Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи "фаромӯшшуда"-и Покистон


Сафири Покистон дар Тоҷикистон Икромуллоҳ Мақсуд баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, тайи як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳарчанд кишвараш ба нерӯгоҳи "Роғун" таваҷҷӯҳ дорад, аммо дар консорсиуми он ширкат нахоҳад кард.

Вай гуфт, кишвараш таваҷҷӯҳашро бештар рӯйи эҳдоси хатти интиқоли барқ ба Покистон аз Тоҷикистон тариқи Афғонистон мутамаркиз кардааст. Покистон аз нахустин кишвари хориҷие маҳсуб мегардад, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ омодагии худро ҷиҳати сармоягузории нерӯгоҳи Роғун изҳор дошта буд. Соли 1992 ба ҳангоми сарварии Раҳмон Набиев миёни Покистон ва Тоҷикистон созишномае ба тасвиб расид, ки бар тибқи он кишвари Покистон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун бояд 500 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекард.

Аммо ҳоло ки Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба сармоя эҳтиёҷ дорад, аз ин созишнома на фақат касе ёдовар намешавад, балки ин мавзӯъ аслан матраҳ нест. Икромуллоҳ Мақсуд далели аслии иҷро нашудани Созишномаи соли 1992-ро ҷанги дохилии Тоҷикистон ва тағйири ҳукумати вақти Исломобод ном бурд. Созишномаи соли 1992 бар асари музокироти чандинкаратаи ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Покистон ба вуҷуд омад, аммо иҷро нашуд.

Дар ҳамин ҳол, Баҳром Сироҷев, сарвари вақти «Тоҷикэнерго», ки баъдтар ба ширкати «Барқи тоҷик» табдил ёфт, дар сӯҳбате ба радиои Озодӣ хотироташро аз он айём ин гуна баён кард, ки “соли 1992 ҷониби Покистон даъват кард, ки 500 миллион доллар кредитро гирифта, ба ивази он барқ бидиҳем. Онҳо аз мо саҳмия нахоста буданд. Ҳисобу китоб бо барқ гуфтанд. Лекин мо ҷангро шурӯъ кардем. Аз ин рӯ, ҷониби Покистон бо сармояи худ ба кишвари мо омада натавонист. Вале шартнома байни Тоҷикистону Покистон имзо шуда буд. Шахсан бо ин масъала чор бор ба Покистон рафта, бо сарвазири ин кишвар сӯҳбат карда будам. Ҳамаи аснод имзо шуд, лекин иҷро нагардид”.

Дар ҳоле, ки сафири Покистон ва раҳбари вақти «Тоҷикэнерго» далели аслии иҷро нашудани Созишномаи соли 1992-ро ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва тағйири ҳукумати Покистон арзёбӣ мекунанд, коршиносон бар он назаранд, ки маҳз ин созишнома яке аз далоили шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон будааст. Давлати Усмон, ки дар ҳукумати Раҳмон Набиев муъовини сарвазири вақти Тоҷикистон буд, мегӯяд, пас аз азҳампошии давлати Шӯравӣ давлати Тоҷикистон, ки соҳибистиқлол гашт, сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба яке аз пружаҳои муҳим табдил ёфт.

Вай гуфт, ҳукумати Набиев худ пайи ҳалли қазияи Роғун шуд, аммо ба мухолифат ва фишори сахти Русия ва Ӯзбакистон мувоҷеҳ гардид. Давлати Усмон афзуд, “баъд аз он ки созишнома имзо шуд, Русия ва дигар кишварҳои ҳамсоя мутаваҷҷеҳ шуданд, ки дар сурати сохтани ин нерӯгоҳ Тоҷикистон мустақилияти иқтисодӣ пайдо мекунад. Ҳамин буд, ки шурӯъ карданд ба фишороварӣ болои раҳбарони онвақтаи Тоҷикистон барои анҷом нашудани ин созишнома”.

Баъд аз сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон низ пружаи нерӯгоҳи Роғун то ба ҳол таъхир меёбад ва ҳеҷ як аз кишварҳо, аз ҷумла Покистон аз омодагии худ дар мавриди сармоягузории он садо баланд накард ва ҳоло ҳам намекунад. Соли 1994 тибқи як созишнома нерӯгоҳи Роғун миёни Русияву Тоҷикистон 50 ба 50 тақсим шуд. Баъдан соли 2004 Русияву Тоҷикистон боз созиш карданд, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ширкати «РусАл»-и Русия идома хоҳад дод. Ин созишнома бо РусАлро Тоҷикистон дар соли 2007 якҷониба лағв кард ва эълом дошт, ки нерӯгоҳи Роғунро бо сармояи дохилӣ ва тариқи консорсиум идома хоҳад дод.

Коршиносон мегӯянд, на фақат Покистон, балки дигар кишварҳо низ ба Роғун сармоягузорӣ нахоҳанд кард, то замоне ки Тоҷикистон баҳсҳояш бо Русия сари нерӯгоҳи Роғунро ба анҷом нарасонад. Бо ин ҳол, Покистон яке аз бозорҳои муҳими содироти нерӯи барқи Тоҷикистон хоҳад буд. Ҳарчанд замони анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳанӯз мушаххас нест, аз ҳоло Тоҷикистону Покистон барномаҳои бунёди хатҳои баландшиддати барқ барои содироти нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ба Покистонро амалӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG