Дар пайи амри вазири умури дохила ҷиҳати ташдиди мубориза бо танфурӯшӣ ва рӯйхат кардани тамои танфурӯшону даллаҳо ва беморони ҷинсӣ зоҳиран дар Тоҷикистон маъракаи наве алайҳи ҷиноятҳои шаҳвонӣ оғоз мешавад. Вале дар маҳофил мегӯянд, фақат бо зӯрӣ решакан кардани фаҳшо дар ҷомиа ғайримумкин аст.
Ин маърака, ки ба дунболи як суханронии пурэҳсос ва амри вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода дар мавриди ташдиди мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқиву шаҳвонӣ авҷ мегирад, тавре ба назар мерасад, дар ҷомиаи аксаран мусалмон ва суннатии Тоҷикистон мавриди истиқболи аксарият қарор гирифтааст. Мардуми оддӣ ба ин далел ки танфурӯшон як манбаи сирояти бемориҳои ҷинсӣ ва ҳатто ВИЧ - вируси ангезандаи маризии қаттоли СПИД - дониста мешаванд, мегӯянд, кайҳо фурсати аз байн бурдани фаҳше ки сурати саросарӣ гирифта буд, фаро расидааст.
Соҳибназарони тоҷик низ аз ибтикори вазири умури дохила ҷиҳати пурзӯр кардани мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ ба сурати умум истиқбол мекунанд, вале мегӯянд, ин падидаро танҳо бо як ё ду маърака ва бо “ура-ура” наметавон решакан кард. Нигаронии аҳли назар ҳамчунин ин аст, ки мабодо ин маърака ҳам мисли маъракаҳои дигари ҳукумати Тоҷикистон ба асбоби дигари фасод дар дасти мақомоти интизомӣ табдил шавад. Ҷомишиносон мегӯянд, танфурӯшӣ беҳуда унвони “қадимтарин касб”-ро надорад, вале дар тӯли таърих ҳама талошҳои аз байн бурдани он, ҳатто бо зарби шамшеру таҳдиди сангсору банди дор, натиҷа наовард ва ин касбу касаба, бино ба омори расмӣ, ҳамчунон садҳо нафарро дар Тоҷикистон “нон” медиҳад.
Рӯҳонии тоҷик Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, “танҳо бо зӯру бо маъракасозӣ наметавон пеши роҳи фасоди ахлоқиеро, ки тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа реша давондааст, гирифт. Бояд аз ду самт ва решаӣ ба мубориза алайҳи он бархост. Самти аввал – тарбияи ахлоқист, ки бояд комилан ислоҳ шавад. Ва самти дувум – беҳбуди зиндагии мардум, чунки бисёре аз ин занону духтаронро нодорӣ ба ин роҳи хатарнок тела медиҳад.”
Зубайдуллоҳи Розиқ ба фарқ аз бисёрии онҳое ки мегӯянд, аз минбар дур кардани рӯҳониёни мӯътабар сабаби афзоиши танфурӯшӣ шудааст, назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, аз минбарҳо дур кардани рӯҳониёни бонуфуз кори чнад соли охир аст, вале фасоди ахлоқӣ падидаест, ки дар тӯли солиён батадриҷ густариш ёфтаву то ба ин ҳадди имрӯз саросарӣ шудааст.
Як ҷомиашиноси тоҷик дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “пурзӯр” кардани мубориза бо ин ё он зуҳурот дар пайи амри мақомҳои баландпоя дар Тоҷикистон як амри маъмулӣ шудааст, вале ин маъракаҳо низ одатан баъди муддати кӯтоҳе бидуни натиҷаи қобили мулоҳиза хомӯш мешаванд. Ба бовари ин ҳамсӯҳбати мо, маъракаи зидди танффурӯшҳо ва беморони ҷинсиро низ айни сарнавишт мунтазир хоҳад буд. Ӯ бо ишора баа мизони фасод бахусус дар мақомоти пулис мегӯяд, "ба касе пӯшида нест, ки аксари фоҳишахонаҳо зери чатри мақомот амал мекунанд ва “ҳаққ”-и онҳоро месупоранд ва аз ин рӯ гумон аст, ки маъмурони милиса, мурғеро, ки барояшон “тхуми тилоӣ” мезояд, бо дасти худ сар бизананд."
Аз тарафи дигар, қонунҳои Тоҷикистон ба истиснои даллагӣ, дар мавриди боқӣ танфурӯшон танҳо ҷарима ва ҳадди аксар ҳабси маъмуриро пешбинӣ кардааст. Албатта, агар касе аз “муштариён” гирифтори бемории гузарандае шуда, расман шикоят барад, метавон танфурӯшро ба “расондани зарар ба саломатӣ” ҳам айбдор кард ва ягон сол шинонд. Вале аз як тараф, исбот кардани инки ин беморӣ маҳз аз ҳамин танфурӯш сироят кардааст, кори сахт аст. Аз тарафи дигар, дар ҷомиаи муҳофизакори Тоҷикистон тақрибан касе ҷуръат намекунад, ки хабари печиданаш ба бемории ҷинсиро ба мазҳари ом кашионд. Аксар аз тарси шарманда шудан дар чашми мардум тибқи мақоли “сари кафида – зери тоқӣ” амал мекунанд ва табобати пинҳонии маризиашро бартар медонанд.
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, қарори маълум, рӯзи 5 июн дар як ҷаласаи фаврии ин вазорат амр дод, ки тамоми афроди гумонбар ба танфурӯшӣ ва даллагиро рӯйхат кунанд ва ҳамин тавр, рӯйхати электронии афродеро таҳия кунанд, ки гирифтори бемориҳои ҷинсӣ шудаанд. Пешниҳоди дигари ӯ ислоҳи Кодекси оила буд, то домодҳову арӯсҳо дар оянда қабл аз издивоҷ муваззаф карда шаванд, то тавассути пулис саломатии ҳамсарони ояндаи худро тафтиш кунанд.
Ба дунболи ин, сомонаи вазорати умури дохила билофосила дар бораи дастикам ду мавриди боздошти афрод бо гумони ташкили фоҳишахона ва ду мавриди боздошт бо гумони “”алоқаи ҷинсӣ” ва “ҳаракатҳои бадахлоқона” нисбат ба ноболиғон гузориш додааст.
Аз ҷумла сомонаи вазорати умури дохила хабар медиҳад, ки рӯзи 6 июн, яъне 1 рӯз баъд аз суханронии вазир, маъмурони шӯъбаи дувуми умури дохилаи ноҳияи Синои Душланбе сокини пойтахт Б.Содиқоваро “ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона” дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, “дастгиршуда манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: Ҳ.З., соли таваллудаш 1977, сокини н.Ҳисор, С.Б., соли таваллудаш 1982, сокини н.Файзобод ва И.Х., соли таваллудаш 1987, М.Р., соли таваллудаш 1984 сокинони н.Тавилдара барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо маблағи 100 сомонӣ гирифтааст.”
Қаблан ҳамчунин гузориш шуда буд, ки рӯзи 4 июн Маҳмадрасул Солеҳов, посбони 19-солаи осоишгоҳи “Самиг” дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат низ “ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахонаҳо” боздошт шуд. Сомонаи вазорати умури дохила мегӯяд, “муайян карда шуд, ки дастгиршуда дар истироҳатгоҳи мазкур фоҳишахона ташкил намуда, худи ҳамон рӯз ба ивази 100 сомонӣ ба шаҳрвандон: Ҳасанов Сайдраҳмон, соли таваллудаш 1983, Маҳмудов Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1990, сокинони ш.Ваҳдат ва С. Г., соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё сохтааст. Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.”
Ҳамин тавр, як сокини 20-солаи ноҳияи Вахш бо гумони алоқаи ҷинсӣ бо як духтари ноболиғи зери синни 16 дар боғи ин ноҳия ва як зодаи 29-солаи ноҳияи Мӯъминобод дар шаҳри Душанбе бо гумони “ҳаракатҳои бадахлоқона” дастгир шудаанд.
Рамазон Раҳимзода, қарори маълум, рӯзи 5 июн дар як ҷаласаи фаврии ин вазорат амр дод, ки тамоми афроди гумонбар ба танфурӯшӣ ва даллагиро рӯйхат кунанд ва ҳамин тавр, рӯйхати электронии афродеро таҳия кунанд, ки гирифтори бемориҳои ҷинсӣ шудаанд. Пешниҳоди дигари ӯ ислоҳи Кодекси оила буд, то домодҳову арӯсҳо дар оянда қабл аз издивоҷ муваззаф карда шаванд, то тавассути пулис саломатии ҳамсарони ояндаи худро тафтиш кунанд.
Ба иттилои масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар соли 2013 дар ин кишвар 1641 мавриди танфурӯшии занону духтарон сабт шудааст, ки 338 зану духтар нисбат ба соли 2012 бештар аст. 41 нафари онҳо духтарони ноболиғ будаанд. Дар маҷмӯъ дар соли 2013 дар Тоҷикистон 189 фоҳишахона кашфу ошкор шудааст, ки ин ҳам нисбат ба як соли пеш 39 адад зиёд будааст. Омори расмие аз соли 2014 дар бораи шумори танфурӯшону фоҳишахонаҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз нашр нашудааст.