Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кетрин Патз: "Воқеаҳои ду сол пеши Бадахшон таъсири амиқ гузоштаанд"


Кетрин Патз, муҳаррири торнамои "The Diplomat"
Кетрин Патз, муҳаррири торнамои "The Diplomat"

Аз ҳодисаҳои хунин дар Хоруғ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду сол гузашт. Ҳодисае, ки рӯзи 16-уми майи соли 2022 бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ва истеъфои раисони шаҳри Хоруғ ва ВМКБ сар шуд ва бо марги 34 нафар поён ёфт.

Мақомоти Тоҷикистон онро натиҷаи "амалиёти зиддитеррористӣ", вале ҳомиёни ҳуқуқ саркӯби норозиён медонанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард, кидастури амалиётро ӯ дод, чун “илоҷи дигар набуд”. Бисёре аз сокинони Рӯшон ҳукуматро ба бераҳмӣ ва марги сокинони, ба гуфтаашон, бегуноҳ танқид карданд.

Созмону кишварҳои ғарбӣ борҳо таҳқиқи одилонаи қазияро хостанд, вале Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 16-уми майи имсол ибрози нигаронӣ кард, ки бо гузашти ду сол касе барои ин ҳодиса касе ҷавобгар нашуд. Пайомади ҳодисаҳои ду сол дар Бадахшон чист? Посухи ин ва суолҳои дигарро аз Кетрин Патз, муҳаррири торнамои “The Diplomat” пурсидем.

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, сабаби асосии нооромиҳо дар Бадахшон, ки ба хунрезӣ кашид, чӣ буд?

Кетрин Патз: “Сабаби сар задани эътирозҳои моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон чанд ҳодисаи ҷиддие буд, ки соле аз он пеш рӯй дод. Дастикам як нафар кушта шуд ва ин чиз боис ба хашму асабонияти зиёд аз шеваи таҳқиқи ин қазия гардид. Ин ҳодиса сабаби асосӣ шуд.”

Радиои Озодӣ: Иддао дар бораи тамоюлҳои ҷудоиталабӣ дар Бадахшон то куҷо асос дошт? Оё воқеан ҳамин чиз ба назар мерасид?

Кетрин Патз: “Вақте дар бораи ҷудоиталабӣ мегӯянд, ҳеч гурӯҳи фаъолу мушаххасеро дар Бадахшон надидам, ки барои гуё таъсиси давлати ҷудогона саъй кунанд, он гуна ки дар мисоли ҷудоиталабиҳо дар нуқтаҳои дигари ҷаҳон мебинем. Чизе, ки ҳаст, ин ҳувияти фарқкунанда аст. Ба назарам, мардуми минтақа мехоҳанд, бо забони худ гап зада, фарҳанги худро нигоҳ доранд ва бо ин вижагии худро ҳифз кунанд. Ҳамин чиз, ба назари ман, аз ҷониби ҳукумати марказӣ гуё мисли таҳдид қабул мешавад. Ман ҳеч як нишонаи ҷудоиталабиро надидам, вале ин ҳамон чизест, ки ҳукумати марказӣ дар минтақа намоиш медиҳад."

Радиои Озодӣ: Ба фикри Шумо, ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон то чӣ ҳад сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро тағйир дод ва сабаби саркӯбҳои бештар дар дохили кишвар шуд?

Кетрин Патз: “Ба назари ман, ҳеч тағйироти бунёдие рух надод, балки сиёсати пешина сахттар шуд. Ҳар қадар ин ҳолат давом кунад, вазъият душвортар мешавад. Аз назари мудирияти кишвар, афсурда шудани мардум. Зимнан, он чизе, ки мо ду сол пеш шоҳид шудем, натиҷаи ҳамин афсурдагӣ буд. Ва ҳукумат онро нодида гирифт. Оқибат чӣ шуд? Ҳукумат баъзе аз идораҳои вобаста ба Бунёди Оқохон – меҳмонхонаву бемористонро ба ихтиёри худ гирифт ва ба мардум як фишори воқеӣ овард, ки сукутро пеша кунанд. Мо ҳам инро дидем. Чанд гузорише ҳам буд. Мардум аз изҳори назар ҳарос доранд."

Навори мусоҳибаро дар инҷо бинед:

Оқибатҳои нооромиҳои Бадахшон аз назари таҳлилгари ғарбӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:36 0:00

Радиои Озодӣ: Чаро дар давоми ин ду соли охир вокуниш ва ё паёми Оқохон ба мардуми Бадахшон садо надод ё ба ҳар ҳол дар сатҳи ҷамъиятӣ шунида нашуд?

Кетрин Патз: "Ман намедонам, ки Оқохон чӣ кор кард ва ё чӣ гуфт. Медонам, ки додугирифтҳои миёни шабакаи Оқохон ва ҳукумати Тоҷикистон идома дорад. Аксар кораш ба тарҳҳои башарӣ рабт доранд. Баъзе аз дороиҳо агар давлатӣ карда шуданд, сару садои зиёд накарданд, ва ё барояшон даъво нашуд, чунки баробар бо ин кори тарҳҳои дигаре идома дорад. Ман дар бораи муносиб будани вокуниш қазоват намекунам, вале онҳо мавқеи орому дипломатиро ихтиёр кардаанд. Ин фаъолону журналистон ва нафароне дар хориҷа ҳастанд, ки дар ин бора шикоят мекунанд. Чунки дар ниҳоят ҳукумати Тоҷикистон қарор мекунад, ки дар дохили вилоят кӣ бошаду чӣ кунад."

Радиои Озодӣ: Мақомот то ҳол даъвати созмонҳо ва давлатҳои ғарбиро барои озод кардани фаъолону журналистон ва блогероне, ки дар доираи ин ҳодисаҳо ҳабс шуданд, нодида мегирад. Чаро?

Кетрин Патз: "Ҷавоби соддаи нодида гирифтанашон ин аст, ки ба худ чунин иҷоза медиҳанд. Тоҷикистон намехоҳад, онҳоро аз зиндон озод кунад. Дар сатҳи байнулмиллалӣ ҳеч як ҷазое нест, ки барои чунин рафтор ба ҳукумати Тоҷикистон таъйин шавад. Таҳрим ҷорӣ накардаанд, фақат чанд ҳолати ҷудогона буд, мисли сафари гузоришгарони вижа, номаҳои бози маҳкумкунандаи ин ҳабсҳо ва ғайра, вале ҳукумати Тоҷикистон кореро мекунад, ки дилаш мехоҳад."

Нерӯҳои давлатии Тоҷикистон ҳангоми бозгашт аз Бадахшон
Нерӯҳои давлатии Тоҷикистон ҳангоми бозгашт аз Бадахшон

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, оё ҳодисаҳо дар Бадахшон ба эътимоди мардум ба ҳукумат таъсире гузошт?

Кетрин Патз: “Ба назари ман, бале. Худро дар ҷойи як сокини Бадахшон гузоред, ки ин ҳодисаҳоро шоҳид шуд. Ҳукумат мераваду онро як амалиёти зиддитеррористӣ меномад. Мардум медонанд, ки бародар, амак, ҷиян ё дӯсту ҳамсояашон террорист нест. Дар миёни зиндагии воқеӣ ва он чизе, ки гуфта шуд, тафовути калоне вуҷуд дорад. Ҳукумат инро медонад. Вақте ҷузъиётро ҳукумат ба як шакл шарҳ медиҳаду дар воқеъ чизи дигаре гузаштааст, ҳамин нобоварӣ ба ҳар гапи дигари ҳукумат ҳам таъсир мегузорад. Вақте ҳукумат дар бораи “А, Б, В” дурӯғ мегӯяд, чаро ман бовар кунам, ки дар бораи “Г, Д, Е” ҳақиқатро баён мекунад? Ҳамин чиз боиси аз байн рафтани эътимод миёни мардум ва ҳукумат мешавад."

Радиои Озодӣ: Дар давоми як-ду соли охир шоҳиди тамосҳои бисёр зиёд ва наздики раҳбарияти Тоҷикистон бо Ғарбу Аврупо будем. То куҷо дар ин дидорҳо мавзӯи ҳуқуқи башар ҳамоно матраҳ аст, вале онро фаромӯш карданд?

Кетрин Патз: "Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳони беруна ҳамкориашро идома медиҳад. Ба тамосҳои афзуни Ғарбу Аврупо бояд аз даричаи ҷанги Русия дар Украина ва мавқеи геополитикии Тоҷикистон нигоҳ кард. Ман медонам, ки мавзӯи ҳуқуқи башар матраҳ шудааст, вале намедонам то куҷо ба риояи ин масоил пойфишорӣ кардаанд. Дипломатҳои он кишварҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо ҳамин масоилро матраҳ мекунанд. Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо ва Амрико баъди мулоқот таъкид шудааст, ки ин масоил меҳварӣ будааст. Ин ки мо ҳеч ҳосили инро намебинем, барои ман саволе халқ мекунад, ки то куҷо онҳо ба масоили ҳуқуқи башар сахттар фишор меоранд. Ба ҳар ҳол, онҳо мегӯянд, ки ҳуқуқи башар дар афзалияти кори онҳо аст."

Радиои Озодӣ: Ба фикри Шумо, пайомади ҳодисаҳои ду сол пеш чӣ мебошад?

Кетрин Патз: "Яке аз ҷиддитарин пайомадҳои ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ ин сукут ва тарс аст. Мардум дар бораи он чи ки гузашт гап задан намехоҳанд ва ин ҳолат чунин бардоште эҷод мекунад, ки гуё чизе нашудааст. Мисли ин ки ҳеч хабаре набошад, худаш аллакай хабари хуш аст. Вале дар асл чунин нест ва ҳар касе, ки ба минтақа рабт дорад, ё хешовандонаш он ҷо ҳастанд, дар ташвишу нигаронӣ мебошанд. Дар мусоҳибаҳо бо ман ҳам бисёри онҳо мегӯянд, ки аз сарнавишти аъзои хонаводаашон дар ҳарос ҳастанд. Вақте онҳо бо ин сабаб аз суҳбат даст мекашанд, ба ин ҳаққи онҳо эҳтиром мегузорам. Вале натиҷаи ин тарсу сукут ҳамин аст, ки мо дар бораи он чӣ гузашт, иттилои кофӣ надорем. Бисёр чиз ба сатҳи овозаву гап мегузарад ва гумроҳ шудан осон аст ва гузоришдиҳӣ ҳам дар ин бора душвор мешавад."

XS
SM
MD
LG