Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Метавонад шаклашро дигар кунад." Нигарониҳо аз "эҳё"-и ДОИШ


Як ҷангҷӯйи ДОИШ дар шаҳри Раққа. Моҳи июни соли 2014
Як ҷангҷӯйи ДОИШ дар шаҳри Раққа. Моҳи июни соли 2014

Нерӯи аздастрафта ва ҷангҷӯёни пароканда дар даштҳои васеи байни Ироқ ва Сурия. Вазъияти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро дар ҳоли ҳозир чунин тасвир мекунанд. Аммо коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ДОИШ талош хоҳад кард бо истифода аз холигоҳи эҷодшуда дар Сурия дубора "ҷон" гирад ва сарҷамъ гардад. Режими Башор Асад дар ин кишвари Ховари Миёна рӯзи 8-уми декабри имсол суқут кард.

"Маъмурияти муваққатӣ ҳаст, вале..."

Соли 2014, вақте гурӯҳи "Давлати исломӣ" бахшҳои калонеро дар Сурияву Ироқ зери назорат даровард ва хилофати худхондаашро эълон намуд, тамоми ҷаҳонро дар ҳолати тарс қарор дод. Ин нерӯҳо соли 2018 дар маҷмуъ шикаст дода шуданд.

Фотима Аюб, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Вашингтон, мегӯяд: “ДОИШ ҳаракат ва гурӯҳест, ки худ ба худ метавонад тағйири шакл карда, дубора эҳё шавад”.

Сустие, ки ин гурӯҳ метавонад бо истифода аз он дар Сурия аз нав ҷойи пой ёбад, камбудҳое дар сиёсатҳои қавмию динист. Бо назардошти ин, Амрико дар давоми чанд рӯзи гузашта ба ҳадафҳои ДОИШ дар Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод.

Нерӯҳои демократии ба раҳбарии курдҳо ҳушдор медиҳанд, ки унсурҳои хобидаи ДОИШ талош хоҳанд кард бо истифода аз фурсати бисёр номушаххас ба саҳна баргарданд. Нерӯҳои демократии Сурия мавриди ҳимояти Амрико ҳастанд ва шимолу шарқи ин кишварро зери назорат доранд.

Номуайянӣ аз замони ба дасти гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” (ҲТШ) гузаштани қудрат дар Сурия идома дорад. Ин гурӯҳро Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд.

ҲТШ гуфт, ки дар Димишқ як маъмурияти давраи гузор эҷод кардааст, аммо маълум нест, то куҷо метавонад гурӯҳҳои мусаллаҳро аз ҳам пароканда ва бесилоҳ гардонаду назорат бар тамоми қаламрави Сурияро таъмин намояд. Таҳлилгарон мегӯянд, дар сурати ғайр Сурияро ҷанги нави шаҳрвандӣ ва бесуботии тӯлонӣ дар пеш аст.

Фотима Аюб гуфт, “шеваи кори ДОИШ аз эҷоди бебандуборӣ ва азияту озори афроди мулкӣ иборат аст”. Феълан дар зиндонҳои шимол ва шарқи Сурия ҳазорҳо ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва наздикони онҳо нигаҳ дошта мешаванд.

Сурия. Як узви Нерӯҳои демократии Сурия дар назди ҷангҷӯёни зиндонии ДОИШ
Сурия. Як узви Нерӯҳои демократии Сурия дар назди ҷангҷӯёни зиндонии ДОИШ

Ҳамла ба "пойгоҳҳои ДОИШ”

Энн Спекҳард, раиси Маркази байнулмилалии таҳқиқи ифротгароии хушунатомез, мегӯяд, дар Сурия ҳамоно тарафдорони ДОИШ ҳастанд ва онҳо “ҳар чанд вақт ба ҳамлаҳои террористӣ даст мезананд”. Ӯ афзуд, доишиҳои зиндонӣ умедвор мешаванд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ “ба зиндонҳо ҳамла карда, онҳоро озод ва халифати исломии зери назари ДОИШ-ро дубора эҳё мекунанд”.

Чунин нигарониҳо дар Кохи Сафед ҳам вуҷуд дорад. Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен рӯзи 9-уми декабр ҳушдор дод, ки “ДОИШ бо истифода аз ин фурсат талош хоҳад кард тавонмандиҳои худро ба хотири эҷоди паноҳгоҳҳои амн барқарор кунад”.

Пентагон гуфт, аз 8-уми декабр нерӯҳои Амрико ба зидди 75 ҳадаф, аз ҷумла “қароргоҳҳову пойгоҳҳои ДОИШ” ҳамлаҳои “дақиқу мушаххас” анҷом дод.

Вашингтон аз соли 2014 раҳбарии эътилофи зидди ДОИШ-ро ба дӯш дошт. Иёлоти Муттаҳида дар моҳи октябри соли 2019 муассиси ин гурӯҳ Абӯбакри Бағдодиро ба қатл расонд ва баъди ин боз се ҷойгузини ӯро ҳам нобуд кард.

Аймен ал-Тамимӣ, таҳлилгари масоили ДОИШ дар Испания гуфт, “агар ИМА ҳамингуна фишорро болои ДОИШ тавассути ҳамлаҳои ҳавоӣ идома диҳад, имкони таҳти назорат нигоҳ доштани ин мушкил вуҷуд дорад”.

Паноҳгоҳи "Ал-Ҳол" дар Сурия
Паноҳгоҳи "Ал-Ҳол" дар Сурия

Ихтилофҳо

Ба қавли Тамимӣ, даштҳои марказ ва шарқи Сурия, ки он ҷо бозмондаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамоно фаъол ҳастанд, аз ин назар муҳим дониста мешаванд. Ин минтақа асосан аз ҷониби Нерӯҳои демократии ба раҳбарии курдҳо назорат мешавад. ҲТШ рӯзи 11-уми декабр чун як аломати мубориза барои қудрат назорат бар шаҳри Дайр аз-Зурро дар шарқи Сурия ба дасти худ даровард.

Айни замон, миёни Нерӯҳои демократии курдҳо ва гурӯҳи Артиши миллии Сурия, ки аз ҷониби Туркия ҳимоят мешавад ва он бештар бо ҲТШ наздик аст, задухӯрдҳои хунине рух додааст.

Тамимӣ гуфт, ба гумон аст, ки ДОИШ тавонад мисоли соли 2014 қисматҳои калони Сурияро таҳти назорат дарорад. Вале ихтилофҳои миёни гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ ва шӯришиён дар дохили кишвар метавонад оғози чунин кор шавад.

“Онҳо метавонанд дар низоъҳои миёни гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Туркия ва Нерӯҳои демократии ба раҳбарии курдҳо пешқадамтар шаванд,” – хулоса кард ӯ.

Коршиносон аз эҳёи "ДОИШ" дар Сурия хавф доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
XS
SM
MD
LG