Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои беҷавоби Тоҷикистон барои истирдоди "ҷиҳодӣ" (ВИДЕО)


Маҳмадсаид Саидов тобистони имсол дар шаҳри Карлсруе дар Олмон дастгир шуд.
Маҳмадсаид Саидов тобистони имсол дар шаҳри Карлсруе дар Олмон дастгир шуд.

Як ҷавони тоҷик, ки дар Олмон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дастгир шуд, хостааст, ки ӯро барои муҳокима ба Тоҷикистон нафиристанд. Олмон ҳанӯз парвандаи ӯро баррасӣ мекунад.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, давлати Олмон ба тақозои истирдоди як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо гумони узвият дар гурӯҳи террористӣ дастгир шуд, ҳанӯз посух надодаанд. Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “то ҳол посух дар бораи истирдоди Маҳмадсаид Саидовро нагирифтаанд”. Ин ҷавони 30-солаи тоҷикро моҳи июн дар вилояти Райн-Вестфалияи Шимолӣ дар шаҳри Карлсруе боздошт карданд.

Як мақоми интизомии Тоҷикистон, ки бо шарти набурдани номаш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ба мақомоти дахлдори Олмон, “далелу шаҳодатҳо аз ҷумла видеоҳои сабткардаи Маҳмадсаид Саидов”- ро фиристодаанд, то собит кунанд, ки ӯ дар ҷангҳои Сурия дар сафи гурӯҳи Давлати исломӣ меҷангидааст.

Ин ҷавон иддаои кардааст, ки баъди бозпас фиристоданаш мавриди азобу шиканҷа қарор мегирад.

Аммо то ҳол посух барои истирдоди ӯро нагирифтаанд ва гуфтӯгуи ду тараф дар ин замина идома доштааст. Айни замон ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ “ин ҷавон гуфтааст, ки ӯро дар Олмон муҳокима кунанд ва иддаои кардааст, ки баъди бозпас фиристоданаш ба Тоҷикистон мавриди азобу шиканҷа қарор мегирад.” Ҳамсари Маҳмадсаид бо ду фарзандаш дар озодӣ будааст.

Падари Маҳмадсаид, Ҳаким Саидов, сокини шаҳраки Шарора дар ноҳияи Ҳисор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сӯҳбате бо писараш накардааст ва аз сарнавишти ӯ хабар надорад. Додситонии кулли Олмон, ки хабари боздошти Маҳмадсаид Саидовро нашр карда буд, ба тақозои Радиои Озодӣ барои шарҳи парванда то кунун ҷавоб надодааст. Дар додситонӣ гуфтанд, баъди баррасии тақозо шарҳи худро мефиристанд.

Акси Маҳмадсаид Саидов ҳанӯз дар вебсайти Интерпол ҳаст.
Акси Маҳмадсаид Саидов ҳанӯз дар вебсайти Интерпол ҳаст.

Маҳмадсаид Саидовро мақомоти Тоҷикистон ба “зархаридӣ” ва ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ моҳи апрели соли 2015 ба Сурия рафта ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастааст. Гуфта мешавад, ин ҷавони тоҷик, ки ҳанӯз дар феҳрасти афроди мавриди ҷустӯҷуи Тоҷикистон дар Интерпол қарор дорад, дар миёни паноҳандагони Сурия, ки аз ҷанг гурехтаанд, худро ба Олмон расондааст.

Маҳмадсаид Саидов то замони хориҷ шудан аз Тоҷикистон ронандагӣ мекардааст ва ​дар Русия муҳоҷири корӣ ҳам будааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, аксари ҷавонони тоҷик маҳз дар муҳоҷират фирефтаи гурӯҳҳои тундрав шуда ва ба Ироқу Сурия рафтаанд.

То кунун бештар аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳҳои террористиву тундрав ба мисли "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Маҳмадсаид Саидов, аввали шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар Олмон дастгир мешавад.

Ман намедонам, дар сари писарам чӣ мегузарад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

XS
SM
MD
LG