Рустам Тақдирзода, муфаттиши Додситонии кулл, дар мурофиаи рӯзи 19 декабри Бузургмеҳр Ёров суханронӣ карда ва гуфтааст, ки ин вакили зиндонӣ бо қироати як рубоии Абӯалӣ ибни Сино намояндагони тафтишоту додгоҳро таҳқир намуд. Тақдирзода дар баррасии парвандаи пешини Бузургмеҳр дар курсии айбдоркунандаи давлатӣ нишаста буд ва ҳоло дар додгоҳ ба ҳайси ҷабрдида баромад мекунад. Дар паҳлӯи ӯ Асомуддин Бобохонзода, додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе, низ нишастааст.
Бузургмеҳр Ёров, ки ҳукми аввали худро сирф сиёсӣ арзёбӣ мекунад, ҳоло барои ба забон овардани алфози, аз назари мақомоти додгоҳӣ, таҳқиромез муҳокима мешавад.
Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Асомуддин Бобохонзода, масъули парвандаҳои пешини бародараш, аз Рустам Тақдирзода ҳимоят кардааст. Ӯ гуфтааст, Бузургмеҳр рубоии мазкурро махсус ба хотири таҳқири онҳо истифода карда буд.
Хоҳари Бузургмеҳр гуфт, Рустам Тақдирзода ва Асомуддин Бобохонзода рубоии "Бо ин ду-се нодон..."-и Синоро дар назар доранд, ки бародараш дар додгоҳи моҳи октябри имсол хонда буд. Ҳоло вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи паси дарҳои баста аз рӯи парвандаҳои "беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" посух мегӯяд.
Ёров, ки ҳукми аввали худро сирф сиёсӣ ва "посухи" мақомот барои омодагиаш дар амри ҳимоят аз аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ арзёбӣ мекунад, барои ба забон овардани алфози, аз назари мақомоти додгоҳӣ, таҳқиромез муҳокима мешавад. Дар ҳоле ки мурофиа идома дорад, Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати гунаҳкор эълон шудани айбдоршаванда, ӯро чанд соли дигари зиндон таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, илова ба ин парванда, Бузургмеҳр Ёровро эҳтимол муҳокимаи дигар дар пеш аст, ки аз рӯи моддаи “қаллобӣ” боз шудааст. Дар гузашта мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, гӯё вакили дифоъ пули чандин муштариро гирифта, вале ба ваъда вафо накард ва пулҳои онҳоро аз худ намуд. Дар ҷараёни баррасиҳои ин парванда маълум шуд, ки муфаттиши қазияи “қаллобӣ” Музаффар Ҳакимов барои сӯиистифода аз мақомаш боздошт шудааст.
Вакили дифои Ҳакимов ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳакимовро хонаводаи Ёровҳо барои аз худ кардани 25 ҳазор доллар маблағҳое гунаҳкор мекунанд, ки аз ҷониби онҳо барои бозгардон ба муштариҳо ҷамъоварӣ шуда, вале гӯё дар дасти муфаттиш мондааст. Худи Ҳакимов ва вакили дифояш ин иттиҳомро қабул намекунанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри имсол вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, ин қарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, ба гуфтаашон, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд.
Рӯзи 29 сентябри соли гузашта Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Баъдан мақомоти тафтишотӣ Ёровро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд.