Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Юшенко ба Тоҷикистон


Раисҷумҳури Укроин Виктор Юшенко субҳи имрӯз, 7 март, дар шаҳри Душанбе бо ҳамтои тоҷикистонии худ Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугу кард.

Дар ҳоли ҳозир музокироти ҳайатҳои воломақоми укроинӣ ва тоҷикистонӣ идома дорад ва тибқи иттилоъи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ин музокирот ҳудуди 10 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Укроин имзо хоҳад шуд.

Тибқи барномаи сафари дурӯзаи расмии раисҷумҳури Укроин, дар назар аст вай имрӯз ҳамчунин бо намояндагони дигари олирутбаи Тоҷикистон, аз ҷумла Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон ва Сайдулло Хайруллоев, раиси порлумони Тоҷикистон, гуфтугу кунад.

Ҳамчунин интизор меравад, ки Виктор Юшенко дар давоми дидори худ аз Тоҷикистон аз макони сохтмонҳои неругоҳҳои барқи обии Роғун, Сангтуда-1 ва Сангтуда-2 дидан кунад. Ҳамзамон дар ин робита бархе аз коршиносони маҳаллӣ ҳадс задаанд, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳайати баландпояи Укроин тарҳҳои неругоҳҳои барқи обиро барои ҳамкорӣ пешниҳод хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки ин нахустин сафари Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин ва умуман чунин мақоми олирутбаи ин кишвар ба Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG