Як ҷангҷӯи тоҷик дар наздикии Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ, кушта шудааст. Аз ин ҷангҷӯи тоҷик "Абу Абдуллоҳи Тоҷикӣ" ном бурда мешавад, аммо иттилои дигаре дар бораи насаби расмӣ ва маҳалали таваллудаш дар даст нест. Шаҳри Мавсил аз соли 2014 боз таҳти идораи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" буда, моҳҳои охир бозпасгирияш аз тарафи нерӯҳои давлатии Ироқ ва пешмаргаҳои курд идома дорад.
Душанбе рӯйхати онҳоеро, ки узвияташон дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва созмонҳои дигари тундрав ва ширкаташон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ шудааст, барои таъқиб ба Интерпол супурдааст.
Танҳо дар шабакаи Твиттер як саҳифае бо номи "Абу Абдуллоҳи Тоҷикӣ" вуҷуд дорад, ки дар соли 2015 фаъол буда, аксаран матолиби марбут ба гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро таблиғ кардааст. Дар зери ин саҳифа бо ҳарфҳои англисӣ "Фархор 22" ҳам навишта шудааст, вале аз ин бештар ҷузъиёте нест.
Бино ба гузоришҳо, "Абу Абдуллоҳи Тоҷикӣ" рӯзи 9 ноябри имсол кушта шудааст ва ин гузоришҳо, инчунин, аз ҳалокати ҷангҷӯи дигар бо номи "Ҳамзаи Тоҷикӣ" иттилоъ медиҳанд.
Ҷангҷӯёни тоҷик, ки ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд, ба худ номҳои арабӣ интихоб карда, калимаи "Тоҷикӣ"-ро ба он пайванд мекунанд, ки зоҳиран аз кадом кишвар будани онҳоро нишон медиҳад. Тақрибан ду моҳи пеш дар бораи кушта шудани ҷангҷӯи тоҷик бо номи "Абу Муҳаммади Тоҷикӣ" гузориш расида буд.
Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ" масъулияти бомбгузориҳои хунини охири моҳи сентябр дар шаҳри Тикрити Ироқро бар дӯш гирифта ва гуфта буд, яке аз ҷангҷӯёне, ки ҳамлаҳоро анҷом дод, тоҷик будааст. "Абу Муҳаммади Тоҷикӣ" нақши бомбгузори маргталабро иҷро кардааст. Баъди ҳамла яке аз ҷангҷӯён, мошини бомбгузоришударо ба посгоҳ равона кардааст ва ду маргталаби дигар камарбандҳои таркандаашонро дар наздикии ҷамъомади маъмурони пулис дар наздикии пойгоҳи низомие дар шаҳри Тикрит таркондаанд.
Маълум нест, ки Абу Муҳаммади Тоҷикӣ дар дохили мошин будааст ва ё камарбанди тарканда доштааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун бештар аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳҳои террористиву тундрав ба мисли "Давлати исломӣ" пайвастаанд ва хабари марги бештар аз 300 нафарашон ба хешовандонашон расидааст.
"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.
Душанбе барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, пешниҳоди афв карда, ҳамчунин рӯйхати онҳоеро, ки узвияташон дар “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав ва ширкаташон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ шудааст, барои таъқиб ба Интерпол супурдааст.