Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯъёҳои бузурги як "марди кӯчак". ВИДЕО


Шокирҷон Юсуфови понздаҳсола
Шокирҷон Юсуфови понздаҳсола

То оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст. Хонаводаҳои дорову нодор дар Тоҷикистон талош мекунанд, ки фарзандони онҳо соли нави хонишро бо либос ва кафшу ҷувздони нав оғоз кунанд. Харҷи либоси як хонандаи мактаб, васоили хониш ва иҷораи китоби дарсиаш, дар маҷмӯъ, аз 400-500 сомонӣ (тақрибан шаст доллар) шурӯъ мешавад. Бархе аз сокинон мегӯянд, ки ин маблағ барои бисёре аз хонаводаҳо гарон аст. Дар Тоҷикистон мизони миёнаи маош тахминан 130 долларро ташкил медиҳад.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Чойфурӯшӣ – барои либоси мактабӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00

Соли гузашта як сумка бисёр ба ман маъқул шуд, аммо онро нахаридем. Як сумкаи дигарро дар 25 сомонӣ харидем

Шокирҷон Юсуфов 15 сол дорад ва мехоҳад, ки дар оянда пизишк шавад. Шокирҷон мисли кӯдакони дигар нозпарварда нест ва ғами либосҳои мактабиашро бояд худаш бихӯрад. Модари Шокирҷон чор фарзанд дорад ва онҳоро дар танҳоӣ бузург мекунад.

Қаҳрамони кӯчаки мо дарк мекунад, ки бори рӯзгор дар шонаҳои нозуки модараш сангинӣ мекунад. Ин аст, ки ӯ даҳ рӯз пеш аз шурӯи таҳсил бештар кор мекунад, то ҳадди ақал барои либоси мактабиаш маблағ ҷамъ кунад. Хонаводаи Шокирҷон аз шумори тахминан 30 дарсади аҳолии камбизоат аст, ки дар таъмини пурраи хароҷоти фарзандон дасткӯтаҳанд.

"Аз чойфурӯшӣ то..."

Чойфурӯшӣ, пуфакфурӯшӣ, ҷамъоварии қуттӣ ва халтаи селофанӣ аз ҷумлаи корҳоест, ки Шокирҷон ҳамарӯза дар бозор анҷом медиҳад. Дар Тоҷикистон кори кӯдак манъ аст ва волидоне, ки бачаҳои ноболиғашон даст ба коре мезананд, муҷозот мешаванд. Шокирҷон мегӯяд, дар давоми кораш дар бозори “Саховат” тобистони имсол ҳеҷ мушкил дар ин замина пеш наомадааст.

Чойи хунукеро, ки барои мизоҷон дар ин фасли гарми тобистон пешниҳод мешавад, субҳ модараш омода мекунад. Ҳар истакон чой як сомонӣ аст. Баъд аз фурӯши чойи хунук Шокирҷон аз зери баландошёнаҳои Душанбе қуттиҳои холӣ ва халтаи селофанӣ ҷамъ мекунад. Онҳоро бурда ба нуқтаҳои махсуси қабули ин мавод месупорад ва ба гуфтаи худаш барои ҳар килои он ҳам як сомонӣ маблағ мегирад. Нисфирӯзӣ дар хона ғизои гарм хӯрда, боз аз пайи кор мешавад.

Шокирҷон Юсуфов
Шокирҷон Юсуфов

Шоми Шокирҷон бо фурӯши пуфак дар боғи “Дӯстии халқҳо” ба анҷом мерасад. Бо ин заҳматҳо Шокирҷон мегӯяд, дар як рӯз аз 15 то 20 сомонӣ маблағ ба даст меорад ва онро ба дасти модараш месупорад. Давоми як моҳи ахир модар як қисми маблағи Шокирҷонро сарфи рӯзгор карда, боқимондаро барои сарулибоси мактабии ӯ ҷамъ мекунад. Ин навр мегӯяд, дар мавсими таҳсил талош мекунад, ки ҳеҷ гоҳ аз дарс дер намонад. Вале ҳоло дар андешаи ин аст, ки то шурӯи таҳсил барои либоси мактабии худу хоҳараш ва ҳам васоили таълим 800-900 сомонӣ ҷамъ кунад.

Ӯ мегӯяд, моли харидаи онҳо арзонтарин дар бозор аст ва ҳатто агар дилаш хоҳад ҳам, чизи гарон намехарад. “Соли гузашта як сумка бисёр ба ман маъқул шуд, аммо онро нахаридем. Рафтем ва дар 25 сомонӣ сумка харидем”, - афзуд ӯ. Шокирҷон мегӯяд, пулашро мисли дигар дӯстон барои харидани яхмос ё бозиҳои компютерӣ сарф намекунад, чунки медонад, бояд чизи аз ин муҳимтарро бихарад.

Ҳамасола бо наздик омадани соли таҳсил қимати либос, дафтару қалам ва дигар ҷиҳози мактабӣ дар бозорҳои Тоҷикистон боло меравад.

“Ба ҳар мушкил тоқат мекунам”

Модари Шокирҷон Робия Муродова чор фарзандро тарбия мекунад ва аз инҳо се нафарашон мактабхон ҳастанд. Ҳама дар як хонаи иҷора дар наздикии бозори “Саховат” зиндагӣ мекунанд. Муродова гуфт, бо вуҷуди мушкилоти молӣ медонад, ки фарзандонаш бояд дар мактаб таҳсил кунанд ва талошҳои фарзандонашро барои кӯмак дар хароҷоти оила истиқбол мекунад. Ду духтари дигари ӯ тобистони имсол бо нияти ба даст овардани пул барои омодагӣ ба мактаб ба мевачинӣ рафтанд.

“Духтаронам якеаш синфи 7 ва дигаре синфи 3 мебошад. Духтаронам барои либоси мактабӣ ба ноҳияи Айнӣ барои кор рафтанд. Аз боғ мева мечинанд, ки ягон сомонӣ кор кунанд ва либоси мактабӣ гиранд. Саводи фарзандонам хуб аст, дар мактаб бо баҳои хуб мехонанд. Ба далели онки иҷоранишин мебошам, як орзу дорам, ба мо кумак кунанд, то кулбаамро бардорам ва аз дарбадарӣ халос шавам", - афзуд Робия Муродова.

Шокирҷон
Шокирҷон

Соли нави таҳсил дар Тоҷикистон 1-уми сентябр оғоз мешавад ва беш аз ду миллион хонанда бояд бо либоси муқарраркардаи Вазорати маориф ва илм ба дарс ҳозир шаванд. Хароҷоти таҳияи ҷиҳози мактабӣ барои як хонанда дар Тоҷикистон вобаста ба вазъи иқтисодии волидон фарқ мекунад. Барои оилаҳои камбизоат таҳияи либос ва дигар маводи мактабӣ барои хонанда ба ҳисоби миёна 400-500 сомониро ташкил медиҳад.

Барои фарзандони оилаҳои доро 1000-1200 сомонӣ ва бештар аз он харҷ мешавад. Ҳамасола бо наздик омадани соли таҳсил қимати либос, дафтару қалам ва дигар ҷиҳози мактабӣ дар бозорҳои Тоҷикистон боло меравад. Дар мактаб ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ба масъалаи сару либос диққати аввалиндараҷа дода мешавад ва ҳар муҳассиле, ки сарулибосаш ба талаботи муқарранамудаи Вазорати маориф ва илм ҷавобгӯй нест, ба дарсҳо бо мушкилӣ ворид мешавад.

Бо ин ҳама Шокирҷон Юсуфов умед дорад, ки то шурӯи таҳсил барои сарулибоси мактабӣ маблағи заруриро ҷамъ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар оянда нияти табиб шуданро дорад ва барои амалӣ кардани ин орзуи худ ба ҳар мушкилӣ тоқат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG