Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "Тоҷикистон дар баробари хатари терроризм осебпазир аст". ВИДЕО


Тибқи гузориши нави Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ мақараш дар Лондон, Тоҷикистон дар баробари хатари терроризм назар ба кишварҳои дигари минтақа, осебпазиртар аст.

Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва сулҳ рӯзи 16-уми ноябр гуфт, теъдоди қурбониёни амалҳои террористӣ, ки пайиҳам чаҳор сол боло мерафт, дар соли ҷорӣ, 10 дар сад кам шудааст. Дар шохиси ҷаҳонии терроризм дар соли 2016 омадааст, ки бештар аз 29 ҳазор нафар аз дасти гурӯҳҳои ифротиву террористӣ кушта шудаанд, ки дар муқоиса ба соли 2014 10 дар сад камтар аст.

Шурӯи ҷанг бар зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз ҷумла як сабаби коҳиши қурбониёни терроризм шудааст. Аммо айни замон хатароти терроризм дар 23 кишвар аз ҷумла кишварҳои Аврупо афзудааст, ва чанголҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳарчӣ дарозтар шудаанд.

Теъдоди қурбониёни терроризм коҳиш ёфтааст

Дар ин гузориш омадааст, ки Тоҷикистон дар баробари хатари терроризм назар ба кишварҳои дигари минтақа осебпазиртар аст. Даниел Ҳислоп мудири таҳқиқотӣ дар Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ дар Бритониё дар оғози суҳбат бо Радиои Озодӣ, ибтидо ба ин суол ки кам шудани теъдоди қурбониёни амалҳои террористӣ дар соли 2015 оё нишондиҳандаи он аст, ҳаст, ки дар саросари ҷаҳон амалҳои террористӣ камтар шудааст, гуфт:

Даниел Ҳислоп: Бале, соли гузашта теъдоди қурбониён аз терроризм 10 дар сад камтар буд ва ин нишон медиҳад, ки ҳамлаҳои террористӣ ҳам камтар шудаанд. Аммо айни замон шиддати терроризм бештар шуд ва кишварҳои зиёде ҳастанд, ки дар онҳо хатари терроризм зиёд шудааст, ки ин як тамоюли нигаронкунанда мебошад. Бисту се кишвар шоҳиди терроризми зиёд шуданд, ба мисли Фаронса, Туркия, Тунис, Либия, Миср ва ғайра. Ин кишварҳое, ки шоҳиди амалҳои террористии шуданд, ҳам дар Ховари Миёна ҳастанд ва ҳам кишварҳои як минтақаи аз назари иқтисоди пешрафтаи ҷаҳон.

"Давлати исломӣ" заиф шудааст

Радиои Озодӣ: Шумо мегӯед, ки мудохилаи низомӣ ба зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия ин созмонро заиф кардааст. Метавонед шарҳ диҳед, ки ин гурӯҳ назар ба гузашта чӣ қадар заифтар шудааст?

Даниел Ҳислоп: Амалиётҳои низомӣ дар Ироқу Сурия гурӯҳи "Давлати Исломӣ"-ро ба таври чашмгир заиф карданд, ҳамчунин қаламравҳои зиёдеро аз даст дод. Вале бо назардошти ҳамин мудохилаи низомӣ, усули фаъолияташро тағйир дод ва ба дигар кишварҳо ҳамла кард ва шариконашро барои ҳамла ба кор бурд. Яке аз зуҳуроти соли гузашта ин буд, ки шумораи ҳалқа ва шарикони гурӯҳи "Давлати исломӣ" соли гузашта ду баробар зиёд шуд, аз 13 ба 28 адад расид. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" тавонист аз марказҳои фаъолияти худ дар Ироқу Сурия дар 11 кишвар ҳамла анҷом диҳад. Дар воқеъ тавонист, қудрату фаъолияташро то ба кишварҳои дигар тавсиа бахшад.

Даниел Ҳислоп: "Тоҷикистон дар баробари хатарҳои терроризм осебпазир аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:52 0:00

Радиои Озодӣ: Шумо терроризму хатари он дар Осиёи Марказиро таҳқиқ кардед. Хатари ин зуҳурот дар минтақа афзоиш меёбад ё кам шудааст?

Даниел Ҳислоп: Як чизе бояд дар бораи терроризм дар Осиёи Марказӣ дар ёд дошт, ки дар умум ин минтақа аз фаъолияти террористӣ орӣ аст, вале айни замон, хатару таҳдидҳо вуҷуд доранд. Дар гузориш мо гуфтем, ки Тоҷикистон дар баробари хатари афзояндаи терроризм бештар осебпазир аст. Соли 2015 дар кишвар 12 нафар дар натиҷаи фаъолиятҳои террористӣ кушта шуданд. Хатарҳо дар Тоҷикистон аз марз бо Афғонистон бармеоянд ва наздикии Толибон дар марзҳои шимолӣ бармеоянд.

Омилҳои гаравидани ҷавонон ба созмонҳои тундрав чист?

Радиои Озодӣ: Шумо сабабҳои зуҳури терроризмро ҳам таҳқиқ кардед. Хулоса чӣ ҳаст, сабабҳои аслии масалан гаравидани ҷавонон ба созмонҳои террористиву тундрав чӣ ҳаст?

Даниел Ҳислоп: Вақте ба шумо сабабҳои терроризм нигоҳ мекунед, мебинед дар кишварҳои дорои хатари баланди террористӣ ду сабаби аслӣ вуҷуд дорад. Аввал хушунати баланди сиёсӣ ба мисли қатлҳои худсарона, шиканҷа ва ба зиндон андохтан барои андешаҳои сиёсӣ вуҷуд дорад. Ё онҷо муноқишаҳое идома доранд, ки сабабаш ҳам ихтилофоти сиёсӣ аст. Дар ин ҷойҳо омилҳои афзоиши терроризм зиёд мешавад. Вақте сабабҳои тундгароиро меомӯзед ба мисли ифротгароии исломӣ ва ё ҷиҳод, овардани омилҳои умумӣ мушкил аст. Омилҳое, ки масалан ҷавононро ба анҷом додани амалҳои террористӣ водор мекунанд. Вале ҳамин амалҳоро ҷавононе анҷом медиҳанд, ки ё дониши кам доранд, ё дар донишгоҳ таҳсил кардаанд, ё кори сердаромад ҳам доранд. Вале як чизи муҳиме, ки дар таҳқиқамон маълум кардем, ин аст, ки бекорӣ ва дур мондан ва аз ҷомеа дар инзиво мондан аз иллатҳои аслии рӯ овардан ба терроризм аст.

XS
SM
MD
LG