Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз бозии букмейкерӣ то идораи пулис. "Мӯътодӣ" ба куҷо мебарад? ВИДЕО


Бохти 100 ҳазор сомонӣ дар бозии букмейкерӣ, як ҷавони тоҷикро то идораи пулис бурд. Соҳибони як маркази букмейкерӣ дар Душанбе ҳоло талош доранд, тавассути мақомоти интизомӣ, ҷавонеро, ки 100 ҳазор сомонӣ аз ин марказ қарздор шудааст, водор ба баргардонидани маблағ кунанд.

Ба гуфтаи як корманди маркази букмейкерӣ, ҷавон ин миқдор пулро зимни бозӣ ва пешгӯиҳои нодуруст бохтааст, аммо ба хазинаи марказ маблағ ворид накардааст. Ин мусоҳиби мо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард мегӯяд, "як қисми ками ин пулро ҷавон баъди даъво ва муроҷиат ба пулис баргардонида, акнун муваззаф шудааст, ки тамоми маблағро то як вақти муайян баргардонад.”

Мақомот дар пайи як занозании маргбор дар тобистони соли гузашта дар Душанбе, гуфта буданд, ки маъмулан занонии кӯдакону ҷавонон баъди берун шудан аз марказҳои компютерӣ ва букмейкерӣ, сурат мегирад.

Бо вуҷуди онки дар тайи як соли ахир дар кори марказҳои букмейкерии Тоҷикистон чандин тағйирот сурат гирифт ва акнун ин марказҳо таҳти назорат қарор доранду вуруди то 20-солаҳо ба он манъ аст, ҳанӯз ҳам ҷавонони зиёд наметавонанд аз ин бозиҳо дил бикананд. Бозиҳое, ки вобастагии зиёд ба он, гурӯҳе аз ҷавононро ба мушкии фаровон рӯ ба рӯ кардааст.

Шумораи мизоҷон кам шудааст

Ба марказҳои букмекерӣ ё макони шартбандӣ барои бозиҳои варзишӣ дар Тоҷикистон, чанд моҳ боз танҳо бо шиноснома ё санади донишҷӯӣ ва танҳо афроди болотар аз сини 20, ҳаққи вуруд доранд. Масъулини ин марказҳо мегӯянд, баъд аз ин тағйирот, шумори мизоҷон то ҷое кам шуд ва мақомот ҳам ҳар замон назораташон мекунанд.

Зарина, корманди маркази букмейкерии "Рахш" дар маркази пойтахт, мегӯяд, "мо ягон нафари поёнтар аз сини 20-ро ба марказ роҳ намедиҳем. Дигар ҳама фаъолияти мо дар доираи қонун ба роҳ монда шудааст ва бохтани як муштарӣ ба иродаву бахти ӯ вобаста дорад."

Як ҷавони дигар, ки замоне худаш ҳам яке аз дӯстдорони бозиҳои букмейкерӣ буд, мегӯяд, бештар ба ин марказҳо ҷавононе ҷалб мешаванд, ки андешаи бо роҳи осон пули бисёр кор карданро доранд. Аммо ба гуфтаи ӯ, бо ин фикр, дар ҳолатҳои зиёд дороиҳояшонро аз даст дода, мӯътод мешаванд.

Пули донишҷӯӣ барои бозиҳои букмейкерӣ

Сафар як мусоҳиби мо аз ноҳияи Бохтар, мегӯяд, чанд сол пеш вақте донишҷӯ буд, чандин бор пули иҷораи хонаашро, ки падари муҳоҷираш аз Русия барояш мефиристод, дар марказҳои букмейкерӣ бохта, қариб дар кӯча монда буд. Аз ҳодисаи ба сари як ҳамсабақаш омада ҳам нақл кард, ки вобастагӣ ба бозӣ дар чунин марказҳо боис шуда буд 1800 доллар пули солонаи шартномаи таҳсилаш дар донишгоҳро бохта, баъди 2 соли таҳсил наздик буд аз донишгоҳ берун шавад.

Сафар мегӯяд, барои майли зиёдаш ба чунин марказҳо, падару бародарони муоҷирашро хеле азият додааст: "Хӯроку либос надорам гуфта, маҷбур мекардам бароям пул фиристанд. Мефиристоданд, ман зуд рафта бозӣ мекардам. Ин тавре ҳаст, ки фикр мекунӣ ҳамин лаҳза ё лаҳзаи дигар ҳатман бахтат омад мекунад ва бурд мекунӣ, аммо дар ниҳоят ҳолате мешавад, ки мебинӣ ҳатто роҳкиро надорӣ."

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, ҳоло дигар вақту шавқе барои рафтан ба ин марказҳоро надорад ва бо ҷонибдори аз манъ кардани ширкати ҷавонони 20-сола ба марказҳои букмейкерӣ, мегӯяд, наврасони мактабхон ва ҷавон воқеан баъди як ё ду бозӣ дигар наметавонанд худро идора кунанд ва ин бозиҳо беихтиёр онҳоро ба сӯйи худ мекашаду метавонад ба кӯчаи ҷиноят бубарад.

Навор аз соли 2016:

Бозиҳои "хатарнок" рӯйхат мешаванд

Мақомот ҳам дар пайи як моҷарои маргбор дар тобистони соли гузашта гуфта буданд, маъмулан занозании кӯдакону ҷавонон баъди берун шудан аз марказҳои компютерӣ ва букмейкерӣ сурат мегирад. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо ва таъсири бади бозиҳои зиёновар ба ноболиғон, ҳоло ин ниҳод рӯйхати бозиҳои хатарнок барои кӯдаконро таҳия доранд: "Мо ҳоло бозиҳоеро, ки ба ахлоқу равонӣ кӯдакон зарар доранд, баррасӣ дорем. Ба ин марказҳо бояд ноболиғон роҳ дода нашаванд."

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ҳудуди 1 миллион аҳолӣ ба сар мебарад. Дар ин шаҳр бар асоси омори расмӣ наздик ба 2 ҳазор Маркази бозиҳои компютерӣ, бозиҳои букмекерӣ ва Интернет-кафеҳо сабти ном шудаанд, ки муштариёни аксари онҳо ҷавонони аз синни 30 поин ҳаст.

XS
SM
MD
LG