Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Укроин нерӯгоҳи Роғунро сохтанист (Видео)


Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин
Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин

В. Юшенко, раисҷумҳури Укроин, расман изҳор дошт, ки кишвараш дар консорсиюми НБО-и Роғун ширкат хоҳад кард.

Раисҷумҳури Укроин имрӯз, 7 март, пас аз дидор ва гуфтугу бо мақомоти Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ҳоло Тоҷикистон барои нерӯгоҳи Роғун ду турбинаи истеҳсоли Укроинро дар ихтиёр дорад ва табиист, ки бақия 7 турбинаи дигар низ дар кишвараш истеҳсол ва ба Тоҷикистон интиқол хоҳанд ёфт.

Тайи сафари раисҷумҳури Укроин ба Тоҷикистон 10 санади ҳамкорӣ, минҷумла нақшаи ҳамкориҳои Укроину Тоҷикистон тайи солҳои 2008–2009, ба тасвиб расонидани созишнома ҷиҳати таслими афроди ҷинояткор ба ҷонибҳо, эътирофи муштараки муҷаввизҳои давлатӣ ҷиҳати амалӣ кардани сохтмонҳо ва ғайра ба имзо расиданд. Раисҷумҳури Украина ҳамчунин аз нерӯгоҳҳои Норак ва Сангтӯда-1 дидан кард.


Нахустин сафари Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин, ба Тоҷикистон дар замоне сурат мегирад, ки ба далели равобити равобити ҳасанаи Русия бо Узбакистон дар ин авохир таваҷҷуҳи Русия ба Тоҷикистон костааст.

Индар ҳолест, ки чанд сол пеш Узбакистон ба далели истиқрори пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон равобиташ бо Русияро коҳиш дод ва ба нишони эътироз аз Созмони паймони амнияти ҷамъии ИДМ хориҷ шуда буд.

Вале пас аз таҳаввулоти Андиҷон Русия ягона кишваре буд, ки аз истифодаи неру алайҳи мардуми аз сӯи мақомоти Узбакистон пуштибонӣ кард. Ва ба ин васила равобити хуберо бо Узбакистон барқарор кард ва ба захоири нафту газ, тило ва саноеъи Узбакистон даст ёфт, ки бар зиёни Тоҷикистон хулоса шуд.

Ва ширкатҳои Русия ба хотири равобити ҳасана бо Узбакистон аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши энержӣ даст кашиданд. Ва дар ҳоле, ки Русия дар эҳдоси неругоҳи барқи обии Роғун алоқамандиашро аз даст додааст, Тоҷикистон талош дорад дар ин бахш шарики дигаре ҳамтарозу бо Русия дар бахши энержиро пайдо кунад. Ва ҳадаф аз сиёсати ҷадиди хориҷии Тоҷикистон, ки «сиёсати дарҳои боз» унвон шудааст, ҳамин аст.

Илова бар асноде, ки дар ҷараёни гуфтугуҳои Виктор Юшенко бо Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, мавзуъи меҳварии гуфтугуҳо ҳамкории Укроин ва Тоҷикистон дар бахши энержӣ буд. Ва ба ҳамин далел раисҷумҳури Укроин аз неругоҳи Норак ва Сангтуда-1 дидан кард. Ва дар ин гуфтугуҳо мавзуъи саҳми ширкатҳои энержии Укроин дар бозори энержии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ва Тоҷикистон қасд дорад дар эҳдоси неругоҳи Роғун бо Укроин, ки талоши рақобат бо Русия дар қаламрави собиқ Шуравиро дорад, ҳамкорӣ кунад. Ба ин далел, ки Укроин, Гурҷистон, Озарбойҷон ва то ҷое Арманистон ба сиёсати энержии Русия дар минтақа розӣ нестанд. Ва Укроин дар рақобат бо Русия ба унвони як кишвари қудратманди минтақа алоқаманди равобити ҳасана бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон, аст, ки аз захоири ғании энержии обӣ бархурдор мебошад.

XS
SM
MD
LG