Дар як даҳаи гузашта кишварҳои аврупоӣ беш аз як миллион паноҳҷӯйро аз Сурия ба қаламрави худ роҳ ва ҷой доданд. Ҳоло бо суқути режими Башор Асад, баъзе аз онҳо қабули дархости паноҳандагии суриягиҳоро манъ кардаанд. Агарчӣ тағйири ҳукумат дар ватан баъзе аз паноҳҷӯёнро хурсанд кардааст, иддае дигар аз ояндаи хеш нигаронанд.
Набил Аттор порчае аз зодгоҳашро ба шаҳри қадимаи Орлеан ба Фаронса овардааст. Дастури таҳияи хӯрокеро, ки аз модараш омӯхт ва хотираҳои бадеро, ки аз ҳукумати Башор Асад дорад.
"Шахсони мусаллаҳ ба ман таҳдид карданд, ки пул диҳам. Писарамро рабуданд. Бисёр сахт буд, пули зиёде додам, то писарамро баргардонанд," – гуфт Набил Аттор, молики тарабхонае дар Фаронса. Ӯ, ки соҳибкори муваффақе буд, бо аҳли оила Димишқро тарк кард ва ба сафи садҳо ҳазор паноҳҷӯе пайваст, ки аз Сурия ба Аврупо гурехтанд.
Аттор дар Порис (Париж) ресторандорӣ омӯхт. Соли 2018 бо ҳамсараш дар Орлеан тарабхона боз кард ва “Норинҷ” ном гузошт. Аҳли оила шаҳрвандии Фаронсаро гирифтааст. Аттор мегӯяд, муносибати мардум бо онҳо хуб аст.
“Мо ҳеч гоҳ мушкиле надоштем, ҳеч гоҳ ба нажодпарастӣ, ки ман ин калимаро хуш надорам, дучор наомадаам,” – ба суҳбаташ идома дод ӯ.
Хабари суқути режими Башор Асад дар аввали моҳи декабр расид ва дар Орлеан, аз ҷумла ресторани Набил Аттор шодиву хушҳолӣ барангехт: "Ман умед ва бовар дорам, ки аҳволи Сурия назар ба пеш бисёр ва бисёр беҳтар мешавад. Ҳеч нигароние аз ин надорам."
Аммо тағйири режим дар Сурия мояи нигарониҳои дигар шудааст. Баъзе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо қабули дархости паноҳандагии шаҳрвандони Сурияро боздоштаанд, чун ба қавли онҳо, режими Асад, ки онҳоро фирорӣ кард, дигар нест. Фаронса ин масъаларо баррасӣ дорад.
Ҳамзамон бо афзудани рӯҳияи зидди муҳоҷирон, баъзе аз сиёсатмадорони Аврупо гуфтаанд, ки паноҳҷӯёни Сурия бояд ба хонаҳояшон баргарданд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва паноҳҷӯёни зиёд мегӯянд, хатар ҳамчунон вуҷуд дорад.
Оливия Сандберг Диез, аз созмони Афви Байнулмилал гуфт: “Муҳимтарин масъала ҳоло амнияти паноҳҷӯёни Сурия ва мардумест, ки паноҳгоҳ мехоҳанд. Ин масъала бояд авлотар аз манофеи сиёсӣ бошад.”
Баҳс дар ин бора дар Орлеан ҳам авҷ гирифтааст, чун баъзе аз суриягиҳо аз раҳбарони нави Димишқ бим доранд. Ромиз Қадрӣ аз Орлеан мегӯяд, “ман нигарони кишвар ҳастам. Аз ояндааш нигаронам, чун онҳо ифротгаро ҳастанд.”
Набил Аттор бештар хушбин аст: “Ман медонам, ки мардуми зиёде хоҳиши бозгашт доранд, зеро ба ҷомеаи инҷо ҳамоиш наёфтаанд. Агар сабаби воқеӣ дошта бошанд, паноҳандагӣ мегиранд. Мехоҳам ба Сурия баргардам, оилаву хона ва дӯстонамро бубинам. Кӯчаҳоро, ҷойи корамро, ҷойҳоеро бинам, ки зиндагӣ кардаам.”
Аммо на барои ҳамеша, чун ба гуфтааш, зиндагиву ояндааш дигар дар Фаронса аст.