Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домод падарарӯсро барои ВИЧ-СПИД доштанаш корд зад


Ҷавони тоҷик, ки намехост, падарарӯси гирифтори бемории ВИЧ-СПИД-аш бо наздикони ӯ дар тамос бошад, бо забраи корд маҷрӯҳ кард ва худаш низ ҷароҳат бардошт.

Наим Ҳакимов аз рӯзе, ки шунидааст, падарарӯсаш гирифтори ВИЧ-СПИД аст, аз ӯ ҳазар мекунад ва ҳамсару фарзандони худро намегузорад бо падар ва бобояш мулоқот кунанд. Нафрати ӯ нисбати хусураш оқибат корро ба хунрезӣ кашонд.

Фалокат замоне сар зад, ки падарарӯси 54-солаи Наим ҳафтае пеш аз муҳоҷирати Русия баргашт ва аз домодаш хост, ки ҳамроҳ бо духтараш ба дидани ӯ биёянд. Аммо Наим Ҳакимови 35-сола намедонад, ки ВИЧ-СПИД аз дидор, ҳамнафасӣ ё даст додан ба каси дигар сироят намекунад ва аз сари нафрату ҳазар на танҳо худаш ба мулоқоти падарарӯс наомад, балки ҳамсарашро низ нагузошт, ки ба дидорбинии падар равад.

Ҷанҷоли рӯзи даъвати меҳмонӣ аз сӯҳбати телефонӣ оғоз шуд. Пас аз баҳси телефонӣ хусур домодашро ҳақорат дод ва домод дар ҳоли асабоният ба хонаи хусур рафта, баҳсро ба кордзанӣ кашонд.

Ин ҳодиса шаби 8-уми май дар як деҳаи вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайваста, масъулони Раёсати корҳои дохилии ин вилоят мегӯянд, ки домоду хусур ҳарду ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, вале то кунун зидди ҳеҷ кадоми онҳо парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. Ҳоло муфаттишон танҳо ҳодисаро бозҷӯӣ мекунанд. Пас аз анҷоми ташхиси судӣ-тиббӣ эҳтимолан ҳам нисбат ба домод ва ҳам зидди хусур парванда боз шавад.

Бар асоси тафтишоти пешакӣ Наим Ҳакимов ба он хотир аз дидорбинии ҳамсару фарзандонаш бо падарарзсаш пешгирӣ кардааст, ки мабодо вируси норасоии масунияти бадан ё худ ВИЧ СПИД- и хусур ба зану кӯдаконаш сироят кунад

Андешаи ин ҷавон ва бархӯрдаш бо хусури бемораш дар ҳолест, ки солҳо боз созмонҳои ҷамъиятӣ ташвиқ мекунанд, ки ангал ё вируси норасоии масунияти бадан ва ё худ HIV аз тариқи сӯҳбат ва салом ба инсон намегузарад.

Пӯлод Ҷамолов, раиси созмони мустақили “СПИН-Плюс” мегӯяд, мутаассифона, то ҳанӯз сокинон муносибаташонро бо гирифторони ин беморӣ тағийр надодаанд. Ӯ мегӯяд,дар бештари маврид ВАО-и Тоҷикистон ин мавзӯъро тавре пӯшиш медиҳанд, ки хонандаро ба ваҳшат меорад.Ба гуфтаи Пӯлод Ҷамолов, сокинон аз ин мавзӯъ огаҳӣ доранд, аммо бардоштҳояшон аксаран ғалат аст:

“Аксари мардум дар бораи ин беморӣ медонанд. Медонанду мешунаванд, вале бовар намекунанд. Одамони солим мегӯянд, ки ҳамааш дурӯғ аст, ин беморӣ сироят мекунад. Ҳанӯз ҳам гирифторони ин бемориро дар ҷомеа на танҳо атрофиён, балки наздикон хуш қабул надоранд. Дареғ, ки ВАО-и худамон нодуруст кор мекунанд ва инсонҳоро метарсонанд. Рӯзноманигорон ба дунболи сенсатсия мераванд ва ин бемориро хеле даҳшатнок нишон медиҳанд. Бояд бо аҳолӣ ҷиддитар кор кард, дар сатҳи маҳалҳо ба таври фардӣ дар ин мавзӯъ сӯҳбат кард. Инро бояд бифаҳманд, ки ин беморӣ танҳо тариқи алоқаи ҷинсӣ ва аз хун ба хун сироят мекунад.”

Гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, зиндагии хиҷолатмандона доранд ва ҳамеша аз он хавф мебаранд, ки асрори маризиашон ба дигарон ошкор мешавад.

Назира, як зани 42-сола, 10 сол пеш аз шавҳари нашъамандаш ангали ВИЧ-СПИД гирифт. Назира мегӯяд, ки ӯ ва шавҳараш ҳамдигарро хуб фаҳмидаанд, аммо наздикон онҳоро чандон хуш қабул надоранд. Ӯ мегӯяд, вақте андешаи сокинонро дар бораи ин беморӣ мефаҳмад, аз ошкор шудани бемориаш сахт метарсад.

Ин зан мегӯяд, бештар занҳои гирифтори чунин беморӣ табъиз мешаванд.

“Як нафарро медонам, ки зану шавҳар аз 50 боло ҳастанд. Мард за Русия омад ва баъди чанд сол дар хуни ҳарду ин вирус пайдо шудааст. Ҳоло мард занро муттаҳам мекунад, ки ман аз ту сироят ёфтаам ва зан мардро. То ҳол бо ҳам созиш намекунанд, ки рафта якҷоя табобат гиранд,” -- мегӯяд Назира.

Сӯҳбат бо бонуи бемор (Аз бойгонии Радиои Озодӣ)

Суҳбат бо бонуи тоҷике, ки мубталои СПИД аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00

Пӯлод Ҷамолов низ мегӯяд, бархе ба хотири он ки дигарон аз бемориашон ошкор нашаванд, аз табобат худдорӣ мекунанд.

Бар асоси як таҳқиоти анҷомдодаи маркази тадқиоти стратегии назди президленти Тоҷикистон 90 дарсади гирифторони ВИЧ пайваста шаклҳои мухталифи табъизро эҳсос мекунанд. Аз ҷумла 90 дарсад ба ҳангоми муошират, 67 фоиз вақти дарёфти кор, наздики 70 фисад замони гирифтани кӯмаки тиббӣ, 34 фоиз дар ҳолати муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 39 дарсад дар хонаводаҳояшон бо табъиз рӯ ба рӯ мешудаанд.

Ҳоло гирифторони бемори ангали масунияти бадан ё худ ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон расман ба 6558 нафар мерасад. Ин беморӣ аз тариқи хун ва алоқаи ҷинсӣ ба инсон сироят мекунад, аммо сокинон аксаран хавф доранд, ки вохӯрдан бо гирифторони чунин беморӣ низ хатарнок аст.

Намунаи барҷастаи ин ҳолат занозании домод бо хусури гирифтори бемории вируси норасоии масунияти бадан ва ё худ ВИЧ СПИД мебошад, ки дар Тоҷикистон собиқа надоштааст.

XS
SM
MD
LG