Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи муфаттиши Ёров дар додгоҳи Душанбе


Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи подполковник Музаффар Ҳакимов – корманди собиқи Раёсати умури дохилии Душанбе – оғоз кард, ки тафтиши қазияи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндониро анҷом дода буд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки Музаффар Ҳакимов бар асоси моддаи "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ" муттаҳам аст, вале ба далели пӯшида будани мурофиа ҷузъиёти зиёд надоданд. Аммо наздикони Бузургмеҳр Ёров гуфтанд, муфаттиши собиқ гӯё барои иҷозати мулоқоти вакили зиндонӣ бо наздиконаш дар курсии айбдорӣ нишастааст.​

Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад

Вакили мудофеи Музаффар Ҳакимов моҳи декабр гуфта буд, ки нафари таҳти ҳимояти ӯ гуноҳ надорад ва парванда бар асоси шикояти "хусусматомези маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров" боз шудааст.

Парвандаи Музаффар Ҳакимов аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шуда, охири моҳи январи имсол барои баррасӣ ба Додгоҳи Душанбе ирсол гардидааст. Вай дар аввал барои даст доштан дар фасод ҳам муттаҳам мешуд, вале баъдан мақомоти Додситонии кулл гуфтанд, ки ба хотири собит нашудани амали ришвахорӣ, моддаи 319, яъне “гирифтани пора”-ро аз парвандаи ӯ ҳазф кардаанд. Ҳоло дар парвандаи ӯ танҳо моддаи 316, қисми 1, яъне “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” боқӣ мондааст.

Дар котиботи Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтанд, мурофиаи Музаффар Ҳакимов идома дорад ва шоҳидон ба суоли додрас посух мегӯянд. Нилуфар Ёрова – хоҳари Бузургмеҳр Ёров – низ рӯзи 6 феврал ба мурофиа даъват шудааст. “Аз ман асосан сабаби рафтан ба утоқи муфаттиши парвандаи бародарамро пурсиданд”, - гуфт ӯ рӯзи 7 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Даъвои Бузургмеҳр бар сари чӣ буд?

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

​Музаффар Ҳакимов охирҳои соли гузашта дар пайи даъвои Бузургмеҳр Ёров дастгир шуда, рӯзи 12 декабри соли 2016 ба Боздоштгоҳи мувақатии (ИВС)-и Вазорати умури дохилӣ интиқол ёфт. Наздикони Бузургмеҳр гуфта буданд, ки Музаффар Ҳакимов гӯё 25 ҳазор доллар пули онҳоро гирифта, аммо ба дасти ҷабрдидаҳо нарасондааст.

Таҳмина Комилова, адвокати Музаффар Ҳакимов, гуфт, ки нафари таҳти ҳимояти ӯ гуноҳ надорад ва парванда бар асоси шикояти “хусусматомези маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров” боз шудааст. Таҳмина Комилова аз шарҳи қазияи гирифтани пули хонаводаи Ёровҳо ва надодани ин пул ба дасти ҷабрдидаҳо худдорӣ кард ва танҳо гуфт, “ин иттиҳомот асос надорад”.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли гузашта Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ёров моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуда буд. Мақомот ӯро барои “қаллобӣ" ва “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” муҷрим шинохтанд. Аммо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки ин вакили дифоъ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт ва айбдор шудааст.

Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки вакили мудофеи зиндониро “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд.

XS
SM
MD
LG