Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Зеленскийро ҷустуҷӯ мекунад


 Владимир Зеленский, президенти Украина
Владимир Зеленский, президенти Украина

Вазорати корҳои дохилии Русия Владимир Зеленский, президенти Украинаро дар ҷустуҷӯ қарор додааст.

Дар ин бора расонаҳои расмии Русия хабар доданд, вале шарҳ дода нашудааст, ки президенти Украина бо кадом банди Кодекси ҷиноятӣ айбдор ва ҷустуҷӯ мешавад.

Дар махзани ВКД-и Русия дар бахши афроди таҳти ҷустуҷӯ исми Петр Порошенко, президенти собиқи Украина ҳам дида мешавад.

Вазорати корҳои хориҷии Украина дар баёнияе гуфт, эълони таҳти ҷустуҷӯ қарор додани президенти ин кишвар як таблиғоти Русия аст. Ба гуфтаи ин ниҳод, мошини таблиғотии Русия ба ҳаде заиф шудааст, ки дигар намедонад барои таблиғот чӣ хабаре бисозад.

Дар шарҳи ин хабар гуфта шудааст, ки ба фарқ аз Зеленский, Владимир Путин, президенти Русия бо қарори додгоҳи ҷурму ҷинояти Лоҳа (Гаага) дар 123 кишвари дунё таҳти пайгард аст.

Петр Порошенко дар саҳифаи телеграмаш навиштааст, ки зоҳиран ӯро "барои ватандӯстӣ ва ишқаш ба Украина" ҷустуҷӯ мекунанд.

Русия моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг, ки ҳанӯз поёнаш маълум нест, ҳазорон нафар аз ду тараф кушта ва миллионҳо украинӣ хонаҳои худро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG