Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Бузургмеҳр хабар расид


Бузургмеҳр Ёров вакили дифои парвандаҳои пурсарусадое мисли баҳси ширкати "Бахт" бо "Ориёнбонк" ва бозори "Ином" дар Шаҳритус буд
Бузургмеҳр Ёров вакили дифои парвандаҳои пурсарусадое мисли баҳси ширкати "Бахт" бо "Ориёнбонк" ва бозори "Ином" дар Шаҳритус буд

Бузургмеҳр Ёров – вакили дифои зиндонӣ – дар як номаи кӯтоҳ ба наздиконаш гуфтааст, ки сиҳҳату саломат буда ва рӯзи 31 январи имсол Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ӯро баррасӣ хоҳад кард. Ин шикоят аз болои ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбест, ки моҳи октябри соли гузашта Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли ҳабс маҳкум карда буд.

Аз рӯи одате, ки як сол идома дошт, паёми хаттии хонавода бо рӯйхати бастаи ғизо ҳамеша бармегашт ва Бузургмеҳр Ёров дар он чанд ҷумла посух медод, ки ғизоро дарёфт кардааст.

Хосият Ёрова – хоҳари Бузургмеҳр Ёров – рӯзи 28 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин нома ду рӯзи пеш ва баъди расондани ғизо дарёфт шудааст. Вакили дифои зиндонӣ бо таъкиди онки "ҳама чизро гирифтааст", гуфта, ки "кӯдаконамро рӯзи 27 январ ба назди падарам (нависанда Равшани Ёрмуҳаммад) баред ва ба муносибати зодрӯзашон табрик кунед." Хосият Ёрова гуфт, ин гапҳои бародараш дар паси варақе навишта шудааст, ки онҳо номгӯи ғизо ва маводди барои ӯ фиристодаашонро зикр карда буданд.

Хосият Ёрова
Хосият Ёрова

Дар оғози моҳи январ намояндагони хонаводаи вакили дифоъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аз охирҳои моҳи декабр ба ин тараф аз ҳоли Бузургмеҳр Ёров хабар надоранд. Ва ӯ низ ғизоҳои фиристодаашонро бе посух гузоштааст. Чунин бехабарӣ аз ҳоли Бузургмеҳр Ёров наздиконашро нигарон карда буд. Аз рӯи одате, ки як сол идома дошт, паёми хаттии хонавода бо рӯйхати бастаи ғизо ҳамеша бармегашт ва Бузургмеҳр Ёров дар он чанд ҷумла посух медод, ки хӯрокро дарёфт кардааст. Бо ин ҳол, маълум нест, чаро тӯли тақрибан як моҳ ӯ аз худ дарак надода буд.

Аммо Садриддин Шарифзода – сардори Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, қонун нисбат ба Ёров риоя мешавад. Вай рӯзи 11 январ гуфт, “Бузургмеҳр Ёров саломат аст ва ҳеҷ мушкил надорад”. ​Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, низ рӯзи 25 январ нигаронии хонаводаи Ёровро аз вазъи сиҳатии ӯ беасос хонда ва гуфт, “Ёров дар боздоштгоҳ аст ва бархӯрд бо ӯ аз рӯи муқаррароти муассисаи нигаҳдошти муваққатӣ ва қонун сурат мегирад.”

Рустами Шоҳмурод
Рустами Шоҳмурод

Дар робита бо нигаронии модари Ёров аз саломатии писар ва ҳам гумони ин ки "шояд саломатиаш бад аст ё дигар зинда нест", вазири адлия гуфт: "Агар мемурд, ҳатман ба наздиконаш хабар медоданд. Вай намурдааст ва саломат мебошад”.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри соли гузашта вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Ҳоло баррасии парвандаи дигари ӯ "барои беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ" ва "таҳқири намояндаи ҳокимият" идома дорад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, ин қарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, ба гуфтаашон, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд.

Наздикони Бузургмеҳр Ёров дар яке аз мурофиаҳои ӯ
Наздикони Бузургмеҳр Ёров дар яке аз мурофиаҳои ӯ

Худи Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳам мегӯянд, ки ҳукми ӯ посух ба ташаббуси таъсиси кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ буда, дорои ангезаҳои сиёсист. Ҳизби наҳзати исломӣ баъд аз ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъ, дар моҳи сентябри соли 2015 мамнӯъ ва то кунун даҳҳо тан аз тарафдорону аъзояш боздошт ва аз ҷумла 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизб ба ҳабси абад ва мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG