Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси марговар 6,5 ҳазор нафарро дар Тоҷикистон мубтало кард. ВИДЕО


1 декабр - рӯзи ҷаҳонии мубориза бо вируси заъфи масунияти бадан СПИД аст. Дар Тоҷикистон шумори гирифторони ин вирус ҳамоно афзоиш меёбад.

СПИД – вируси заъфи масунияти бадан яке аз бемориҳои хатарноки қарни 20 унвон мешавад, ки дар солҳои 1980 дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ошкор ва дар Тоҷикистон нахустин бор соли 1991 ба қайд гирифта шудааст. Аз он замон то имрӯз шумори мубталоён ба ин вируси марговар афзоиш меёбад ва ҳоло, аз рӯи арзёбиҳои расмӣ, 6621 нафар гирифтори ин вирус дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

Танҳо соли ҷорӣ беш аз 700 ҳодисаи нави гирифторӣ ба ин вирус ба ошкор шудааст. Мутахассисони соҳаи беҳдошт мегӯянд, дар миёни онҳое, ки хунашон ба ин вирус олуда шудааст, аз ҳар 10 нафар – 6 нафарашон тавассути алоқаи ҷинсӣ гирифтор шудаанд.

Дар Тоҷикистон маъракаҳои огоҳонии мактабиён аз хатарҳои СПИД ҳам баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон маъракаҳои огоҳонии мактабиён аз хатарҳои СПИД ҳам баргузор мешаванд

Дар ин бора рӯзи 1 декабр Тоҳир Шерхонов, як масъули Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди СПИД ба хабаргузории «Ховар» хабар додааст. Вай гуфтааст, дар Тоҷикистон ба гурӯҳи осебпазир дар баробари СПИД истеъмолкунандаҳои маводи мухаддир, муҳоҷирони корӣ ва ҳам онҳое дохил мешаванд, ки иртиботи бебандубори ҷинсӣ доранд. Дар миёни гирифторони ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон солҳои 2000-ум инчунин шумори занҳо ҳам зиёд шуд. Ташхис муайян кардааст, ки ҳамсарони муҳоҷирони корӣ баъди бозгашти шавҳаронашон аз Русия дучори ин беморӣ шудаанд. Соли 2012 шумори занони гирифтори ВИЧ 1100 нафар буд.

Табибон мегӯянд, дар сурати сари вақт ошкор шудани нишонаҳои олудагии хун ба ин вирус, ҷони нафарони зиёдро мешавад наҷот дод. Муолиҷаи СПИД хароҷоти калонро талаб мекунад ва танҳо як марҳилаи табобаташ то 8000 доллар арзиш дорад. Барои кӯмак ба гирифторони СПИД дар Тоҷикистон аз солҳои 1990-ум созмонҳои байналмилалӣ дасти ёрӣ дароз кардаанд.

Дар ҳошияи муаррифии ташхисгони нави СПИД дар Кӯлоб
Дар ҳошияи муаррифии ташхисгони нави СПИД дар Кӯлоб

Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон, бо мусоидати созмонҳои байналмилалии мубориза бо СПИД, назири “Hope” ва дигарҳо, сатҳи огаҳии мардум аз хатарҳои ин беморӣ боло бурда шуд ва ҳоло дар ҳама муассисаҳои тиббӣ огаҳинома ва ё таблоҳои машваратӣ оид ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз сироят ба чашм мерасад.

Ташхисгоҳи нави СПИД дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 1 декабр созмони байналмилалии "Табибони бидуни марз" дар маркази ВИЧ-СПИД шаҳри Кӯлоб бо маблағи даҳҳо ҳазор сомонӣ ташхисгоҳи навро ба истифода доданд. Амиралӣ Миралиев, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб рӯзи панҷшанбеи 1-уми декабр дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷон Раҳматзода гуфт, ин ташхисгоҳ, ки бо даҳҳо ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз мебошад.

"Дар баробари омода кардани ташхисгоҳи муосир, созмони "Табибони бидуни марз" боз ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ маводи дорувор ҳам таъмин карданд. Ҳамкории мо бо ин созмон ду сол аст, ки идома дорад", - гуфт Миралиев.

Ҳамакнун, ташхис ва ошкорсозии нишонаҳои вируси заъфи масунияи бадан СПИД дар хуни сокинони Кӯлоб дар ҳамин ташхисгоҳ имконпазир мешавад ва зарурати мисли пешина ба Душанбе фиристодани нишонаҳои хуни муштариён аз байн меравад.

Ҳазар аз бемор

Аз назари созмонҳои ҷамъиятие, ки барои гирифторони СПИД ва наздикони онҳо кӯмак мекунанд, як масъалаи ҷиддӣ ҳамоно стигма ва ё ҳазар аз гирифторони ин маризӣ аст. Аксари гирифторони СПИД мегӯянд, ки бо бархӯрди бади мардум ва ё худдории одамон аз ҳамнишиниву ҳамкосагӣ бо худ бисёр дучор мешаванд, дар ҳоле, ки ин вирус танҳо тавассути алоқаи ҷинсӣ, хунгузаронӣ ва ё шири модари бемор ба кӯдак сироят мекунад.

Дар як сӯҳбаташ бо хабарнигори радиои Озодӣ Шаҳлои Гулхоҷа декабри соли 2012 зани тоҷике, ки гирифтори ВИЧ СПИД шудааст, таҷрибаи талхи худро қисса кард:

Суҳбат бо бонуи тоҷике, ки мубталои СПИД аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00

XS
SM
MD
LG