Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муоинаи маҷбурии СПИД дар миёни муҳоҷирони Ӯзбакистон


Дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд ононеро, ки аз хориҷа аз мардикорӣ бармегарданд, ба марказҳои муоинаи тиббӣ мебаранд ва онҳоро маҷбур мекунанд, ки аз муоина бигзаранд.

Дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд ононеро, ки аз хориҷа аз мардикорӣ бармегарданд, ба марказҳои муоинаи тиббӣ мебаранд ва онҳоро маҷбур мекунанд, ки аз муоина бигзаранд.

Бино ба маълумоти манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ - радиои Озодлик, муоинаи дастаҷамъонаи сокинони Зангиота як ҳафта пеш шурӯъ шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ҳар кас бояд ба таври ҳатмӣ аввал дар шӯъбаи пулис аз сӯҳбат бигзарад, сипас ба муоина равад.

Яке аз сокинони ноҳияи Зангиота, ки 6 июл аз муоинаи тиббӣ гузаштааст, ба Радиои Озодлик гуфт, ки кормандони ниҳодҳои интизомӣ аслан бо сокиноне сӯҳбат мекунанд, ки аз хориҷи кишвар аз муҳоҷират баргаштаанд.

Вай мегӯяд, “онҳо аз ман пурсиданд, ки фалон рӯз дар фалон соат барои чӣ ман ба Қазоқистон сафар кардаам, бо кӣ вохӯрдам, дар бораи чӣ сӯҳбат кардам ва кай баргаштам”. Ин мард мегӯяд, аз вай пурсидаанд, ки дар он ҷо бо қочоқи инсон ва бо ифротгароии мазҳабӣ рӯ ба рӯ шудааст ё на.

Забонхати сокинони ноҳияи Зангиотаи Узбакистон
Забонхати сокинони ноҳияи Зангиотаи Узбакистон

Ба гуфтаи ин манбаъ, кормандони ниҳодҳои интизомӣ баъд аз сӯҳбат бо сокинони ноҳия аз онҳо дархост карданд, ки забонхат нависанд ва дар он имзо гузоранд. Сипас онҳоро ба поликлиника мефиристанд, то онҳо дар он ҷо аз муоинаи тиббӣ бигзаранд.

Ин сарчашма мегӯяд, барои муоинаи бемории ВИЧ ё ангезандаи бемории СПИД (вируси норасоии масунияти бадан) ҳамаи сокинони аз 17 то 50 солаи Зангиота хун месупоранд.

СПИД дар миёни муҳоҷирони корӣ

Мақомоти раҳбарии ноҳияи Зангиота мегӯянд, ки якбора боло рафтани шумораи беморони гирифтори ВИЧ ё ангезандаи бемории СПИД дар байни аҳолӣ мақомотро водор сохтааст, ки муоинаи маҷбурии сокинонро ташкил кунанд. Вале онҳо дар бораи шумори гирифторони ин беморӣ дар ноҳия маълумот надодаанд.

1 июл дар Тошканд ҷаласаи вижа баргузор шуд. Дар ин ҷаласа низ мақомот аз бемории ВИЧ/СПИД дар кишвар изҳори нигаронӣ карданд. Ба гуфтаи Қаҳрамон Қурбонбоев, раҳбари Маркази рӯҳониёни Ӯзбакистон, ин гуна муоинаҳои тиббӣ барои он гузаронда мешавад, ки баъзе муҳоҷирони корӣ аз Русия ва Қазоқистон бо бемории СПИД баргаштаанд ва мавридҳои гирифторӣ ба ин гуна беморӣ афзоиш ёфтааст.

Як мақоми Ӯзбакистон мегӯяд, “шавҳарон оилаҳои худро тарк мекунанд ва дар муҳоҷират бо ҳар кори дилхоҳи худ машғул мешаванд. Ҳамин гуна занҳои онҳо бе нигаҳбон мемонанд. Ҳоло дар саросари кишвар бештар аз ду ҳазор кӯдак гирифтори бемории СПИД мебошад. Танҳо дар як ноҳия шумораи кӯдакони олуда ба ангезандаи бемории СПИД ба сад нафар мерасад.”

Дар Ӯзбакистон аз соли 2008 гузаштани муоинаи тиббӣ барои нафарони аз муҳоҷирати корӣ баргашта ҷорӣ шудааст. Вале бори аввал мушоҳида мешавад, ки сокинон ба таври дастаҷамъӣ аз муоинаи тиббӣ бигзаранд.

Соли 2014 мақомоти Маркази мубориза бо ВИЧ СПИДи Ӯзбакистон хабар доданд, ки дар муқоиса бо солҳои гузашта шумори мубталоёни ин вирус дар миёни муҳоҷирони афзуда, аз 272 нафар дар соли 2012 СПИД то 531 нафар дар 10 моҳи соли 2014 расидааст. Аз ин миён, беш аз нисфашон мардон мебошанд. Дар маҷмӯъ, ба иттилои раиси ин марказ Нурмат Отабеков, ки аз ҷониби оҷонсии "Регнум" нашр шудааст, дар оғози соли 2014 дар ин кишвар 28250 нафар гирифтори ВИЧ СПИД ба қайд гирифта шудааст. Аз 10 шаш нафари онҳо аз роҳи алоқаи ҷинсӣ ва боқӣ аз роҳи интиқоли хуни бемор ба нафари солим сироят гирифтаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG