Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Масъуд то Пупал. Хонаҳои муҷаллали даҳ мақоми пешини Афғонистон дар Дубай


ОCCRP (Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта) маълум кардааст, ки ба камияш даҳ мансабдори пешини Афғонистон ва наздикони онҳо дар Дубай соҳиби дафтар ва хонаҳои муҷаллал ҳастанд.

Таҳқиқи “Dubai Unlocked” рӯзи 14-уми майи имсол нашр шуд. Ин рӯйхат номи Ҳусайн Фаҳим, Адиб Фаҳим, Аҳмадвалӣ Масъуд, Асадуллоҳ Холид, Амирзай Сангин, Атиқуллоҳ Барёлӣ, Камолиддин Набизода, Мирраҳмон Раҳмонӣ, Аҷмал Раҳмонӣ, Рошид Пупал ва Саид Исмоил Амириро дар бар мегирад.

Муаллифон гуфтаанд, Ҳусайн Фаҳим, бародари маршал Муҳаммад Қасим Фаҳим, муовини пешини Ҳомид Карзай, соҳиби як хонаи боҳашамат ба арзиши беш аз 8 миллиону 500 ҳазор доллар ва як дафтар (офис) ба арзиши наздик ба 300 ҳазор доллар дар Дубай ҳаст.

Писари маршал Фаҳим бо номи Адиб Фаҳим соҳиби чаҳор хона будааст: Як хонаи калони муҷаллал ба арзиши як миллиону 400 ҳазор доллар ва се хона дар биноҳои баландошёна, ки дутои он беш аз 800 ҳазор доллар ва яке тақрибан 500 ҳазор доллари амрикоист.

Бар асоси ҳамин гузориш, Аҳмадвалӣ Масъуд, довталаби пешини курсии президент дар Афғонистон, соҳиби як хонае ба арзиши беш аз 1 миллиону 850 ҳазор доллар дар Дубай будааст. Амирзай Сангин, вазири мухобироти Афғонистон дар солҳои 2004-2014, соҳиби ду хона ба арзиши беш аз 390-ҳазордолларӣ дар Дубай аст.

Аҳмадвалӣ Масъуд
Аҳмадвалӣ Масъуд

Гузориш афзудааст, Асадуллоҳ Холид, вазири дифоъ ва раҳбари пешини Раёсати амнияти миллии Афғонистон, соҳиби як хонаи калони муҷаллал ба арзиши наздик ба 6 миллион доллари амрикоӣ ва Атиқуллоҳ Барёлӣ, раиси Кумисюни халъи силоҳ ва муддате муовини вазири дифоъ, соҳиби як манзил ба арзиши беш аз 731 ҳазор доллар амрикоӣ ҳастанд.

Асадуллоҳ Холид
Асадуллоҳ Холид

Дар идома омадааст, ки Камолиддин Набизода, як тоҷири афғон ва сафири пешини Афғонистон дар Русия молики як хона ба арзиши беш аз 258 ҳазор доллар хонда шудааст.

Бар асоси гузориши OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, Рошид Пупал, писари амаки Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ва мудири як ширкати амниятӣ дар замони ҳукумати пешини Афғонистон, молики як хонаи калони муҷаллал ба арзиши наздик ба 4 миллион доллар дар Дубай аст.

Гузориш меафзояд, Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси пешини порлумони Афғонистон ва писараш Аҷмал Раҳмонӣ молики чаҳор ҷойдод ба арзиши ҳудуди 5 миллион доллар мебошанд. Ба шумули як хонаи калони муҷаллал, як дафтар ва ду манзил, ки яке аз он дар Бурҷи Халифа ҷойгир аст.

Мирраҳмон Раҳмонӣ
Мирраҳмон Раҳмонӣ

OCCRP ҳамчунин афзудааст, Саид Исмоил Амирӣ, шаҳрванди Амрико ва аз наздикони як мақоми пешини низоми ҷумҳурӣ, бинобар нақш дар суистифодаи молии беш аз 100 миллион доллар ва сохтакории аснод соҳиби як хонаи тобистона ба арзиши беш аз 1 миллиону 631 доллар дар Дубай аст.

Радиои Озодӣ талош кард бо баъзе аз ин афрод суҳбат кунад ва назарашонро дар ин бора дарёфт намояд, аммо муваффақ нашуд.

Дар гузориши OCCRP омадааст, ин тарҳ ба ҳар фарде, ки номашон дар гузориш зикр шудааст, нома фиристод, то дар робита ба иддаои воридшуда назарашонро баён кунанд, аммо посух нагирифтанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран OCCRP дар гузориши ҷудогона навишт, Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси пешини порлумон ва писараш Аҷмал Раҳмонӣ ҳудуди 15,2 миллион доллар аз кумакҳои Амрикоро ба хариди биноҳои баландошёна, маҷмуаи истироҳатӣ ва хонаҳои бузурги муҷаллал дар Дубай сармоягузорӣ кардаанд.

Ин ду тан дар охири соли гузашта аз тарафи Амрико ба иттиҳоми аз худ кардани пули давлат ва суистифодаи молии миллионҳо доллар аз ёриҳои Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистон мавриди таҳрим қарор гирифтанд. Аммо онҳо дар он замон ин иттиҳомро рад карда буданд.

Пас аз суқути давраи аввали ҳукумати "Толибон" дар соли 2001, Амрико миллиардҳо доллар барои бозсозӣ ба Афғонистон ёрӣ кард, ки бар асоси гузоришҳо, бисёре аз қарордодиҳои ИМА ва мақомҳои пешини Афғонистон ба суистифодаи молӣ ва аз худ кардани ин пулҳо муттаҳаманд.

XS
SM
MD
LG