Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии тарафдори Русияро дар Украина озод карданд


Ионафан
Ионафан

Дар Украина раҳбари калисои провославӣ пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуд ва қарор аст ба Русия фиристода шавад.

Дар ин бора рӯзи 22-юми июн маъмурияти калисои православии Маскав хабар дод.

Исқуф Ионафан, ки аз ҷанги Русия алайҳи Украина тарафдорӣ карда буд, соли 2023 ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд ва ба навиштаи калисои Маскав, бо талошҳои раиси калисои православӣ дар Русия, Кирилл озод гардид.

Тафтишот гуфт, Ионафан дар миёни ибодаткунандагон варақаҳои таблиғотӣ паҳн карда, ҳуҷуми Русияро ба хоки Украина кори дуруст номида буд.

Калисои православӣ яке аз ду муассисаи динии муҳим дар Украина ба шумор меравад ва ба Маскав итоат мекунад.

XS
SM
MD
LG