Ерлан Абилдаев, сафири Қазоқистон дар Душанбе гуфт, ки дар робита ба баргузории музояда дар мавриди таъсиси консорсиуми бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун ҷониби Қазоқистон аз ҳукумати Тоҷикистон номаи расмӣ дарёфт карда ва дар посух барои ширкат дар ин музояда аз омодагии худ хабар медиҳад. Аммо оқои Абилдаев афзуд, ширкати Қазоқистон дар музоядаи таъсиси Консорсиуми бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун дақиқтар ба дунболи аз ҷониби Тоҷикистон эълом шудани шарту шароити баргузории он мушаххас хоҳад шуд:
«Қазоқистон барои ширкат дар бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Мо ин масъаларо ҳангоми сафари мақомоти ба ин масъала мутаваҷҷеҳи кишвари мо ба Тоҷикистон ва мулоқоташон бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон матраҳ кардем. Ин масъала ҷиддӣ баррасӣ мешавад. Вале Тоҷикистон худ муайян мекунад, ки Роғун чӣ гуна ва бо кадом усул бунёд мешавад.”
Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ҳамчунин меафзояд, ҷониби Қазоқистон низ барои ширкат дар консорсиуми бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун шартҳои худро дорад, ки шояд ин шартҳо ба хостаҳои ҳама ҷонибҳои узви консорсиуми мазкур мувофиқат накунад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ширкати кишварҳои бонуфузи минтақа, назири Қазоқистон дар бунёди нирӯгоҳи Роғун ба манфиати Тоҷикистон хоҳад буд. Ба эътиқоди Қосими Бегмуҳаммад, коршиноси тоҷик, Қазоқистон - дуввумин кишварест, ки тасмими он барои ширкат дар бунёди Роғун ҷиддӣ ба назар мерасад ва ин ба суди ҳам Тоҷикистон ва ҳам минтақа дар мавриди коҳиши мушкилоти энержӣ ва рафъи мухолифатҳои минтақа хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки Қазоқистон дуввумин кишваре дар фазои Иттиҳоди шӯравии собиқ аст, ки табодули назарраси молу коло бо Тоҷикстон дорад. Дар соли гузаштаи 2007 табодули мол миёни ин ду кишвар бештар аз 340 миллион доллари амрикоӣ будааст. Ҳамчунин теъдоде аз ширкатҳои қазоқӣ, аз ҷумла «Казинвестминерал», «Бейбарс ва К», «Отамакон», «Омега инвест» ва «Китака» дар Тоҷикистон фаъоланд. Ширкати «Китака»-и ин кишвар барои кашфи конҳои ангиш дар Тоҷикистон 2,5 миллион доллар сармоягузорӣ карда ва тасмим дорад дар саноеи ангишткании тоҷик 20 миллион доллар ва бунёди маркази гармидиҳӣ 100 миллион доллар сармоягузорӣ карданист.