Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дари 72 маркази дилхушӣ ва бозиҳои букмекерии Душанберо барои роҳ додани ноболиғон бастааст. Умарҷони Эмомалӣ – сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ – рӯзи 6 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан соҳибони ин марказҳо ҳушдор гирифта, вале тақозои ниҳодҳои интизомиро нодида гирифтаанд. Моликони чунин марказҳо мегӯянд, аз як тараф кам шудани муштарӣ ва аз тарафи дигар эҷоди маҳдудият онҳоро водор кардааст, ки самти фаъолияташонро тағйир диҳанд.
Пас аз сахтгириҳо занозании гурӯҳӣ миёни ҷавонони пойтахт кам шудааст.
Ҳузури 3,5 ҳазор ноболиғ дар марказҳои букмекерӣ ва...
Вай афзуд, давоми се моҳи ахир ҳузури севуним ҳазор ноболиғ дар марказҳои дилхушӣ ва бозиҳои букмекерии пойтахт ошкор шудааст. Волидони ин ноболиғон бар асоси қонуни масъулияти падару модар ҷарима шуда, дари марказҳо баста шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пас аз занозании хонандагон дар маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе, ки дар пайи он ду нафар кушта шуд, Марказҳои бозиҳои компютерӣ ва букмекериро як омили муноқиша миёни ҷавонон ном бурд. Умарҷони Эмомалӣ мегӯяд, пас аз маҳдуд кардани ҳузури ноболиғон дар Марказҳои бозиҳои компютерӣ ва букмекерӣ занозанӣ миёни ноболиғон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба маротиб камтар шудааст.
Омори занозании наврасон кам шудааст?
“Таҳлилҳо нишон доданд, ки афкори ҷавонон дар Марказҳои бозиҳои компютерӣ дар пайи бозиҳои хусусияти бадахлоқидошта дигар мешавад. Пас аз ин сахтгириҳо ва манъи рафтани ноболиғон ба чунин маконҳо аз рӯи омор занозании гурӯҳӣ миёни ҷавонон кам шуд. Дигар омилҳо низ ҳаст, ки ҷавононро ба занозании гурӯҳӣ ташвиқ мекунад, вале яке аз омили асосиро мо дар ҳамин дидем”, - шарҳ дод ӯ.
Аксар соҳибони Марказҳои компютерӣ ва Марказҳои бозиҳои букмекерӣ, ки иҷозатномаашон гирифта шудааст, талоши дигар кардани самти фаъолиятро доранд. Ашӯрҷон Зоҳиров, соҳиби як Маркази бозиҳои компютерӣ дар Душанбе, ки фаъолияташ қатъ шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, барои роҳ надодани ноболиғон огоҳӣ гирифта буд, вале рӯзе, ки марказ зери назорати як зердасташ қарор дошт, онҷо ноболиғон роҳ ёфтанд ва ин боис ба қатъи фаъолияташ гардид. Ҳоло ин соҳибкор мегӯяд, баробари аз даст додани иҷозатномаи фаъолият ҳамчун Маркази компютерӣ, талош дорад, ки коргоҳашро ба мағозаи фурӯши маҳсулоти ғизоӣ табдил диҳад.
"Мехоҳам, самти фаъолиятро дигар кунам"
“Рости гап, даромади чунин Марказҳо хеле кам шудааст. Ҳоло ҳуҷҷатҳоро омода дорам, то биноро ба дигар мақсад истифода барам”, - гуфт ӯ. Сафаргул, соҳибкори дигари тоҷик, ки молики силсилаи Марказҳои букмекерӣ дар хиёбони марказии пойтахт аст, рӯзи 6 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар марказҳои зери назараш талош доранд, қонунро риоя кунанд ва ҳеҷ ноболиғеро роҳ надиҳанд. Аммо, ба гуфтаи Сафаргул, муштариёни чунин марказҳо бо дарназардошти маҳдудиятҳо ва боло рафтани нархи истифодабарӣ камтар шудааст.
Ӯ гуфт, “борҳо шудааст, ки тасмим гирифтем, самти фаъолиятро дигар кунем. Лекин он компютеру дастгоҳҳоеро, ки мо харидаем, ҳеҷ гоҳ бо нархи худашон ба савдо намераванд. Аз ин рӯ, бо вуҷуди даромади кам лозим донистем, ки корро дар ҳамин самт давом диҳем.”
"Манъ кардан роҳи ҳал нест"
Баъди онки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар асоси Қонун дар бораи масъулияти падару модар рафтани ноболиғон ба марказҳои дилхуширо манъ кард, бисёре аз коршиносон аз он интиқод карданд. Чун ба гуфтаи коршиносон мамнӯият роҳи ҳал нест ва замоне ки ба ҷои ин марказҳо интихоби рафтан ба ҷои дигаре барои дилхушӣ ба ҷавонон нест, ин кор метавонад таъсири баръакс дошта бошад.
Бино ба иттилои расмӣ дар соли гузашта беш аз чаҳор ҳазор волидони ҷавонон барои қонуншикании фарзандони ноболиғи худ бар асоси Қонун дар бораи масъулияти падару модар ҷарима шудаанд. Аммо давоми се моҳи ахир аллакай ин шумора ба беш аз 3 ҳазор расидааст.