зуд-зуд бо онҳо телефонӣ дар тамос мешавад. Ба қавли падар, бори охир ӯ дирӯз, 8 март ба хона занг зада модарро бо иди 8 март табрик кардаааст.
“Зуд-зуд тамос мегирад. Писарам ҳоло дар озодӣ ҳаст. Ҳангоми сӯҳбатҳо мегӯяд, ки вазъияташ хуб аст. Дар сӯҳбати охиронаш гуфт, мехоҳад барои зану фарзандонаш ҳақи иқомат дар Олмонро бигирад”,-гуфт Ҳаким Саидовю Вале талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо Маҳмадсаид Саидов бенатиҷа анҷомид.
Санҷидани дурустии ҳарфҳои падари Маҳмадсаид Саидов имкон надорад.
Маҳмадсаид Саидов, сокини деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор бо дархости Тоҷикистон соли гузашта дар Олмон боздошт шуд. Ӯ ҳамроҳ бо ҳамсар ва як фарзандаш аз ин кишвари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ карда буд. Шаш моҳи пеш ҳамсараш тифли дувумро ба дунё овард, вале парвандаи ӯ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.
Баъди боздошташ худи Маҳмадсаид Саидов аз мақомоти Олмон хоста буд, ки то парвандаашро дар ин кишвар баррасӣ кунанду нагузоранд ба Тоҷикистон истирдод шавад.
Мақомоти Тоҷикистон ӯро барои узвият дар гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” ва ширкат дар ҷангҳои Сурия муттаҳам медонад. Ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, Маҳмадсаид аз ҷангҳои Сурия ба Туркия баргашта, баъдан бо роҳҳои номаълум вориди Олмон шудааст. Наздиконаш ин иттиҳоми мақомоти интизомиро рад мекунанд ва мегӯянд, писарашон ҳеҷ гоҳ дар Сурия набуд ва ҳамеша аз Олмон бо онҳо дар тамос мешуд.
Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, охири соли гузашта дар як ҷаласаи кормандони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Миёна дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мавзӯи Маҳмадсаид Саидов матраҳ шудааст. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, онҳо ба ҷониби Олмон сабти видеоии сӯҳбати Маҳмадсаид Саидовро дар ҷангҳои Сурия бо аксашро, ки дар он дар даст силоҳ дораду ба ҷиҳод даъват мекунад,тарҷума карда ба ҷониби Олмон додаанд.
“Мо аз ҳамкорони олмониамон гила кардем, ки чаро мо тамоми далелро ирсол кардаем, вале онҳо ин шаҳрванди Тоҷикистонро истирдод намекунанд. Гуфтем, ки мо шуморо аз ворид шудани як узви ДИИШ ба хокатон огоҳ кардем. Онҳо гуфтанд, ки ҳатман ин масъаларо ҷиддӣ мегиранд”, - гуфт ӯ.
Баъди боздошташ худи Маҳмадсаид Саидов аз мақомоти Олмон хоста буд, ки то парвандаашро дар ин кишвар баррасӣ кунанду нагузоранд ба Тоҷикистон истирдод шавад. Маъмулан дар дархостҳои худ гумонбарон ба таҳдиди шиканҷаву бадрафторӣ ҳамчун далели истирдод нашудани худ, такя мекунанд.
Падари ин ҷавон мегӯяд, писараш қабл аз сафар ба Олмон дар Тоҷикистон як сол забони олмонӣ омӯхта буд. Маҳмадсаид Саидов то замони хориҷ шудан аз Тоҷикистон ронандагӣ мекард ва қаблан ҳам дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд. Падараш мегӯяд, соли 2012 бо маблағе ки ҷамъ карда буд, ҳамроҳ бо модараш ба Арабистони Саудӣ барои анҷоми маросими ҳаҷҷи фарзӣ рафта буд. Ҳарчанд падараш мазҳабӣ будани писарашро эътироф мекунад, аммо мегӯяд, ӯ дар зеҳнаш назарҳои ифротгароёна надошт.
Мақомоти тоҷик, ки ширкат дар ҷангҳои хориҷиро ҷинояти сангин арзёбӣ мекунанд, мегӯянд, на камтар аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон дар фосилаи солҳои баъди 2013 ба қаламравҳои зери назари ДИИШ рафта ба сафи ҷангиёни ин гурӯҳ пайвастанд. Марги беш аз 300 нафари онҳо тасдиқ шудааст. Маъракаи таблиғи зиёни ДИИШу ифротгароӣ, ки дар ду соли гузашта дар тамоми кишвар ба роҳ монда шуд, ба қавли масъулин, натиҷа дод ва ҳоло сафари ҷавонҳо ба ин қаламравҳо хеле ночиз шудааст.