Мурофиаи нахустини парвандаи нави вакили маҳкумшуда ба 23 соли зиндон Бузургмеҳр Ёров рӯзи 12 декабр дар Боздоштгоҳи муваққати рақами аввали Душанбе (СИЗО) таҳти раёсати додраси додгоҳи олӣ Шодмон Ализода сурат гирифт. Дар нахустин ҷаласаи парванда аз ҷониби Бузургмеҳр Ёров танҳо вакили дифои ӯ Муаззама Қодирова иштирок дошт ва додгоҳ ба наздикони ӯ иҷозаи ширкат дар мурофиаро надод.
Парвандаи нави Ёров дар ҳоле муҳокима мешавад, ки бо қарори додгоҳ аз рӯзи 6 октябр вакили маъруф бо ҳимояи парвандаҳои ҳассоси сиёсӣ барои “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Ёрову тарафдоронаш ин ҳукмро сиёсӣ номида мегӯянд, ки боздошташ соли гузашта баъди он сурат гирифт, ки ӯ барои ҳимояи ҳуқуқи аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ омодагӣ нишон дод.
Бар асоси иттиҳоми нави додситонӣ, Бузургмеҳр Ёров барои “беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият”, муттаҳам мешавад. Дар рӯзи аввали мурофиа 12 декабр ҷабрдидаҳо -- додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода ва муфаттиши Додситонии кулл, айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи пешини Бузургмеҳр Ёров Рустам Тақдирзода ширкат карданд.
Ҷамшед Ёров -- бародари Бузургмеҳр Ёров аз қавли вакили мудофеи бародараш гуфт, ки дар ин мурофиа ҷонибҳои даъвогар бо матни айбнома ошно шудаанд. Ба гуфтаи вай, вакили мудофеи Бузургмеҳр Ёров се пешниҳод барои ҳимояи зерҳимояашро иро кардааст ва Додгоҳи олӣ танҳо яке аз онҳо, яъне нусхабардории парвандаи ҷиноӣ нисбати Бузургмеҳр Ёров ва ошноӣ бо онро иҷоза додааст. Аммо Додгоҳи олӣ тамдиди мӯҳлати нигаҳдории зерҳимояаш дар боздошти пешакиро рад кардааст.
Бузургмеҳр Ёров аз замони эълони ҳукми додгоҳ дар нисбаташ дар таърихи 6 октябри солӣ ҷорӣ, то ба ҳол дар Боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлияи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад ва дар сурати тамдид нашудани муҳлати нигаҳдориаш, ба маҳбас интиқол хоҳад ёфт. Мурофиаи навбатии парвандаи нави Бузургмеҳр Ёров ҳафтаи оянда баргузор мешавад.
Бузургмеҳр Ёров моҳи октябри имсол, ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар Додгоҳи шаҳри Душанбе, шеъри “Бародарам”-и Мӯъмин Қаноатро барои Ҷамшед Ёров, ки он замон дар боздошт буд, қироат карда ва баъдан миёни ӯву айбдоркунанда баҳс ба миён омад.
Ҳанӯз баррасии парвандаи дувуми Бузургмеҳр Ёров шурӯъ нашуда, раёсати умури дохилии пойтахт дар моҳи ноябри имсол алайҳи ин вакили зиндонӣ бар асоси шикояти ду нафар парвандаи ҷиноии дигар боз кард ва ӯро дар қаллобӣ муттаҳам намуд. Иддаое, ки наздикони Ёров рад карда ва гуфтанд, то ҳол ҳеҷ адвокат розӣ нашудааст, ҳимояти ӯро дар ин бахш бар ӯҳда гирад.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри имсол Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, ин қарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, ба гуфтаашон, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд.
Рӯзи 29 сентябри соли гузашта Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Баъдан мақомоти тафтишотӣ Ёровро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд. Ин буд, ки дар моҳҳои ахир мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо моддаҳои 307 ва 307, прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ҷараён дошт.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, ин ду вакили дифоъ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт ва муттаҳам шуданд. Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки вакилони мудофеи зиндониро “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд.
Дар гузориши ин ду созмон, ки бори аввал моҳи майи соли равон бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳоми мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст.