Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон Толибонро аз феҳрасти созмонҳои ифротгаро берун кардааст


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Вазорати корҳои хориҷии Толибон дар Афғонистон, аз ҳукумати Қирғизистон барои берун кардани гурӯҳи “Толибон” аз феҳрасти созмонҳои мамнӯъ изҳори сипос намудааст. Ин ниҳод дар саҳфаи расмии худ навиштааст, ки аз тасмими мақомоти қирғиз “истиқбол”  мекунад.

“Ин қадами мувофиқ ба иқдомоти кишварҳои дигар, нишонаи бештар шудани эътирофи сиёсии Аморати Исломии Афғонистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон буда, монеаҳо барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Афғонистон ва кишварҳои дигарро аз байн мебарад.” – омадааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Толибон, ки рӯзи 5-уми сентябр нашр шуд.

Додгоҳи Бишкек соли 2006 “Толибон”-ро созмони террористӣ эълон карда буд. Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфт, ки ин қарор барои "таъмини амнияти минтақавӣ ва муколама" қабул шудааст.

Дар феҳрасти созмонҳои мамнӯъ дар сомонаи Додситонии кулли Қирғизистон номи “Толибон” нест, аммо номи ин гурӯҳ дар саҳифаи Кумитаи дини Қирғизистон ҳамоно дар радифи “Созмонҳои вайронкор, ифротгаро ва террористӣ” қарор дорад.

Қазоқистон ҳам моҳи июни соли 2024 гурӯҳи “Толибон”-ро аз рӯйхати терорристӣ берун карда буд. Президенти ин кишвар, Қосимҷомарт Тоқаев, гуфта буд, ин тасмим бо назардошти “зарурати рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ гирифта шудааст.”

Моҳи майи соли 2024 вазорати адлия ва корҳои хориҷии Русия ба Владимир Путин пешниҳод карданд, ки “Толибон” аз феҳрасти созмонҳои террористӣ берун карда шавад. Дар рӯйхати созмонҳои мамнӯи сомонаи ФСБ ё Хадамоти амнияти Русия “Толибон” дар қатори “Алқоида” ва “Давлати Исломӣ” ҷой дода шудааст.

XS
SM
MD
LG