Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неругоҳи Роғунро "Ҷаҳон лтд" месозад?


Бархе аз иншооти муҳими сохтмони анҷомнашудаи нерӯгоҳи Роғунро як ширкати каммаъруфи офшории мавсум ба «Ҷаҳон лтд»-и Бритониё харидорӣ кардааст.

Ин хабарро дар муассисаи воҳиди давлатии роҳандозии фуруши амволи давлатӣ таъийд карданд, вале ҷузъиёти бештар дар мавридро шарҳ надоданд. Ду ҳафта қабл теъдоде аз иншооти анҷомнашудаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бо шумули иншооти маъмурии ин нерӯгоҳ, ба музояда гузошта шуда буд.

Аммо дар мавриди ширкати ба ин иншоот соҳибшуда маълумоте пахш нашудааст, вале коршиносон тахмин мезананд, ки ҳарчанд «Ҷаҳон лтд» дар ҷазираҳои Вирҷинӣии Бритониё сабти ном шудааст, аммо сармоя ва масъулони он аз Тоҷикистон аст.

Ба эътиқоди Абдуғанӣ Маҳмадазимов, таҳлилгари тоҷик, сармоядорони тоҷик барои қонунӣ сохтани сармояҳои худ дар инчунин митақаҳои офшории хориҷ аз кишвар ширкатҳоеро сабти ном мекунанд. Вай афзуд, чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон бо манзури буҳрони ахири энержӣ дар кишвар бо ин иқдом шурӯъи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дубора ва бо сармояи дохилӣ ва ҳамчунин ҷалби сармояву қарзҳои хориҷӣ аз сар гирифтааст.

Ҳамчунин интизор меравад, ки ҳукумати Тоҷикистон аз буҷаи соли 2008 барои бунёди ин нирӯгоҳ 50 миллион доллар ихтисос диҳад. Ва аммо ин дар ҳолест, ки ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, бо иллати поин шудани сатҳи об дар обанбори бунёдмешуда Сангтӯда-1, ки агрегати нахустини он ба тозагӣ фаъол шудааст, тавлидоти барқ дар ин нирӯгоҳ аз 104 мегаватт дар шабонарӯз то ба 97 мегарватт коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин бо ҳамин иллат аз 9 агрегати нерӯгоҳи барқи обии Норак танҳо 2 агрегат фаъол аст.

Ин аст, ки меъёри интиқоли барқ ба пойтахт - шаҳри Душанбе низ шадидтар мешавад ва ба гуфтаи сокинон ҳатто реҷаи 10-соатаи муқараркарда дар шабонарӯз риоят намешавад.

XS
SM
MD
LG