Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз ишғоли як шаҳраки дигари Украина хабар дод


Шаҳраки Очеретино
Шаҳраки Очеретино

Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 5-уми май аз ғасби як шаҳраки дигаре дар вилояти Донетски Украина хабар дод.

Дар хабарномаи ин вазорат гуфта мешавад, ки “шаҳраки Очеретино пурра озод карда шуд.”

Амалҳои Русияро дар Украина кишварҳои ғарбӣ ғасбкорӣ меноманд.

Украина ҳанӯз ғасби Очеретиноро шарҳ надодааст.

Ин шаҳрак аз он лиҳоз муҳим дониста мешавад, ки аз ҳудуди он ба дигар шаҳрҳои Украина роҳи оҳан мегузарад. То замони ҷанг дар онҷо 3,5 ҳазор нафар зиндагӣ мекард.

Пас аз ишғоли Очеретино Русия барои ғасби шаҳри Часов Яр омода мешавад. Ин шаҳр дар баландӣ ҷойгир буда, эҳтимол ба нерӯҳои рус имкони ғасби комили вилояти Донетскро медиҳад.

Коршиносони низомӣ мегӯянд, ин вазъ хастагии сарбозони украинӣ аз ҷанг ва мутобиқ шудани сарбозони рус ба вазъияти бӯҳрониро нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG