Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров: "Ҳукмҳои Бузургмеҳр Ёров фишор ба адвокатура аст". ВИДЕО, САДО


Раҳматилло Зоиров ва Бузургмеҳр Ёров. Акс аз бойгонӣ
Раҳматилло Зоиров ва Бузургмеҳр Ёров. Акс аз бойгонӣ

Раҳматилло Зоиров – раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва ҳуқуқдони маъруф – аз ҳукми дувуми вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров интиқод кард. Ӯ рӯзи 16 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин бархӯрди мақомоти додгоҳӣ фишор танҳо болои Бузургмеҳр Ёров набуда, "балки фишор ба низоми ҳимоятгарон ё адвокатура аст". Зоиров афзуд, бо ҷараёни баҳси додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ошност ва мавқеи худро дар шакли як баёнияи комил дертар эълон хоҳад кард.

Ҳамсари Бузургмеҳр: Ҳукм бе иштироки мо хонда шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:17 0:00
Линки мустақим

Мухолифони ҳукмҳои тӯлонии зиндон аз паёмади ин тасмимҳо ҳам барои обрӯи кишвар ва ҳам эътимоди мардум ба волоияти қонун ҳушдор медиҳанд ва мегӯянд, ин қазияҳои шикофи байни мардум ва ҳукуматро бештар мекунад.

2 + 23 = 25 соли ҳукми зиндони Бузургмеҳр

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 15 март вакили дифои маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёровро барои "беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ" ва "таҳқири намояндаи ҳокимият", ба ду соли зиндон маҳкум кард ва ба ин тартиб мӯҳлати ҷазои ӯ ба 25 сол расид.

Ба ғайр аз ин, парвандаи дигаре бар асоси моддаи 247, яъне “қаллобӣ” нисбат ба Бузургмеҳр Ёров аз ҷониби Сарраёсати умури дохилии шаҳри Душанбе оғоз карда шудааст, ки феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад. Қонуни Тоҷикистон барои қаллобӣ аз 9 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Қироати ҳукм - бе ҳузури адвокат

Мавлуда Мамадқулова, вакили дифои Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 16 март ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи нафари таҳти ҳимояташ дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон гузашта, ҳукм бе ҳузури ӯ қироат шудааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, бе иштироки вакили дифоъ набояд ҳукми додгоҳ хонда мешуд. Мавлуда Мамадқулова бинобар беморӣ натавонистааст, ки дар мурофиаи ниҳоӣ иштирок кунад.

Муддати ҳабси Бузургмеҳр Ёров ба 25 сол баробар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

"Бар асоси қарори додгоҳ, Бузургмеҳр Ёров тибқи моддаи 355 қисми 2 (таҳқири судя, машваратчӣ ё шахси дигаре, ки дар татбиқи адолати судӣ иштирок менамояд) ба ду соли зиндон маҳкум шудааст. Инчунин, ӯ тибқи моддаи 330 (таҳқири намояндаи ҳокимият) ба корҳои ислоҳӣ ба муддати як сол вазифадор гардидааст", - шарҳ дод ӯ. Айбдоркунандаи давлатӣ ё намояндаи додситонӣ дар мурофиаи рӯзи 13 март ба вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ду соли ҳабс талаб карда буд.

Рубоии Сино - "Бо ин ду-се нодон, ки..."

Рустам Тақдирзода, муфаттиши Додситонии кулл ва Асомуддин Бобохонзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе қироати рубоии “Бо ин ду-се нодон...”-и Абӯалӣ ибни Синоро аз тарафи Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаҳои пешинааш ҳамчун таҳқир дар шаъни худ дониста, ба Додситонии кулл шикоят бурда буданд.

Заррина Набиева – ҳамсари Бузургмеҳр Ёров – рӯзи 16 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо низ дар вақти қироати ҳукм набуданд. Вай афзуд, дар нимаи дувуми рӯзи гузашта бо шавҳараш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ мулоқот дошт ва ӯ гуфтааст, ки аз ҳукми додгоҳ норозӣ асту шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.

Рӯзи 29 сентябри соли 2015 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабарнома иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Баъдан мақомоти тафтишотӣ ӯро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” айбдор донистанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри соли гузашта ӯро ба 23 соли зиндон маҳкум намуд. Ҳоло ба ин ҳукм ду соли дигар илова гардид.

Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров
Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров

Мухолифони ҳукмҳои пай дар пай

Мухолифони ҳукмҳои тӯлонии зиндон аз паёмади ин тасмимҳо ҳам барои обрӯи кишвар ва ҳам эътимоди мардум ба волоияти қонун ҳушдор медиҳанд ва мегӯянд, ин қазияҳои шикофи байни мардум ва ҳукуматро бештар мекунад. Онҳо ҳукмҳои тӯлониро баробар ба ҳабси абад медонанд ва мегӯянд, ки агар ҳукми эъдом дар Тоҷикистон маратория намешуд, эҳтимолан аксари маҳкумшудаҳо дар "парвандаи наҳзатиҳо" ва вакилони онҳо ҳукми эъдом мегирифтанд.

XS
SM
MD
LG