Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кул гуфт, ки чаро Абдухалил Холиқзода дастгир шуд


Абдухалил Холиқзода ва Юсуф Раҳмон
Абдухалил Холиқзода ва Юсуф Раҳмон

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино, дастгир шуда, ба "барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ" (қисми дуи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Юсуф Раҳмон рӯзи 15-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт: "Ӯ фаъолияти худро ба таҳқири миллати тоҷик, ҷудо кардани минтақаҳои гуногуни мамлакат, таҳқири намояндагони маҳалҳо, барангехтани кинаву адоват, ҷудо кардан ба мазҳабҳо ва динҳои гуногун, ноорому ноамн намудани мамлакат равона намуда, дар китоби худ ҳамин масъалаҳоро навиштааст. Шахсан супориш додам, ки ин одамро ба ҳабс гиранд ва ӯ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд."

Вокуниши наздикон ва ё вакили мудофеи Абдухалил Холиқзода ба изҳороти додситони кул маълум нест. Худаш дар моҳи июни имсол ва дар эъломияи кӯтоҳе гуфта буд, ки "барои ман аҳамияти маҳал камранг аст. Барои ман ва ҳамандешони ман тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст."

Китоби ёддоштҳои соҳибкор, "Ҳаводиси рӯзгори ман", моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд. Холиқзода дар китобаш аз фазои соҳибкорӣ дар кишвар, фасод, паст шудани сатҳи фарҳанг ва таълим изҳори нигаронӣ кардааст.

Ӯ аз ҷумла навиштааст: "Дар солҳои баъд аз истиқлол арзишҳои роиҷ аз қабили донишмеҳарӣ ва шоистасолорӣ хеле зуд суқут карданд. Ҳар кӣ мансабу сарват ва зӯри бозу дошт, бузург дониста мешуд.”

Ба навиштаи Абдухалил Холиқзода, баъд аз таъмини сулҳ дар Тоҷикистон сармоягузорони зиёде вориди кишвар шуданд, вале фишор умеди ин қишрро кам кард. Муаллиф аз боздошти Маъруф Орифов, бунёдгузор ва молики силсилаи фурӯшгоҳҳои "Орима", мисол оварда, чунин амалҳоро мояи нобоварии соҳибкорон ба риояи қонун ва фазои соҳибкорӣ дар кишвар номидааст.

Баъзе аз бардоштҳои муаллиф аз хислату одоби намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон боис ба баҳсҳои тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гашт. Холиқзодаро ба он гунаҳкор мекарданд, ки ба иззати нафси сокинони баъзе аз минтақаҳои кишвар расидааст.

Худи ӯ моҳи июни имсол танқидҳоро бепоя донист ва дар Фейсбук навишт, “шахсоне, китоби бандаро нахондаанд, дигар ба иштибоҳ наафтанд ва агар ба хондани он азм намоянд бидуни пешфарз мутолиа намоянд ва худ хулоса бароранд.”

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар охири ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки китоби Абдухалил Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” аз ҳамаи китобфурӯшиҳо барчида шудааст.

Як сокини деҳаи Панҷрӯд ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи чоршанбеи гузашта кормандони интизомӣ ҳамроҳи раиси ҷамоати Рӯдакӣ аз китобхонаи деҳа ва китобхонаи маҷмааи Рӯдакӣ ва аз сокинони деҳа 50 китоби Холиқзодаро ҷамъ карда бурданд.

Абдухалил Холиқзода 20-уми декабри соли 1966 дар рустои Панҷрӯди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омада, пас аз хатми факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар Ҳиндустон кор карда, баъдан машғули тиҷорат шудааст.

Дар соли 2008 ҳамроҳи сармоягузори эронӣ Бемористони байнулмилалии Ибни Синоро таъсис дод ва то боздошташ ба кори он раҳбарӣ мекард. Оиладор ва соҳиби 7 фарзанд аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG