Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти соҳибкор барои ёддоштҳояш мояи нигаронии афроди баландпояи ҳукумати Тоҷикистон?


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (аз чап) бо Юсуф Раҳмон, додситони кулл
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (аз чап) бо Юсуф Раҳмон, додситони кулл

Дар романи классикии ҳаҷвии "Зоғи ҷодугар", ки ба қалами нависандаи Кения Нгуги Ва-Тионго мансуб аст, омадааст ки диктатори як давлати афсонавии африқоӣ барои нигоҳ доштани ҳукмронии худкомаи фасодзадааш бо ду маъмури содиқи худ машварат мекунад.

Яке аз вазирон худро "чашм"-и ҳоким нигошта, ҳатто то ба дараҷае мерасад, ки чашмонашро бо тариқи ҷарроҳӣ ба андозаи фурӯзонакҳои барқӣ бузург мекунад.

Дигаре худро "гӯш"-и ҳоким мехонад ва мувофиқан гӯшҳояшро, ки бояд "бузургтар аз гушҳои харгӯш ... барои он ки, дар ҳар лаҳза ва аз ҳама тараф ошкор намудани хатар омода бошанд", дароз мекунад.

Дар Тоҷикистон Саидмӯъмин Ятимов - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Рамазон Раҳимзода - вазири корҳои дохилӣ аз соли 2010 ва 2012 чашму гӯши раисиҷумҳури худкома Эмомалӣ Раҳмон буда, саркӯбгартарин давраҳои ҳукмронии сисолаи ӯро назорат мекарданд.

Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон

Ба ин тариқ ин ду нафар Юсуф Раҳмонро, ки аз соли 2015 инҷониб мақоми Додситони кулли давлатро ишғол мекунад ва ӯ ҳамном, на аз авлоди сарвари давлат аст, қисман аз наздикӣ ба сарвари давлат дуртар медоштанд.

Аммо ҳоло, тибқи гузоришҳо, Раҳимзода ва Ятимов ба далели равобити худ бо як соҳибкори саршинос, ки ба тозагӣ пас аз нашри китоби хотираҳояш боздошт шуд, дар тангное қарор гирифтаанд. Чун дар ин китоб каме интиқоди муътадил аз ҳукумати кишвар ҷой доштааст.

Соҳибкор Абдухалил Холиқзода дар китоби худ ин ду мансабдорро ҳамчун дӯсту бародари худ зикр кардааст ва ҳатто эътироф намудааст, ки аз онҳо қиссаҳои ҷолиберо ҳам шунидааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Ба гуфтаи манобеъи Радиои Озодӣ, додситони кул тасмим гирифтааст, ки аз ин вазъ алайҳи ин ду нафар дар мубориза барои дилбастагии раисиҷумҳури 70-сола истифода кунад.

Шояд дар гузашта, ин ду метавонистанд ҷавоби ин гуна амалро зуд пас диҳанд. Аммо ҳоло, пас аз издивоҷи писари додситони кул Раҳмон бо духтари хурдии раисиҷумҳур Раҳмон, ки дар авохири соли гузашта ба вуқуъ пайваст, ин кор хеле мушкилтар шудааст.

Дар бораи китоб сару садо зиёд аст

Агар ин ҳама фасли нави тағйир дар муборизаи қудрат дар Тоҷикистон бошад, интишори китоби баҳсбарангези хотираҳои соҳибкор танҳо баҳонаи мувофиқи шуруъи он аст.

Соҳибкор Холиқзода ҳамчун муассиси дармонгоҳи хусусии боҳашамати ба номи Ибни Сино дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе маъруф аст. Манфиати ин тиҷорати сердаромад то ба кай ба худи ӯ тааллуқ ҳоҳад дошт, ҳоло суолест беҷавоб.

Холиқзода рӯзи 7 август боздошт ва бо иттиҳоми "барангехтани хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, минтақавӣ, мазҳабӣ ва ё низоъ... дар ҳайати гурӯҳи шахсон бо мувофиқаи пешакӣ" зиндонӣ шудааст, гуфта мешавад дар санаде, ки ахиран Додгоҳи Олии Точикистон ба Радиои Озодӣ фиристод.

Соҳибкор Холиқзода – муассис ва соҳиби дармонгоҳи хусусии ба номи Ибни Сино, ки зиндонӣ шудааст.
Соҳибкор Холиқзода – муассис ва соҳиби дармонгоҳи хусусии ба номи Ибни Сино, ки зиндонӣ шудааст.

Дар посухи Додгоҳи олӣ ба дархости Радиои Озодӣ китоби Холиқзода аслан ёдовар нашудааст, вале шакку шубҳа нест, ки ин китоби 300 – сафҳаӣ кори соҳибкорро мушкил кардааст.

Пас аз нашри китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" дар моҳи марти соли ҷорӣ нусхаҳои ин китоб дар чанд мағозаи китобфурӯшии Душанбе пайдо шуданд. Аммо тобистони имсол рафҳои мағозаи китобфуруширо аз он нусхаҳо холӣ карданд ва на аз сабаби он, ки китоби хотираҳои муаллиф ба бестселлер табдил ёфт.

Ба гуфтаи манобеъи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, дар рӯзномаи ҷаласаи нимаи моҳи июл дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар он раисиҷумҳур Раҳмон, додситони кул ва раҳбарони пулис ва амнияти миллӣ ҳузур доштанд, масъалаи баррасии китоби Холиқзода ҳам вуҷуд дошт.

Додситони кул Раҳмон мустақиман аз Ятимов ва Раҳимзода пурсид: "Чӣ тавр шумо метавонед бо шахсе, ки ба сиёсати [раисиҷумҳур] мухолиф аст, дӯст бошед ва аз дифои ӯ ҳарф занед?" - гуфт он манбаъ, ки дар бораи он баҳс аз як мансабдори дигари дар ҷаласа ҳузурдошта маълумот гирифтааст.

Аммо чаро ин китоб ба чунин масъалаи доғи сиёсӣ табдил ёфт?

Бахше аз "Ҳаводиси рӯзгори ман" шарҳи роҳи истиқлолияти Тоҷикистон буда бахши дигараш шарҳи сафарномаи соҳибкории худи Холиқзода аст.

Дар китоб раисиҷумҳур Раҳмон барои раҳо кардани кишвар аз ҷанги дохилӣ, ки дар оғози истиқлоли пасошӯравӣ сар зада буд, ситоиш мешавад - замоне, ки бародари худи муаллиф муддати кӯтоҳе аз сӯи фармондеҳони мухолифини исломӣ рабуда ва гаравгон шуда буд.

Аммо дар китоб ҳамчунин як қатор камбудиҳо гуфта шудаанд, аз ҷумла мушкилот дар муҳити тиҷорат, ки дар он мансабдорон мунтазаман ришва талаб менамоянд ва ҳам мусодираи амволи соҳибкорони муваффақ ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст.

Холиқзода инчунин аз вокуниши системаи беҳдошти давлатӣ ба пандемияи коронавирус интиқод карда, нақши бемористони худро дар давраи он бӯҳрон баланд нишон додааст.

"Ҳаводиси рӯзгори ман" бо хати форсӣ ҳам нашр шудааст
"Ҳаводиси рӯзгори ман" бо хати форсӣ ҳам нашр шудааст

Аммо бахшҳои китоб, ки таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба худ кашид, тавсифи мардуми мухталифи минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла бардошти муаллиф аз урфу рафтори мардуми вилояти Хатлон, зодгоҳи раисиҷумҳур будааст. Холиқзода, ки худ тоҷик аст, дар китобаш қайд кардааст, ки мардуми ин минтақаи ҷанубӣ аз "ҳамсоягии тӯлонӣ ва омехтагӣ бо туркҳои ҳамсояи онҳо" баҳра бурданд.

"Чунин ба назар меояд, ки мардуми ин диёр дар ҳамзистии дурудароз ва омехтагӣ бо қавмҳои ҳамсояашон баъзе хусусиятҳои онҳоро қабул ва ҷойнишини хусусиятҳои тоҷикӣ кардаанд. Нармрафторӣ, дурӯягии тоҷикӣ, ки дар навиштаҳои гузаштагон яке аз хислатҳои накӯҳидаи миллат ба қалам дода шуда буд, ба чобукӣ ва устуворӣ иваз шудааст",--навиштааст Холиқзода.

Пас аз нашри китоб даҳҳо корбари Фейсбук шикоят карданд, ки китоби Холиқзода таҳқир ба мардуми маҳалли онҳо ва куллан миллати тоҷик аст.

Се корбари Фейсбук бо шарти ифшо нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз тарафи кормандони Кумитаи амнияти давлатии Ятимов аз онҳо хоста шуд, ки шарҳҳои худро дар бораи ин китоб аз Фейсбук пок кунанд.

Зафар Сӯфӣ
Зафар Сӯфӣ

Ба гуфтаи Зафар Сӯфӣ, рӯзноманигор, шоир ва шореҳи сиёсии тоҷик, ки ҳоло дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, шояд дар асл ҳамин фаъолияти хадамоти махфӣ буд, ки таваҷҷӯҳи додситони кулро, ки бар асари издивоҷи судманди сиёсии писараш "хеле ҷасур шудааст", ба худ кашид.

Дар бораи ин моҷаро, ки баҳси зиёд ба бор овард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Сӯфӣ гуфтааст: "Зоҳиран Юсуф Раҳмон, ки ба тозагӣ қудои раисиҷумҳур шуд, тасмим гирифтааст, ки афроди дигари наздик ба сарвари давлатро аз наздикии сарвар ба дур андозад."

"Додситони кулро рӯйирост таҳқир мекунад"

Дар ҳоли ҳозир чунин ба назар мерасад, ки барои он ду мансабдори баландпоя ин моҷаро танҳо як обрӯрезии хурд аст ва на маҳрумият аз лутфу файзи наздикӣ бо раисиҷумҳур Раҳмон.

Ҳарду, ҳам Ятимов ва ҳам Раҳимзода дар ҷаласаи ахири ҳукумат рӯзи 30-юмиавгуст ҳозир будаанд, ҳарчанд дар баъзе аз сафарҳои президент дар паҳлуи ӯ дида нашуданд.

Аммо ин моҷаро дар як замони ҳассос сурат мегирад, чун интизор меравад, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик мақомашро ба писараш, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ вогузор мекунад.

Ва омадани ин ояндаи наздик суръати бештареро ба худ гирифтааст.

Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе, раҳбари палатаи болоии парлумон ва аз тарафи бисёриҳо вориси раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон номбар мешавад.
Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе, раҳбари палатаи болоии парлумон ва аз тарафи бисёриҳо вориси раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон номбар мешавад.

Дар ҳамон рӯзе, ки ҷаласаи ҳукумат ба вуқуъ пайваст, дар рӯзномаи ҳукуматии "Ҷумҳурият" матлабе дар бораи ин ҳодиса нашр шуд.

Дар он Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон нигоштааст, ки ҳам Холиқзода ва ҳам "дӯстон"-е, ки ба ӯ дар навиштани китоб кумак кардаанд, ки зоҳиран ин ишора ба Ятимов ва Раҳимзода аст, танқид шудаанд.

Қобили зикр аст, ки муаллифи матлаб Раҳмонзода аз порае дар китоб шикоят кардааст, ки дар он Холиқзода навиштааст, ки як сокини Панҷакент барои бастани парвандаи ҷиноӣ ба дафтари додситони кул ришваи калон додааст.

Сафир Раҳмонзода дар ин матлабаш, ки аввалан ҳамчун як шарҳе дар Фейсбук нашр шуда буд, ишора кардааст, ки "дар ин ҷо муаллиф додситони кулро бевосита таҳқир карда, ӯро дар чашми ҷомеа бадном мекунад".

Журналист ва нависандаи маъруфи тоҷик Абдуқодири Рустам.
Журналист ва нависандаи маъруфи тоҷик Абдуқодири Рустам.

Баъдан, рӯзи 31 август муҳаррири китоб, нависандаи маъруф Абдуқодири Рустам боздошт шуд.

Манобеъи наздик ба Абдуқодири Рустам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ қабл аз боздошт шуданаш дар назди дармонгоҳи Ибни Сино, ки дар он ҷо як мақоми баланд дорад, чанд бор бозпурсӣ шуда буд.

Ҳам бозпурсӣ ва ҳам боздоштро кормандони дафтари додситони кул анҷом додаанд.

Юсуф Раҳмон дар соле ба ин мақоми қудрат расида буд, ки шояд бештар аз дигар ҳама солҳои пас аз поёни ҷанги шаҳрвандӣ дар миёнаҳои солҳои 1990, дар фазои сиёсии Тоҷикистон соли марзии "пеш ва баъд" аз онро муаррифӣ мекунад.

Додситонҳои ӯ алайҳи як ҳизби мухолиф – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), айбномаеро пеш гузошта, ин ҳизбро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам ва онро мамнӯъ ва гурӯҳи террористӣ унвон карданд.

То охири соли 2015 аксари раҳбарони олирутбаи ҲНИТ зиндонӣ шуданд ва чанде аз онҳо баъд аз он ҷони худро аз даст доданд ва бо ҳамин дар амал рақобати расмӣ бо режими Раҳмон хотима ёфт.

Аммо ба назар чунин мерасад, ки дар дохили низом рақобат ба ҷунбиш омадааст. Ин вазъият шояд ба манофеъи "Пешвои миллат"-и Тоҷикистон, ки ин унвон дар Қонуни асосии Тоҷикистон зикр гардидааст, мувофиқат кунад, зеро ӯ дар андешаи иқдомоти оянда аст.

Воқеан, манобеъи ҳукуматӣ, ки ба Радиои Озодӣ тафсилоти ҷаласаи пуршиддати нимаи июл дар дастгоҳи раисиҷумҳурро тасдиқ карданд ва ҳам таъкид карданд, ки на танҳо додситони кул аз нафарони мухолифи Раҳимзода ва Ятимов будааст.

Як манбаъ гуфт, ки духтари калонии раисиҷумҳур ва раиси дастгоҳи раисиҷумҳур Озода Раҳмон пайваста аз он ки ин ду нафар ба раисиҷумҳур, бидуни огоҳии ӯ, мустақиман муроҷиат мекунанд, изҳори норозигӣ баён мекардааст.

Аммо ин манбаъ боз таъкид кардааст, ки зоҳиран раисиҷумҳур Раҳмон ҳамоно хушҳол аз он аст, ки бидуни машварати аввал бо духтараш, бо ин дуто мулоқотро идома медиҳад.

Матлаб бо забони англисӣ дар инҷост

  • Акси 16x9

    Крис Риклтон

    Рӯзноманигор Крис Риклтон дар Алмато зиндагӣ мекунад. Қабл аз шомил шуданаш ба Радиои Озодӣ, раиси Бюрои Осиёи Марказӣ дар хабаргузории "Франс Пресс" буд ва гузоришҳояш мунтазам аз ҷониби нашрияҳои бузурге чун MSN, Euronews, Yahoo News ва The Guardian бознашр мешуданд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Сент Эндрюс дар Шотландия аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG