Бино ба ҳамин пажӯҳиш аз се як ҳиссаи заноне, ки тариқи технологияҳои муосир ё интернет озор дидаанд, дар шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ ва ҳар даҳум зан тавассути барномаҳои паёмрасон ва ё номаҳои электонӣ табъизу таҳқир шудаанд.
Интернет роҳи нави озору табъизи занон?
Муҳаққиқон дар пайи сӯҳбат бо ҳазорҳо зан ба ин хулоса омадаанд, ки фанновариҳои иттилоотӣ агарчӣ барои онҳо икониятҳои васеъ пешниҳод мекунад, баробар бо ин ба таҷовузгарон роҳу василаҳои нави озору азияти занонро фароҳам кардааст.
Таҳдиди бадномӣ ё “шантаж” ва табъиз аз мушкилотест, ки занону духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман дар интернет солҳои ахир пайваста ба он дучор мешаванд.
Дар нашри навбатии Салом, хоҳар ба ҳамин масъала рӯ морем. Чун ҳоло ҳама бо тақозои кору зиндагӣ, ё барои тамос бо наздикон бо интернет сарукор дошта, ҷойи нигаҳдории тамоми маълумоти заруриву арзишманд ҳам ҳамин телефонҳои мобилӣ ё компютеру шабакаҳои иҷтимоӣ шудаанд.
Мутахассисони мегӯянд, занону духтарон дар баробари ин мушкил бештар осебпазиранд.
Боздоштҳо барои тамаъҷӯӣ ва озори духтарон дар интернет
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар гузашта аз боздошти чандин ҷавононе хабар дод, ки бо ҳадафҳои гуногун, аз ҷумла қасди пулкоркунӣ духтаронро таҳдид мекарданд. Соли 2022 мақомот аз боздошти беш аз даҳ ҷавон барои таҳдид ва беобрусозии духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода буданд.
Дар бисёр ҳолатҳо ҷавонон духтаронро аз он метарсонанд, ки бо истифода аз аксу наворҳои маҳрамона онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бадном мекунанд. Ҳолатҳои шикастану дастрасӣ пайдо кардан ба саҳифаҳо ва маълумоти шахсии онҳо ҳам будааст. Дар баъзе мавридҳо кор бо фоҷеа ҳам анҷом ёфта буд.
Ба гуфтаи коршиносон бадномкунии афрод бо нашри аксу наворҳои шаҳвонӣ бори аввал аз тарафи худи мақомот роҳандозӣ шуда буд. Аввал навори алоқаи ҷинсии руҳониён ва фаъолони сиёсӣ нашр шуд ва сипас айни шева зидди бонувони фаъол ба кор рафт.
Соли 2019 ду духтаре, ки зидди болоравии нархи интернет эътироз барпо карданд ва имзои норозиёнро ҷамъ оварданд, мавриди ҳамлаву таҳдидҳои онлайнӣ қарор гирифтаанд. Акси онҳо таҳқиромез дасткорӣ ва дар саҳифаҳое, ки бо номҳои сохта фаъоланд, бо навиштаҳои тунду фаҳш нашр шуданд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон барои сабту нашри аксу видеоиҳои бадномкунанда ё тамаъҷӯӣ ҷазо таъин шудааст. Тибқи қонун барои таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда ва дар иваз талаб кардани маблағ аз панҷ то даҳ сол зиндон пешбинӣ шудааст.
WhatsApp, Telegram ва.... кадомӣ бехатар аст?
Телеграм, Ватсап, Инстаграму Фейсбук, хулоса кадоме аз ин барномаҳо барои истифода бехатар аст ва чӣ бояд кард? Чӣ тавр бояд амнияти худро дар интернет таъмин карду аз озори онлайнӣ эмин монд? Бо ин ва чандин суоли дигар, меҳмони барнома Нилуфар Раҳматуллоева, посух медиҳад.
Кӯмак ва роҳнамоии Нилуфар ба даҳҳо нафар
Нилуфар Раҳматуллоева, мутахассиси фаннновариҳои иттилоотӣ ё навин дар Тоҷикистон аст. Соҳае, ки занон дар он зиёд нестанд. Ӯ ба беш аз 100 созмони ғайридавлатӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ барои муҳофизати шабакаҳояшон аз рахнагарон ва муҳофизати дурусти компютерҳояшон, аз ҷумла истифодаи бехатари шабакаҳои иҷтимоӣ барномаву мессенҷерҳо кӯмак кардааст.
Нилуфар бо ташкили давраҳои омӯзишӣ ба ҷавонон дарси компютерӣ медиҳад ва чандин замимаи тоҷикӣ барои телефонҳои ҳамроҳро таҳия кардааст.
Вай соли 2020 факултаи технологияҳои иттилоотиро хатм кард. Ҳоло ҳамчун мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ фаъроият дорад ва бо Созмони "Дафтари Озодиҳои шаҳрвандӣ" ҳамкорӣ мекунад. Мегӯяд, занону духтарон бояд дар бораи бехатарӣ дар интернет огоҳии хуб дошта бошад ва ба ин масъала диқати ҷиддӣ диҳанд, то ба балое гирифтор нашаванд.
"Занону духтарон бештар осебпазиранд"
Ба гуфтаи Нилуфар шантаж ё бадномсозӣ ва озори интернетӣ бештар ба занону духтарон таҳдид мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ барои қаллобони интернетӣ ҳамла ба занон осонтар аст ва занону духтарон аз суҳбат дар ин бора шарм медоранду ҷое муроҷиат намекунанд.
Занону духтароне, ки мехоҳанд саҳфаҳои худро аз рахнашавӣ ва худро аз таҳдиду бадномзосиҳо дар интернет ҳифз кунанд ё онҳое, ки аллакай ба ин мушкил рӯ ба рӯ шудаанд, барои кӯмаку машварат ба Нилуфар зиёд муроҷиат мекардаанд. Суоли нахустини мо ҳам ба ӯ дар ҳамин бора буд.
Нилуфар: “Асосан ду 3 соли ахир чунин ҳолатҳо бисёр шуда истодаанд. Тақрибан дар як сол то 15 - 20 нафар оиди чунин масъалаҳо муроҷиат мекунанд. Ҳолатҳое буданд, ки масалан компютери як нафарро тариқи вай - фай шикаста буданд, расму видео, ҳуҷҷату маблағояшонро онлайнӣ гирифтанд. Мо ба вай машварат додем, компютерашро дидем, ариза карда, ба милисаҳо муроҷиат намуд. Кор то ҷое расид, ки он касро шонтаж мекарданд, ки расму наворҳои туро дар интернет мегузорам. Ҳолатҳои зиёде ҳастанд, ки худи духтарон ба дӯсти худ логину ё рамзу паролҳои худро ба саҳфаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ медиҳанд ва баъди он, ки дӯстии онҳо қатъ мешавад, тарафи дигар шонтаж мекунад, ки расмҳои туро дар интернет мегузорам.
Огоҳии духтарон дар масъалаи амнияти иттилоотӣ ё бехатарӣ дар истифодаи интернет ва фанновариҳои нав чӣ тавр аст аз нигоҳи шумо?
Нилуфар: “Мутаасифона бисёри занону духтарон оиди бехатариии рақамии худ ва ҳифз кардани он кам маълумот доранд ва хеле каманд духтароне, ки ба бехатарии рақамии худ аҳамият медиҳанд. Мушоҳида кардам, ки қариб 70- 80 дар сади духтарон оиди ин мавзӯъ ягон маълумот надоранд ва аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, ки ин муҳим аст, то телефону компютери худро бехатар кунанд. Фикр мекунанд, инро пешгирӣ кардан номумкин аст ва хоҳ нохоҳ акаунтҳои онҳоро мешикананд ва маълумоташонро дастрас мекунанд.”
Шумо, ки ба даҳҳо нафар оид ба ин масъала омӯзиш гузарондаед, метавонед муҳимтарин нуқтаҳояшро бигӯед. Чӣ тавр бояд маълуомоту маводи хусусиро бехатар нигаҳ дошт?
Нилуфар: “Нуқтаи муҳим ин скептик будан аст. Дуюм истифода бурдани “двухфакторний аудентификатсия” яъне тасдиқкунии дукарата ва пайваст кардан ба ҳамаи акаунтҳо аст. Нуқтаи дигар гузоштани калидвожа ё паролҳои душвор. Бояд рақам омехта бо ҳарфу нишонҳо бошаду дар умума иборат аз 12 рамз бошад. Калидвожа нуқтаи муҳимтарин барои ҳифзи маълумоти шахсӣ дар олами онлайнӣ мебошад. Инро калиди дар гуем ҳам мешавад, то замоне калиди дари мо душворшикан аст, дастрасии қаллобон ба он мушкил аст. Нуқтаи асосии дигар, истифодаи барномаҳои литсензионӣ, мисли “Виндовс” ва барномаҳои Офисӣ мебошад. Ин барои пешгирӣ аз ҳолатҳои рахна ва дастрасӣ ба маълумотҳои мо хеле кӯмак мерасонад.”
Дар масъалаи ин, ки кадом мессенҷер ё паёмрасону саҳфаҳо барои истифода амнтар аст, назарҳо мухталифанд. Аз назари Шумо кадоми онҳо серистифода ва кадомӣ амнтар аст?.
Нилуфар: “Аз ҳама серистифода ҳоло телергам ва ватсап аст. Вале як мессенҷере аст, ки хеле амнтар аст. Истифодабарандагонаш зиёд ҳам набошад ман дар треннигҳо махсусан ҳамин паёмрасонро маслиҳат медиҳам. “Сигнал”- бехатар аст ва беҳтар аст, аз он истифода кард. Бехатарии месенҷерҳо аз худи истифодабаранда вобастааст. Аз имкониятҳоеро, ки ширкатҳои масалан WhatsApp ё Telegram барои ҳифзи маълумоти корбарони худ сохтаанд, ҳар кас метавонад, хуб истифода барад. Яъне гуфтан мумкин нест, ки Телеграм ва Ватсап бехатар аст ё бехатар нест. Аксаран аз худи истифодабаранда вобаста аст.”
Хатари ба чӣ навъи қаллобиҳо дучор шудани духтарон бештар аст?
Нилуфар: “Хатарҳо дар платформаҳои мессенҷерӣ бисёр ҳастанд, чун мо инҳоро ҳар рӯз истифода мебарем. Яке аз онҳо ин методи фишингӣ мебошад. Як усулест, ки киберқаллобон онро тариқи ирсол кардани линкҳо истифода мекунанд. Яъне линке мефиристанд ва бо пахш кардани он ба маълумоти мо ва ё нобуд кардани он метавонад расонад. Бисёр намуди қаллобӣ аст, кушодани саҳифаи фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ирсоли номаҳо дар почтаи электронӣ, ки дар он хоста мешавад, ки суроғаи худро равон кун ё даромада ба ин линк лайк гузоранд. Мақсади киберқаллобон якчанд чиз буда метавонад. Бисёри вақт ҳадаф пул кор кардан аст, баъзан мақсад худнамоишӣ аст, ки ман чандин нафарро рахна карда метавонам. Мақсади дигарни онҳо фурухтани маълумотҳо. Яъне фармоиш мегиранд ва бо пул ин корро мекунанд.”
Ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ духтарон бояд чӣ гуна рафтор кунанд, масалан вақте дархости дӯстӣ мегиранд ё пайёму нома аз каси ношинос?
Нилуфар: “Тавре гуфтам дар чунин ҳолатҳо одам аввал бояд скептик бошанд, яъне зуд бовар накунад. Масалан вақте дар фейсбук дархости дустӣ мегиранд, пеш аз қабул? аввал дар борааш маълумот ҷӯянд. Агар бо он одам шумо дусти умумӣ надошта бошед, беҳтараш қабул накунед. Аввалаш ҳамин аст. Дуюмаш ному насабе, ки шахс барои дӯст шудан мефиристанд бояд дар дигар шабакаҳо ҳам дид, ки оё ин шахс воқеан ҳам ҳаст ё ин як номи сохта аст. Ва инчунин метавонанд ба расмӣ профил ва ба "пост" ё маводҳое, ки шахси дархостдиҳанда дар саҳифааш гузоштааст, аҳамият дод. Парол бояд зуд- зуд иваз карда шавад. Барои духтарон гуфтанӣ ҳастам, ки дар треннингҳо оиди ин мавзуъ бештар ширкат кунанд ва ба ин масъала ҷиддитар аҳамият диҳанд.”
Ҳамин таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба масъалаи бехатарии худ дар интернет ва донистани роҳҳои амни истифода аз телефони мобил, шабакаҳои иҷтимоӣ ва умумаин фанновариҳои навин аз машваратҳои аслии муттахассисон ба духтарон аст.
Гуфтугӯ