Низоми худкомаи беш аз панҷоҳсолаи хонаводаи Асад дар Сурия суқут кард. Сарнавишти кишвар ба дасти “мухолифони мусаллаҳ”, бо роҳбарии "Таҳрир аш-Шом" уфтод. Амрико ва чанд кишвари дигар ин гурӯҳро созмони террористӣ медонанд. Оё суқути боз як низоми худкома ба сиёсатҳои дохилӣ дар Душанбе ва кишварҳои минтақа таъсир мекунад? Чӣ дарсҳое бояд барои худ бигиранд?
Таъсири воруна
14 сол қабл дар Тунис худсӯзии як мевафурӯши 26-сола ба нишони эътироз боиси падид омадани инқилоб дар кишварҳои Ховари Миёна шуд. Мавҷи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ, ки баъдан номи “Баҳори араб”-ро гирифт, ба ҳар шевае ба кишварҳои худкомаи минтақа асар гузошт. Барои бархе (Кувайт, Урдун, Алҷазоир) сабаби даст задан ба ислоҳот шуд ва дар баъзе ҳам (Миср, Либия, Яман) мавқеи исломгароҳоро тақвият дод.
Дар ин муддат, ба назар мерасид, ки режими Башор Асад дар Сурия дар муқобили мавҷи эътирозҳо муқовимат кардааст, ки баъдҳо ба ҷанги дохилӣ табдил ёфт. Ҳадди ақал худи Башор Асад ба ин чиз бовар дошт. Ӯ дар интихоботи президентии баҳори соли 2021 беш аз 95 дарсад раъй гирифт. Ба назар мерасад, ки ин посухе буд ба як буҳрони сиёсии тӯлонӣ ва ҷанги дохилӣ дар кишваре, ки ниёзманди ислоҳот ва тағйирот буд.
Ба ҳар ҳол, зимомдории панҷоҳсолаи хонаводаи Асад ба таърихи фурӯпошии боз як режими худкомаи “пойдор” ворид шуд ва тақдири кишвар ба дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ бо роҳбарии "Таҳрир аш-Шом" уфтод. Дар мавриди ояндаи сиёсии Сурия ҳоло танҳо метавон ҳадсу гумоназанӣ кард. Аммо суол инҷост, ки оё Душанбе ва кишварҳои дигари минтақа бо низомҳои худкома аз ин дарс мегиранд?
Коршиноси масоили сиёсӣ, Азиз Нуруллоев, мегӯяд, посух ба “Баҳори араб” дар Тоҷикистон ба ҷойи ислоҳот афзоиши тамоюлоти иқтидоргароёна буд ва шояд ҳоло ҳам чунин иттифоқе биуфтад.
“Маҳдудиятҳои динӣ дар Тоҷикистон аз соли 2010 ва фишор бар мухолифони сиёсӣ аз 2012 ва омодагӣ ба интиқоли қудрат аз 2015 шурӯъ шуданд. Дар ин муддат, ин раванд тақвият ёфт. Яъне, мумкин аст мақомот аз воқеаҳои Ховари Миёна дарс гирифта бошанд, аммо дарс ин буд, ки ҷомеаро то ҳадди имкон дунявӣ (секулёр) ва ҳар гуна мухолиферо саркӯб кунанд, то аз такрори ин иттифоқот ҷилавгирӣ шавад", - мегӯяд Нуруллоев.
Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, бештар шудани теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи ҷиҳодиён боз ҳам дасти мақомоти қудратиро дарозтар мекунад ва мумкин аст афроди диндор бо саркӯб дучор шаванд, ки “на ҳамеша натиҷаи матлуб дорад”.
Таҳдидҳои ифротгароӣ
Ҷангҷӯён аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар сафи чандин зергурӯҳ ба монанди “Катибат ал-Имом ал-Бухорӣ” ва “Типи (бригада) Туркистон" меҷанганд, ки бо гуруҳи "Таҳрир аш-Шом" робита доранд. Қаблан як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки наздик ба 400 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия қарор доранд ва ин боис ба нигаронии шадиди мақомот аст.
Маҳрамбек Маҳрамбеков, коршиноси масоили динӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар афроди воқеъ дар Сурия “барои худашон пойгоҳҳои таблиғотӣ созанд, ин метавонад барои мо мушкилот эҷод кунад ва теъдоди зиёди ҷавононро роҳгум занонад"
Рустам Азизӣ, коршиноси умури муқобила бо ифротгароӣ, дар мақолаи худ барои “Азия-Плюс” баҳои мушобеҳ додааст. "Пирӯзии нерӯҳои исломгаро дар Сурия, ки бо истифодаи зӯрӣ ва хушунат тавонистанд як ҳукуматро ба фурӯпошӣ расонанд, ҳамчун намуна барои дигар гурӯҳҳои тундгаро дар минтақа метавонад хизмат кунад. Ин ҳолат, пас аз қудратгирии Толибон дар Афғонистон, як ҳушдор барои гурӯҳҳои тундрав дар саросари ҷаҳон аст, ки бо роҳи мусаллаҳона метавонад ба ҳадафҳои худ бирасанд," - навиштааст Азизӣ.
Андрей Серенко, коршиноси рус, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ таъкид кард, ки суқути давлати Башор Асад қатъан режимҳои монанд дар Африқо, Ховари Миёна ва Осиёи Марказиро метарсонад. “Барои он ки вазъият дар онҳо аз ҳар нигоҳ хеле шабеҳи ҳам аст. Низоми худкома бо сатҳи баланди фасод, кайфияти пасти зиндагӣ, нокоромадии нухбагон ва заифии сохтори қудратӣ бедод мекунад. Дар айни ҳол, чолишҳои ҷиҳодии қудратманде арзи вуҷуд мекунад, ки Тоҷикистон низ бо он тараф аст...”, -ҳушдор дод Серенко.
Аммо мақомоти Тоҷикистон муборизаи худро бо таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ муваффақ мешуморанд. Ҳадди ақал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маврид 4-уми ноябр зимни суханронии худ дар конфаронси муқобила бо терроризм изҳори назар кард. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бо боло бурдани нақши ҷомеаи маданӣ дар ин раванд дар заминаи беҳбудбахшии созукорҳои пешгирии тундгароӣ ва ифротгароӣ муваффақ будааст.
Ислоҳот роҳи наҷот аст
Як таҳлилгари сиёсӣ дар Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш (ба далели ҳассос будани мавзуъ) мегӯяд, роҳбурди мақомоти Тоҷикистон дар амри мубориза бо таҳдиди ифротгароӣ ва тундгароӣ бе дар назар гирифтани омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва танҳо истифода аз таблиғ алайҳи таблиғ (контрпропаганда) роҳандозӣ мешавад, ки наметавонад муассир бошад.
“Ҳар 25–30 сол лозим аст ислоҳот ва бозбиниҳое анҷом шавад. Ин ҳамон чизе аст, ки режими Башор Асад нодида гирифт. Тоҷикистон ба бозгардонии муҳоҷирон ниёзманд аст. Саноатро рушд диҳад ва барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ шароит фароҳам оварад, то касбу кори хурди миёна пешрафт кунад. Қишри ҳукмрон ҳамаи шароити лозим барои ин корро дорад, аммо то кунун ин хостаҳо нодида гирифта шудаанд”, - мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Андрей Серенко, коршиноси рус бар зарурати анҷоми ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунад: “Барои режими феълӣ дар Тоҷикистон бисёр муҳим хоҳад буд, ки шеваи машварат бо мухолифони эътидолгаро, аз ҷумла мухолифони исломии воқеъ дар хориҷро пайдо кунад. Вориди фароянди музокира шавад ва барои гузор ва навсозии низом тарҳеро ироа кунад. Ин гузинаи хубе барои таҳкими ҷомеаи Тоҷикистон ва пайдо кардани шеваи нави ҳамзистӣ хоҳад буд.”
Рустам Азизӣ дар мақолаи худ дар "Азия-Плюс" таъкид мекунад, ки тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ, назорат бар муҳоҷирон, коҳиш додани таъсири ифротиҳо ва густариш додани омӯзишҳои динӣ метавонад роҳҳалҳои муассире барои ҳифзи субот бошанд.