Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукуматҳои худкомае чун режими Башор Асад чӣ гуна суқут мекунанд?


Муҷассамаи сарнагуншудаи бародари Ҳофиз Асад дар Раққа, соли 2013
Муҷассамаи сарнагуншудаи бародари Ҳофиз Асад дар Раққа, соли 2013

Фурӯпошии як ҳукумат чӣ гуна рух медиҳад? Чӣ омилҳое боис мешаванд, ки як ҳокими худкома (диктотур) дар пайи инқилоб, хезиши мардумӣ, шӯриши низомӣ, табаддулот ва мавридҳои дигари ба ин монанд аз қудрат канор биравад?

Башор Асад намунаи наве аст, ки дар як равиши печида ва дар айни ҳол сода аз Сурия фирор кард ва замина барои барқарории ҳукумати тоза дар кишвараш фароҳам шуд. Суоли бунёдӣ ин аст, ки ӯ чӣ гуна ба поёни роҳ расид ва ҳукуматҳои иқтидоргарои шабеҳи ӯ чӣ тавр суқут мекунанд?

Саид Ҷаъфарӣ, Радиои Фардо

Норозигии умумӣ

Дар шароите ки тағйир ва таҳаввулоти рухдода дар як ҳукумати истибдодӣ решаҳое аз дарун дошта бошаду ба сурати комил маҳсули як бозигари хориҷӣ нест, метавон норизоятии умумиро яке аз нишонаҳои калидӣ дар назар гирифт.

Ин норизоятӣ метавонад бар асари омилҳои зиёде чун иқтидоргароии ҳукумат, эҳсоси маҳрумияти табақаҳои гуногуни ҷомеа, душвории иқтисодӣ, набуди умед ба оянда дар миёни шаҳрвандон шакл гирифта бошад.

Мушкилоти иқтисодӣ метавонад ҳосили фишорҳои байнулмилалӣ ҳам бошад. Вақте пойи таҳримҳо ва маҳдудиятҳои ҷаҳонӣ алайҳи як режим ба миён меояд, рақобат барои дастрасӣ ба манобеи молӣ бештар мешавад. Дар натиҷа, ронт (сарват аз кори ғайритавлидӣ ва бодоварда) ва фасод ҳам ба шакли қобили интизор афзоиш меёбад. Натиҷаи ин раванд афзоиши рушди бегонагӣ миёни аъзои ҷомеа нисбат ба ҳукумати мустабид аст.

Ин маврид ба сурати комил дар Сурия мушоҳида мешуд ва беш аз як даҳа қабл, замоне ки асароти “баҳори арабӣ” ба Сурия расид, худро намоён кард. Дар тӯли солҳои пас аз он, ҳарчанд ҳукумати Башор Асад бо ёрии бозигарони хориҷие чун Русия, Эрон ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон тавонист мухолифонро саркӯб кунад ва назорати умурро ба даст дошта бошад, ҳаргиз муваффақ нашуд бори дигар умед ба ояндаро ба шаҳрвандони худ бозгардонад.

Илова бар ин, ҳукумати саркӯбгар ва худкома ҳамчунон бидуни ин ки фазое барои озодиҳои сиёсӣ боз бигузорад, ба сурате мустабидонатар аз пеш ба кори худ идома дод. Дар натиҷа, вақте шӯришиёни “Таҳрир аш-Шом” (аз соли 2018 дар феҳристи созмонҳои террористӣ дар Амрико аст) босуръат шаҳрҳои Сурияро яке паси дигар ишғол мекарданд, ҳеч мухолифати мардумӣ аз сӯйи шаҳрвандони Сурия мушоҳида нашуд.

Димишқ, пас аз сарнагунии ҳукумати Башор Асад
Димишқ, пас аз сарнагунии ҳукумати Башор Асад

Дастгоҳи саркӯби нокоромад

Артиш ва нерӯҳои низомӣ дар Сурия дар солҳои охир ва бавижа пас аз ҷанги дохилӣ ба гурӯҳҳои комилан нокоромад табдил шуда буданд.

Фасод дар артиши Сурия ба як раванди собит табдил ёфта буд, ки заъфҳои сохторӣ ва мушкилоти зиёди дигареро ҳамроҳи худ дошт. Бисёре аз коршиносони масоили Сурия қаблан ишора карда буданд, ки артиши ин кишвар бе ҳимояти бозигарони хориҷие чун Русия, Эрон ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон тавони муқобила бо таҳдидҳои пеши рӯи худро надоранд.

Дар натиҷа, вақте пешравии шӯришиён ба шаҳрҳои мухталифи Сурия оғоз шуд, натанҳо талоше барои мутаваққиф кардани онҳо аз сӯйи артиш сурат нагирифт, балки яке паси дигаре аз маҳалҳои хидмати худ фирор карданд.

Нақшофаринии бозигарони хориҷӣ

Яке дигар аз нишонаҳое, ки бавижа бархе мутахассисони инқилобҳо бар он таъкид доранд, нақши муассири бозигарони хориҷӣ дар чунин шароит аст. Ҳукумате, ки барои идомаи ҳукмронии худ ба ҳимоятҳои хориҷӣ такя мекунад, ҳамеша бо ин хатар рӯ ба рӯ аст, ки дар сурати халалдор шудани ин пуштибонӣ курсии худро ларзон бубинад.

Башор Асад барои солҳо монданаш дар кохи раёсатҷумҳурӣ дар Димишқ мадюни Русия, Эрон ва “Ҳизбуллоҳ” аст. Агар ин ҳимоятҳо набуданд, Башор Асад дар ҳамон замоне ки Ҳуснӣ Муборак, Алиабдуллоҳ Солеҳ, Муаммар Қаззофӣ ва Зайналобидин бин Алӣ аз қудрат канор рафтанд, маҷбур мешуд, аз Сурия фирор кунад.

Шояд зудтар рафтани ӯ боис мешуд ҷанги дохилӣ дар Сурия то он андоза боло нагирад ва ҳоло суриҳо ба хотири ба қудрат расидани як гурӯҳи шибҳинизомӣ, ки решаҳояш ба “Ал-Қоида” ва ДОИШ бозмегардад, дар саросари дунё фарёди хушҳолӣ сар диҳанд. Аммо воқеаҳои солҳои охир боис шуда буд, ки ҳарсе бозигари хориҷии ҳомии Асад бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шаванд:

  • Русия даргири ҷанг дар Украина аст ва дигар чун гузашта тавоне барои тамаркуз бар авзоъ ва таҳаввулоти Сурия надорад;
  • “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон дар тӯли ҷанг бо Исроил зарбаҳои сахте дид ва чанд фармондеҳи сиёсӣ ва низомии он аз байн рафтанд. Бахши зиёди силоҳҳояш ҳам дар моҳҳои охир аз сӯйи Исроил нобуд шуданд;
  • Эрон дар пайи фишори таҳримҳои иқтисодӣ дар тӯли солҳои охир бо душвории бисёр рӯ ба рӯст ва норозиятҳои дохилӣ дар муқобили сиёсатҳои минтақаии Ҷумҳурии Исломӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Теъдоде аз фармондеҳони аршади нерӯи Қудс, Сипоҳи посдорон ва бахшҳои дигари ин нерӯи низомӣ низ кушта шуданд.
Муҷассамаи порашудаи Ҳофиз Асад, раисҷумҳури пешини Сурия ва падари Башор Асад. Шаҳри Ҳамо, 6-уми декабри 2024
Муҷассамаи порашудаи Ҳофиз Асад, раисҷумҳури пешини Сурия ва падари Башор Асад. Шаҳри Ҳамо, 6-уми декабри 2024

Тарафи дигари ин моҷаро Туркия аст. Ҳарчанд тардидҳое дар хусуси мизони нуфуз ва тасаллути Анкара бар гурӯҳҳои исломгарои ифротӣ дар Сурия вуҷуд дорад, дастикам Туркияро метавон саҳнапардози аслии ин раванд ва пешравии нерӯҳои шӯришӣ алайҳи Башор Асад дар назар гирифт.

Дар натиҷа, яке аз нишонаҳои дигар дар суқути як раҳбари худкома даст кашидани бозигарони хориҷӣ аз ҳимояташон ва ҳамчунин нақшофарини муассири бозигарони хориҷии мухолиф дар ҷиҳати ҳимоят аз нерӯҳои зидди режим аст.

Ҷудоӣ дар байни ҷонфидоёни ҳукумат

Нуктаи дигари асосӣ, ки барои суқути режими иқтидоргаро зарурӣ ба назар мерасад, ҷудоӣ дар миёни нерӯҳои вафодор ба режими ҳоким аст.

Замоне ки ба сабабҳои гуногуне чун мушкили иқтисодӣ, мушоҳидаи суистифодаҳои раҳбарон, афзоиши нобарорӣ, табъиз ва фасод ҷудоӣ дар миёни нерӯҳои вафодор густарда мешавад, шикофе дар баданаи ҳокимият эҷод хоҳад шуд, ки тармими он баосонӣ имконпазир нест.

Ин ҳам иттифоқи дигаре буд, ки дар солҳои ҳукумати ҳизби “Баас” дар Сурия рух дод: Фасод, нокоромадӣ ва нобаробарии ҳамагӣ боис шуд, бахши қобили таваҷҷуҳе аз нерӯҳои вафодори режим бо ҳокимон ихтилоф пайдо кунанд. Падид омадани гурӯҳҳое чун “Артиши озоди Сурия” ва “Артиши миллии Сурия” ҳам натиҷаи эҷоди ҳамин шикофҳо будааст.

*Ба таври мутасар нашр шуд

XS
SM
MD
LG