Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил аз нияташ барои ҳамла ба Ҳизбуллоҳ дар Лубнон гуфт


Дар ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳ ҷангалзорҳои Исроил оташ гирифтаанд.
Дар ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳ ҷангалзорҳои Исроил оташ гирифтаанд.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, рӯзи 24-уми июн гуфт, як бахши амалиёт алайҳи гурӯҳи ҲАМОС, ки онро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи террористӣ номидаанд, дар Рафаҳ дар ҳоли анҷом ёфтан аст.

Ӯ гуфт, Исроил акнун метавонад ба сарҳадҳои шимолиаш барои муқобила бо гурӯҳи ҷангии Ҳизбуллоҳ дар Лубнон нерӯ фиристад.

Ин таҳаввулот метавонад таниши миёни Исроил ва Эронро, ки аз Ҳизбуллоҳ ҳимоят мекунад, бештар кунад, чун вазъи имрӯза бе ин ҳам ба ҳолати ҷанг наздиктар мешавад. Нетаняҳу ҳамчунин ишора кард, ки ҷанг дар Ғазза ба ин зудиҳо поён намеёбад.

Бо вуҷуди танқидҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, Исроил ба Рафаҳ, охирин паноҳгоҳи фаластиниён дар Ғазза ҳамла кард. Мақомоти Исроил Рафаҳ, шаҳре дар марзи Мисрро, охирин паноҳгоҳи ҲАМОС медонанд.

Ҳоло Исроил иддао дорад, ки ҲАМОС заиф шудааст ва имкони сафарбар кардани нерӯҳои исроилӣ ба ҷабҳаи дигари ҷанг алайҳи Ҳизбуллоҳ имконпазир аст.

Ҳизбуллоҳ, як гурӯҳи мусаллаҳ дар Лубнон аст, ки аз замони ҳамлаи Исроил ба Ғазза ин кишварро мушакборон мекунад.

Исроил чанд фармондеҳи ин гурӯҳро дар ҳамлаҳои паҳбодӣ кушт ва Ҳизбуллоҳ ҳамлаҳояшро ба Исроил бештар кард.

Рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ҲАМОС ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил дар посух ба Ғазза барои нобудии ҲАМОС ҳамла кард.

Исроил иддао дорад, ки ҲАМОС-ро заъиф кардааст, вале ин гурӯҳ бо нашри наворҳои ҳамла ба низомиёни исроилӣ инро рад мекунанд.

Дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза беш аз 37 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG