Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сохтакорӣ" – иттиҳоми дигар ба зидди Абдухалил Холиқзода? 


Абдухалил Холиқзода
Абдухалил Холиқзода

Мурофиаи дувуми соҳибкор Абдухалил Холиқзода, нависанда Абдуқодири Рустам ва мудири нашриёти "Эр Граф" Сӯҳроб Раҷабзода рӯзи 26-уми январ дар Боздоштгоҳ гузашт. Ин бор ҳам пушти дарҳои баста.

Як манбаи манбаи наздик ба парванда рӯзи 30-юми январ хабар дод, ки Абдухалил Холиқзода дар баробари "барангехтани кинаву адовати миллӣ" ба "сохтакорӣ" низ муттаҳам аст.

"Гуё таҳқиқ ошкор кардааст, ки ҳангоми овардани кадом дастгоҳи тиббӣ барои Бемористони Ибни Сино дар ҳуҷҷатҳо онро дастгоҳи камарзиш нишон додааст. Наздиконаш ҷаримаи ин корро аллакай пардохтанд," – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мақомот расман шарҳ намедиҳанд. Пайвандонаш низ барои суҳбат дастрас нестанд.

Як манбаи дигар рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин маълумот саҳеҳ нест, чун барои илова кардани иттиҳоми нав додгоҳ бояд парвандаро ба тафтиши дубора баргардонад. Эҳтимол ин иттиҳом аз аввал дар айбнома ҷой дошта бошад."

Дар мурофиаи дувум, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, шоҳидон аз ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати адлия пурсида шудаанд.

Абдуқодири Рустам
Абдуқодири Рустам

“Парвандаи нависанда Абдуқодири Рустам бар асоси моддаи 189 (қисми 2, банди “г”) баррасӣ мешавад. Банди қонуне, ки парвандаи мудири чопхонаи “Эр-Граф” Суҳроб Раҷабзода баррасӣ мешавад, дигар аст,” – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо, ки нахост номаш ошкор шавад. Вай иттиҳоми зидди Раҷабзодаро нагуфт.

Баррасии парвандаҳо ба нашри китоби ёддоштии "Ҳаводиси рӯзгори ман" рабт дорад. Он рӯзи 19-уми январи имсол аз сӯйи додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон шуруъ шуд.

Дар ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки парванда муҳри махфӣ дорад ё не. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин замина ҳеч маълумоте намедиҳад ва маълум нест, ки додраси парвандаҳо кист. Вакилони мудофеъ низ аз ҳамкорӣ бо расонаҳо дурӣ меҷӯянд.

Муаллифи "Ҳаводиси рӯзгори ман" Абдухалил Холиқзода дар моҳи августи 2023 боздошт шуд. Нависанда ва адабиётшинос Абдуқодири Рустамро, ки Додситонии кул "муҳаррири китоб" меномад, низ дар ҳамон моҳ дастгир карданд.

Дертар алайҳи мудири нашриёти “Эр-Граф” Сӯҳроб Раҷабзода парванда боз шуд. Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар ҳамин ҷо нашр шуда буд.

То кунун баъзе аз мансабдорону намояндагони идораҳои давлатӣ нашри "Ҳаводиси рӯзгори ман"-ро танқид карда, мақомот нусхаҳои онро аз китобфурӯшиҳо бардоштаанд.

Дар айни замон, баъзе аз дигарандешон ва намояндагони мухолифон дар хориҷа боздошти соҳибкор Абдухалил Холиқзода ва нависанда Абдуқодири Рустамро танқид карданд. Онҳо рафтори мақомотро бахши дигаре аз фишору саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон донистанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG