Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Худкушии 2 ҷавондухтари эронӣ ва моҷарои "Наҳанги кабуд"


Бунёди миллии бозиҳои компютерии Эрон пас аз худкушии ду духтари навҷавон дар шаҳри Исфаҳон бар асари бозии интернетии "Синий кит" ё "Наҳанги кабуд", расонаҳоро муттаҳам кард, ки "таҳдид ношинохта"-ро таблиғ карданд ва ба сари забонҳо андохтанд. Дафтари матбуоти ин ниҳод рӯзи душанбеи 23-юми октябр гуфт, ки бар хилофи назари бархе расонаҳои Эрон, "Наҳанги кабуд" як бозӣ нест, балки як "таҳдид"-и 50-марҳилаи аст, ки аз фазои маҷозӣ барои иҷро, истифода мешавад.

Бунёди миллии бозиҳои компютерии бо эълони ин, ки "нусхаи аслии ин таҳдид муддастҳост бо боздошти эҷодкунандагони он дар Русия аз дастрас хориҷ шудааст", аз расонаҳои Эрон ба хотири муаррифӣ кардани ин "таҳдид" ба навҷавонон ва ҷавонон, интиқод кард.

Он тавре, ки расонаҳо мегӯянд, аз замони роҳандозӣ шудани ин бозӣ, тақрибан ҳар рӯз дар саросари Русия ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон ва Қирғизистон як кӯдак ё навҷавон таҳти таъсири ин бозӣ даст ба худкушӣ мезанад.

Ин бунёд дар идома гуфтааст, "замоне, ки расонаҳо ба пахши хабарҳо дар бораи "Наҳанги кабуд" оғоз карданд, Бунёди миллии бозиҳои компютерӣ ҳушдор дода буд, ки пахши хабар дар ин бора, хатарнок аст". Ин бунёд имкони нусхабардорӣ аз марҳилаҳои "Наҳанги кабуд" ба ҳадафи шакл додани "таҳдидҳои монанд" дар Эронро аз ҷумлаи хатарҳои пахши ин мавзӯъ гуфта буд.

Ин бунёд пас аз чанд моҳ аз матраҳ шудани таҳдид "Наҳанги кабуд" дар Эрон, эълон кард, ки "мутаассифона" ба ҳушдорҳо дар ин бора таваҷҷуҳе нашуд ва "Наҳанги кабуд"-е, ки таҳдиди ношинохта дар Эрон буд, якбора бар сари забонҳо афтод ва шароитро барои судҷӯён фароҳам кард.

Бозии "Наҳанги кабуд", ки номаш тарҷумаи лафз ба лафзи унвони русӣ аст, ба худкушии наҳангҳо ишора дорад. Ин бозӣ ҳудуди чаҳор сол пеш дар як гурӯҳ дар шабакаи "ВКонтакте" шурӯъ шуд. Гуфта мешавад, ки як донишҷӯи ихроҷшуда аз риштаи равоншиносӣ ин бозиро роҳандозӣ кардааст. Бозии "Наҳанги кабуд" панҷоҳ рӯз давом мекунад ва ширкаткунандагон дар он дар ин муддат ҳар рӯз ҳадди ақал як "таҳдид" ё "чолиш"-ро анҷом медиҳанд.

Ин таҳдидҳо аз бархостан аз хоб дар субҳ то тамошои филҳои хос, то буридани аъзои бадан ва феҳристе аз корҳои аҷиб ва ғарибро дар бар гирифтааст. Русия, Чин, Чилӣ, Колумбия, Гурҷистон, Амрико, Итолиё ва Ҳинд аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки бинобар бозии "Наҳанги кабуд" чандин нафар даст ба худкушӣ задаанд.

Он тавре, ки расонаҳо мегӯянд, аз замони роҳандозӣ шудани ин бозӣ, тақрибан ҳар рӯз дар саросари Русия ва Осиёи Марказӣ аз ҷумла Қазоқистон ва Қирғизистон як кӯдак ё навҷавон таҳти таъсири ин бозӣ даст ба худкушӣ мезанад. Бисёре аз ширкаткунандагон дар ин бозӣ ҳангоми тамоюли тарки он, аз сӯи мураббиён ва афроде, ки онҳоро даъват ба ширкат дар "таҳдид" карда буданд, мавриди таҳдид қарор гирифтаанд.

Бо ин ҳол, мақомҳои Русия эълон кардаанд, ки дар соли 2016 наздик ба 720 мавриди худкушии кӯдакон дар ин кишвар рух дод, ки танҳо аз 10 маврид, 6-тои он дар робита бо интернет будааст. Масъалаҳои ишқӣ, мушкилоти равонӣ ва хонаводагӣ сабаби аслии ин худкушиҳо гуфта шудааст.

Исфаҳон. Акс аз бойгонӣ.
Исфаҳон. Акс аз бойгонӣ.

Мақомҳои Эрон ҳам эълом кардаанд, ки барои мубориза бо густариши чунин падидаҳо, чораҳоеро рӯи даст гирифтаанд. Вазири фановариҳои Эрон чанде пеш аз тамоси ин вазорат бо мудирони шабакаи иҷтимоии русии "ВКонтакте" барои пешгирӣ аз паҳн кардани "хушунат", хабар дода буд. Вай гуфтааст, ки ҳарчанд вебсайти "ВКонтакте дар Эрон баста аст, аммо ӯ ва ҳамкоронаш барои мубориза бо вуруди бозии "Наҳанги кабуд" талош хоҳанд кард.

Он тавре, ки бархе расонаҳои Эрон эълом кардаанд, ин таҳдидҳо то ба ҳол қурбониёни зиёде дар саросари ҷаҳон доштааст. Рӯзномаи "Хуросон" чанд рӯз пеш навишт, ки "ин бозӣ барои касоне, ки дар зиндагӣ ҳадаф ва орзуе надоранд ва барои кӯдакон ва навҷавононе, ки мумкин аст аз сари кунҷковӣ ва барои таҷрибаи ҳаяҷон, тан ба ҳар хатаре бидиҳанд, бисёр хатарнок аст."

Ин рӯзнома дар муаррифии марҳилаи 50-гонаи бозии "Наҳанги кабуд" навишт, ки ин таҳдид "аз марҳилаи кашидани як наҳанг рӯи бозуи даст, буридани бозу ва задани раг то қасам хӯрдан барои як наҳанги кабуди асил будан, ки убур кунад, барои тамом кардани бозӣ бояд ба як баландӣ биравад ва худкушӣ кунад, ибора аст."

Бар асоси ин гузориш, дар ибтидои бозӣ, бо ҳадафи эҷоди ҳаяҷон ва таҳрики кунҷковӣ, чанд бор аз корбар суол мешавад, "мутмаинӣ ки мехоҳӣ вориди бозӣ шавӣ ва ба ин бозӣ идома диҳӣ?" ва дар идома таъкид мешавад,"агар шурӯъ кардӣ, бояд то охири бозӣ биравӣ"

Худкушии ду духтари навҷавон дар шаҳри Исфаҳон он тавре, ки бархе мақомоти пулис мегӯянд, натиҷаи бозии ин ду нафар то поёни ин "таҳдид" ё чолиш будааст. Рӯзномаи "Эрон" ҳам гузориш кард, ки мақомоти тафтишотӣ саргарми таҳқиқ дар бораи парвандаи ду духтари навҷавони исфаҳонӣ ҳастанд, ки бо паридан аз пули "Чамарон"-и ин шаҳр, даст ба худкушӣ задаанд. Дар ин робита Маҳдӣ Маъсумбекӣ, фармондеҳи пулиси вилояти Исфаҳон гуфтааст, ки пас аз баррасӣ маълум шуд ду духтари 15 ва 16 -сола таҳти таъсиси бозии "Наҳанги кабуд будаанд."

Худкушӣ дар пайи бозии "Кити кабуд" дар Эрон сабаби ихтилофҳо миёни масъулон ва ниҳодҳо дар умури иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шудааст. Қаблан бархе аз масъулони Оҷонсии иҷтимоии Эрон гуфта буданд, ки бозии "Наҳанги кабуд" дар Эрон қурбонӣ надоштааст.

XS
SM
MD
LG