Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко аз Норак ва Сангтӯдаҳо дидан мекунад


Сафари нахустини Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин ба Тоҷикистон бо мулоқоти танҳо ба танҳо бо Эмомалӣ Раҳмон оғоз хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ба дунболи ин, мулоқоти ҳайъатҳои ду кишвари Тоҷикистон ва Укроин дар доираи васеъ баргузор шуда, ва дар зимн зери чанд санади марбут ба бахшҳои мухталифи ҳамкориҳои тарафайн имзо хоҳанд шуд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон меафзояд, ҳамчунин қарор аст, раисҷумҳури Укроин, ки шоми шашуми март вориди Душанбе хоҳад шуд, аз нирӯгоҳҳои барқи обии Норак, Сангтӯда-1 ва Сангтуда-2 дидан кунад.

Сафари нахустини раисҷумҳури Укроин дар ҳоле ба Тоҷикистон анҷом мегирад, ки равобити иқтисодиву тиҷоратии миёни ин ду кишвар ба гунаи мусбат ва қобили қаноат номбар намешавад ва Укроин аз ҷумлаи кишварҳое дар қаламрави Иттиҳоди шӯравии собиқ аст, ки сармоя ва саҳми қобили таваҷҷӯҳ дар иқтисоди Тоҷикистон надоранд. Зеро ҳанӯз тарҳҳоеро дар Тоҷикистон ном намебаранд, ки бо сармояи мустақими ин давлат ва ё ширкатҳои укроинӣ дар Тоҷикистон бунёд шавад.

Аммо Вазорати рушди иқтисодӣ ва саноати Тоҷикистон аз мизони афзояндаи табодули молу коло миёни Тоҷикистон Укроин дар соли ҷорӣ хабар медиҳад. Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи ин вазорат мегӯяд, 96 дарсади ҳаҷми умумии табодули молу коло миёни ин ду кишварро воридоти фаровардаҳои Укроин ба Тоҷикистон ташкил мекунад.

Коршинсони тоҷик дар баробари хушбиниҳо аз сафари нахустини раисҷумҳури Укроин ба Тоҷикистон аз мавридҳое ёдовар мешаванд, ки метавонад ғайримустақим бо муносиботи Тоҷикистону Русия халал ворид кунад. Зеро мегӯянд, Русия ва Укроин, аз ҷумлаи абарқудратҳои Иттиҳоди шӯравии собиқанд, ки феълан равобити онҳо ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ба эътиқоди Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси маркази низоъшиносии Тоҷикистон, ҳадаф аз сафари раисҷумҳури Укроин ба Тоҷикистон дар баробари густариши равобити ҳамкориҳои тарафайн, ҳамчунин дарёфти пуштибонҳо аз сиёсати ғарбгароёнаи ин кишвар дар Осиёи марказӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ва Укроин сафоратхонаҳои худ дар Душанбе ва Киевро ҳанӯз ифтитоҳ накардаанд ва коршинсон тахмин мезананд, ки шояд дар ҷараёни мулоқоти оқои Раҳмон ва Юшенко, ҳамзамон, бо баррасии иҷрои тавофуқоти дар қабл ба дастомада, масаъалаи боз кардани сафоратхонаҳои ин ду кишвар дар Душанбе ва Киев матраҳ шавад.

XS
SM
MD
LG