Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 22 гумонбар дар қатли як ҷаҳонгард дар Покистон


Як ҷаҳонгардро дар Свот куштанд ва оташ заданд
Як ҷаҳонгардро дар Свот куштанд ва оташ заданд

Дар Покистон 22 нафарро ба ҳабс гирифтанд, ки як ҷаҳонгардро бо иттиҳоми тавҳин ба муқаддасоти динӣ дар як ҳамлаи гурӯҳӣ куштаанд.

Боздошти ҳамлагарон рӯзи якшанбе дар ноҳияи Своти вилояти Хайбар Пахтунхва ҷараён гирифт.

Бача Ҳазрат, раҳбари пулиси тафтишотии Свот гуфт, ҳамаи ҳабсшудаҳо барои ҳодисаи куштори ҷаҳонгард дар рӯзи 20-уми июн ва ҳамла ба идораи пулис аз рӯи моддаҳои куштор ва амали террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳазрат инчунин гуфт, ки марди қурбонӣ, ки барои гӯё таҳқир кардани як ибодатгоҳ латукӯб ва баъдан оташ зада шуд, дар тавҳин ба муқаддасоти динӣ гунаҳгор мешавад.

XS
SM
MD
LG