Нозанинро чанд соли пеш шавҳари муҳоҷираш ба вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ СПИД) олуда карду танҳо гузошт. Нозанини 40-солаи бемор яккаву танҳо монд. Вале дигарбора издивоҷ кард ва ҳоло дар мавриди издивоҷи дуборааш бо ханда қисса мекунад. Издивоҷе, ки бидуни ягон омодагӣ дар ҷойи кору бо ҷавоне аз худаш 10 сол хурд сурат гирифт.
"Як рӯз сари кор будам ва шавҳари феълиям занг заду гуфт, ҳозир бо мулло меояд. Ман гуфтам чаро бо мулло? Гуфт, издивоҷ мекунем. Баъд бинам, мулло овард. Ҳамкорон омаданд. Хулоса, ғайриинтизор никоҳ кардем. Баъд падару модараш занг зада, табрик карданд. Гуфт, ин субҳ ба падару модараш ҳам гуфтааст, ки имрӯз ба хона арӯс меорад."
Дар бораи издивоҷи афроди олуда ба ВИЧ бо ҳамдигар, маълумоти дақиқ нест. Аммо мутахассисоне, ки аз зиндагии ин ҷуфтҳо огоҳанд, чунин издивоҷҳоро муваффақ ва хушбахт медонанд
Нозанин яке аз мушовирони Созмони занони мубтало ба вируси заъфи масунияти бадан аст ва шавҳараш ҳам аз мизоҷони ин созмон буд. Ҷавон мехост, бо зане мисли худаш оиладор шавад ва Нозанин ҳам барои пайдо кардани арӯс ба ӯ кӯмак мекард, бехабар аз он, ки домод худи ӯро "таги чашм" кардааст.
"Ман ҷиддӣ фикр намекардам, вақте омаду гуфт, "ман гуфта будам, ки бо либоси сафеди арусӣ биё". Вале он рӯз ман бо либоси корӣ будам. Ман аслан фикри издивоҷро намекардам. Фарқияти сину соламон калон буд ва ба худ мегуфтам ин ҷавон асту бовар надоштам, ки метавонам бори дуввум оила барпо кунам."
Ҳоло Нозанин худро зани хушбахт медонад. Ҳатто фикр онро ҳам намекунад, ки бемор аст. Баръакс барои амалӣ сохтани нақшаву орзуҳои зиёди дигараш дар зиндагӣ талош дорад. Муҳимтарин нақшаи ӯ ва ҳамсараш ҳоло ба дунё овардани фарзанди солим аст. Ин орзуро ҳам аксар ҷуфтҳое, ки мисли Нозанину шавҳараш дар дил доранд.
Афзоиши издивоҷи афроди олуда ба ВИЧ бо ҳамтақдирони худ, масъулини созмонҳоеро, ки бо ин афрод кор мебарад хушҳол кардааст. Бо издивоҷ ин афрод аксаран ба ҳаёт умеди нав пайдо мекунанд ва ба зиндагии худ ранги дигар мебахшанд.
Созмони "Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО" имрӯз ба 700 нафари мубтало ба ин вирус кӯмак мерасонад. Аз ин созмон дар баробари дигар машваратҳо занону мардони олуда ба ВИЧ, ки аксарият ҷавонанд, барои дарёфти бахт кӯмак мепурсанд. Таҳмина Ҳайдарова, раҳбари ин созмон мегӯяд, чун кори онҳо бештар бо занон аст, аксаран мардони аз 18 то 35-сола барои пайдо кардани арӯси муносиб ба онҳо муроҷиат мекунанд.
"Мо чӣ тавр кӯмак мекунем? Бо розигии якдигар рақами онҳоро ба ҳамдигараш медиҳем. Тариқи телефон бо ҳам сӯҳбат карда меомӯзанд ва оила барпо мекунанд. Бисёртар мардҳо мегӯянд, зане бошад фарзанд надошта бошад. Ё як фарзанд дошта бошад. Зани солеҳа бошад. Духтарҳои мо аксарият гарчанде ҷавонанд, фарзанд доранд."
Шавҳардида будани зан дар ин муҳит шонси издивоҷи ӯ бо ҷавони ҳанӯз хонадорнашударо кам намекунад. Аксари хостгорҳои мард ҷавонони муҳоҷир, нашъамандони собиқ ё маҳбусоненд, ки ягон бор оиладор нашуданд. Занони олуда ба вирус бо вуҷуди ҷавонӣ оиладориро пушти сар кардаанд ва маҳз аз шавҳарони собиқ, сироят ёфтаву баъдан ба далели фавт ё ҷудо шудан, танҳо мондаанд.
Ба гуфти Таҳмина, шартҳои арӯсони олуда ба ВИЧ ҳам аз арӯсони дигар фарқ дорад. Барои онҳо муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ба мард эътимод дошта бошанд, аз гапи табибон набаромада, сари вақт доруҳояшро истеъмол кунад.
Таҳмина мегӯяд: "Ҷавон ҳастанд, мехоҳанд оилаи солим барпо кунанд. Шарт мемонанд, ки ҷавон нашъаманд набошад, нигоҳи қавӣ дошта бошад, то ман бори дуввум дар ҳаёт хато накунам. Шахсе бошад, ки таҳти табобати пурраи табибон бошад. Нашавад, ки дар давоми зиндагӣ дубора бадном шавам. Ин ҳолатҳоро ба назар гирифта, мо ҳам аз домодҳо ин чизҳоро мепурсем, ки риоя мекунанд, ё не."
Ба кӯмаки ин созмон дар як сол на камтар аз 6 ҷавони олуда ба ВИЧ бо ҳамтақдирони худ оила барпо мекунанд. Вале дар ин миён ҷуфтҳое ҳам ҳастанд, ки афроди солим ҳам хостгорашон мешаванд. Таҳмина 10 нафари олуда ба ВИЧ-ро медонад, ки бо афроди солим издивоҷ кардаанд.
Ҷуфти Самар ва Малика яке аз онҳост. Самар ҳамагӣ ду рӯзи пеш аз издивоҷ бо духтари дӯстдоштааш, фаҳмид, ки сироят ёфтааст. Дар ин ду рӯз ба ҷои омодагӣ ба тӯй, домоду арӯс тамоми вақти худро бо духтурон сипарӣ мекарданд. Суол медоданд, машварат мепурсиданд. Табибон ҳам тавсия доданд, ки тӯй лағв шавад. Вале бо хоҳиши ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттии арӯс, тӯй барпо шуд.
Малика мегӯяд, вақте аз ВИЧ будани ҳамсари ояндааш огоҳ шуд, ҳанӯз дар бораи ин беморӣ маълумоти зиёд надошт ва хеле озурда шуду ваҳму ҳарос вуҷудашро фаро гирифт. "Дар бораи ВИЧ ва СПИД гапҳои зиёд мешунидам, метарсидам. Вале чун шавҳарамро хуб мешинохтам ва бо ҳамдигар қарор гузошта будем, дигар ҳама фикрҳоро аз сар дур кардаму оиладор шудем",-мегӯяд Малика.
Ҳоло Малика дар ин бора, ки рӯзе эҳтимол ӯ ҳам сироят меёбад, аслан фикр намекунад. Аммо Самар мегӯяд, ӯ тамоми талошро хоҳад кард, то Маликаро олуда накунад. Бо кӯмаки табибон ва ҳам омӯзиши худи ӯ дар бораи ин беморӣ ҳоло ангеза ё миқдори ин вирус дар ҷисми Самар поин рафтааст, ва ин ҳам имконияти сироят кардани каси дигарро коҳиш медиҳад.
"Хушбахтии ман ин аст, ки бо вуҷуди ду соли зиндагии муштарак, ҳамсарам сироят наёфтааст. Тамоми доруҳоро сари вақт истеъмол мекунам. Фишори вирус поин рафтааст. Умед ба таваллуди фарзанди солим ҳам зиёд аст. Ман бисёр чунин оилаҳоро медонам, ки кӯдакони солим ба дунё овардаанд ва тамоми талошу гуфтаҳои табибонро мекунам, ки чунин шавад."
Бо гирифтани табобати мунтазам акнун пас аз ду сол табибон ҳам, ба онҳо иҷозат додаанд, ки дар фикри фарзанд шаванд.
Дар Тоҷикистон расман 7552 шахси олуда ба HIV ба сар мебарад, ки аз миёни онҳо 2820 зан ва беш аз 4 ҳазор нафар мардонанд. Маркази мубориза бо СПИД-и назди вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2004 ба ин сӯ аз занони гирифтори ВИЧ 1004 тифл ба дунё омадааст ва 600 нафари онҳо комилан солиманд. Дигарҳо зери назари табибон қарор доранд.
Дар бораи издивоҷи афроди олуда ба ВИЧ бо ҳамдигар маълумоти дақиқ нест. Аммо мутахассисоне, ки аз зиндагии ин ҷуфтҳо огоҳанд, чунин издивоҷҳоро муваффақ ва хушбахт медонанд. Мегӯянд, ин афрод, ки ба як дард гирифторанд, мушкили ҳамдигарро беҳтар дарк ва ҳар лаҳзаи зиндагиро қадр мекунанд.