Абдуқодири Рустамро, ба гуфтаи хешовандону ҳамкорон, рӯзи 31-уми августи имсол дар наздикии ҷойи кораш, Бемористони "Ибни Сино", дар шаҳри Душанбе дастгир карданд.
Мақомоти интизомӣ то кунун дар ин бора ҳеч шарҳе надодаанд, вале шахсони огоҳ аз қазия боздошти ӯро ба нашри китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" пайванд медиҳанд. Муаллифи китоб Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони "Ибни Сино", ба иттиҳоми "барангехтани адовати милливу динӣ ва маҳалгароӣ" дастгир шудааст. Абдуқодири Рустам яке аз муҳаррирони китоб аст.
"Ба ҳукумат шахсони равшанфикр лозим нест"
Теъдоде аз рӯшанфикрони тоҷик ва созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон боздошти ӯро маҳкум карда, аз ҳукумат хостаанд, ки бечуну чаро озод намояд.
"Гуруҳи 24" рӯзи 2-юми сентябр дар эъломияе гуфт, боздошти Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода "гувоҳ аз он аст, ки низоми саркӯбгар ба ҷуз зӯр забони дигареро намефаҳмад."
Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чор созмони мухолиф, боздошти Абдуқодири Рустамро "дастдарозӣ ба маънавиёт ва фазои адабии миллат" хонд.
Вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ зиёд аст. Яке аз онҳо, Ҷамшед Аминзода, дар Фейсбук навишт, "Тоҷикистонро ба Кореяи Шимолии дувум табдил додаанд... Ин режим душмани илму дониш ва равшанфикрӣ аст."
Комрон дар Инстаграм бовар дорад, шахсоне ба монанди Абдуқодири Рустам "бештар аз дарди миллат менависанд" ва шояд "ин ба касе хуш наомадааст".
"Ба ҳукумати имрӯзаи мо шахсони равшанфикр лозим нест. Рамаи гӯсфанд лозим аст, ки идора карда тавонанд," – идома додааст корбаре ба номи мустаори “Далерон” дар Инстаграм.
Камолиддин дар ҳамин шабака мегӯяд, як сабаби аз кишвар рафтани мутахассисон чунин рафтори намояндагони ҳукумат аст. Вай мегӯяд: "Вақте мардум мебинанд, ки бо ин мард чунин шуд, зиёда аз сад одами пулдору босаводу бомаърифат аз давлат мераванд. Баъд масъалаи норасоии кадрҳо пеш меояд."
"Ҳатто тобу таҳаммули инро надоранд"
Баъзе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ мутмаин ҳастанд, ки сукути ҷомеа ҷуръати намояндагони ҳукуматро дар Тоҷикистон бештар карда. Ба навиштаи Шавкати Муҳаммад дар Фейсбук: "Боздошти нависанда Абдуқодири Рустам, ки солҳои зиёд ба сиёсат коре надошт, таҷовузи тамоми сарҳади инсонӣ аз ҷониби режим аст. Абдуқодири Рустам агар танқид мекард, ҳатман тамоми назокатҳои ахлоқӣ ва қонуниро риоят мекард. Режим ҳатто тобу таҳаммули инро надорад."
"Абдуқодири Рустам "олими диссернетӣ" нест. Зиндон ҷойи касонест, ки бо асноду дипломҳои тақаллубӣ болои мардуми сарзамин ҳокимӣ мекунанд," – идома додааст Муҳаммади Одинабек.
Гуруҳи хурде дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошти Абдуқодири Рустамро дуруст шумурдаанд, чун ба назари онҳо, "ӯ ва ҳамандешонаш хато карданд". Иддае дигар танҳо ибрози умед намудаанд, ки ӯ бозпурсӣ ва раҳо хоҳад шуд.
Дар ҳоле ки мақомот намегӯянд ӯ ба чӣ гумонзад аст ва наздиконаш намедонанд, дар куҷост ва чӣ ҳол дорад, ташвишро дар бораи ояндаи нависанда бештар карда.
Абдуқодири Рустам дар гузашта дар нашриёти "Ирфон" ва рӯзномаи "Чароғи рӯз" кор кардааст. Дар оғози солҳои навадум ба Қазоқистон кӯчид ва то соли 2003 дар Алмато зист.
"Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар", "Чойхонаи "Роҳат" ва "Пойҳо ва рӯйҳо" аз китобҳои ӯст. "Девон"-и Рӯдакиро низ таҳия ва нашр кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли охир барои саркӯби дигарандешон, боздошту зиндонӣ кардани хабарнигорон ва нафасгир кардани матбуоти мустақил пайваста дар сатҳи байнулмилалӣ танқид мешавад. Дар муддати якуним соли гузашта дар Тоҷикистон 8 рӯзноманигору блогерро ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз 7 то 21 сол зиндонӣ карданд. Иттиҳомоте, ки ҳомиёни ҳуқуқ ва худи зиндониён бофтаву сохта номидаанд.
Гуфтугӯ