Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷористон дигарбора ба Иттиҳоди Аврупо бо паноҳҷӯён "таҳдид кард"


Бенсе Ретварӣ, вазири манобеи инсонии Маҷористон.
Бенсе Ретварӣ, вазири манобеи инсонии Маҷористон.

Ҳукумати Маҷористон дигарбора таҳдид кард, ки барои лағви ҷаримае, ки Иттиҳоди Аврупо аз ин кишвар металабад, паноҳҷӯёни хориҷиро ба Брюссел мефиристад.

Бенсе Ретварӣ, вазири манобеи инсонии Маҷористон рӯзи 6-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ ва дар пеши чанд автобуси мусофирбар гуфт: “Баъди иҷрои муқаррароти аврупоӣ, мо ин муҳоҷирони ғайриқонуниро ихтиёран ва ройгон бо билети яктарафа ба Брюссел мефиристем”. Ӯ нагуфт, ки дар сурати фиристодани муҳоҷирон ба Брюссел онҳо чӣ мақоме хоҳанд дошт.

Дар ин шаҳр, ки пойтахти Белгия аст, қароргоҳҳои асосии Иттиҳоди Аврупо ҷойгир шудаанд. Чанде пеш Додгоҳи Аврупоии Кайфарӣ амр дод, ки Маҷористон барои риоят накардани муқаррароти иттиҳод дар мавриди муҳоҷират 223 миллион доллар бипардозад ва агар дар пардохташ таъхир кунад, он ҳар рӯз ба андозаи як миллион доллар зиёдтар мешавад.

Ҳукумати Маҷористон яке аз он кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аст, ки ба қабули муҳоҷирону паноҳҷӯён аз кишварҳои дигар мухолифат мекунанд.

XS
SM
MD
LG