Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паси дарҳои баста. Муҳокимаи нависанда, "муҳаррир" ва масъули чопи "Ҳаводис". ВИДЕО


Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода
Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода

Муҳокимаи соҳибкор Абдухалил Холиқзода, нависанда Абдуқодири Рустам ва мудири нашриёти "Эр Граф" Сӯҳроб Раҷабзода рӯзи 19-уми январ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ шуруъ шуд, аммо паси дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорон.

Парвандаи ҳарсе ба нашри китоби ёддоштии "Ҳаводиси рӯзгори ман" рабт дорад. Дар китоб аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи поини фарҳанг ва таълим изҳори нигаронӣ шудааст. Мақомот онро сабаби "барангехтани кинаву адовати миллӣ" донистанд.

Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 19-уми январ наздик ба ду соат давом кард. Дар Боздоштгоҳ бо такя ба дастури додраси парванда гуфтанд, ки "ҳузури хабарнигорон иҷоза нест".

Ба иттилои дарёфтӣ, чанд нафар ба ҳайси шоҳид пурсида шудаанд. "Дар курсии ҷавобгарӣ се нафар ҳастанд ва парванда якҷо баррасӣ мешавад," -- афзуд як ҳамсуҳбати огоҳи мо аз ҷараёни муҳокима.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ диданд, ки ба мурофиа баъзе аз масъулони Вазорати фарҳанг, Иттиҳоди адибон, Сарредаксияи миллии Энсклиопедияи тоҷик ва ниҳодҳои дигари фарҳангӣ омаданд. Манбаи огоҳи мо гуфт, "бархе ба ҳайси шоҳид ва иддае ҳамчун коршинос ширкат краданд".

Парвандаро додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон доварӣ мекунад, ки то кунун ному насабаш барои расонаҳо маълум нест. Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ аз пешниҳоди ҳама гуна ҷузъиёти вобаста ба парванда худдорӣ кард. Ҳар се парванда аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиш шуда, тафсилоташ ошкор нашудааст.

Навор дар инҷост:

Муҳокимаи ду зиёии шинохтаи тоҷик оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Чаро паси дарҳои баста?

То кунун сабаби паси дарҳои баста гузаштани мурофиаи додгоҳии ин парванда низ маълум нест. Баъзе аз коршиносон мурофиаи “пӯшида”-ро бар хилофи шартҳои муҳими таъмини адолати додгоҳӣ медонанд.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, рӯзи 19-уми январ гуфт, агар муҳри махфӣ ё масъалаи таҷовуз ба номус набошад, пушти дарҳои баста баррасӣ кардани парванда аз суст будани далелҳо гувоҳӣ медиҳад.

“Боис ба таассуф аст, ки бар хилофи шарти стратегӣ ва асосии таъмини адолати судӣ, яъне кафолати баробарии ширкатдорони мурофиа, шаффофияти мурофиа, судяҳо дар сатҳҳои гуногун аз доираи ваколати хидматияшон берун мебароянд ё бесалоҳиятӣ зоҳир мекунанд. Ва боис ба таассуф аст, ки дар баъзе аз мавридҳо бар хилофи тартиби қонунгузории Тоҷикистон муҳри махфӣ мезананд," – афзуд ӯ.

Аммо чунин ҳолатҳо, ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, "боис ба зери шубҳа бурдани машрӯияти ҳукми эълоншуда низ мегардад. Чун ба мавзӯи мавриди назари мо, омилҳои берунӣ ва ҷомеи шаҳрвандии Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ шудаанд, мувофиқи мақсад мебуд ва мантиқан дуруст мешуд, агар мурофиа ба таври ошкоро баргузор мешуд, ки чунин нашуд. Дар маҷмуъ чунин ҳолатҳо адолати судиро дар Тоҷикистон камтар мекунанд ва боис ба нигарониву нороҳатии натанҳо омилҳои дохилӣ, инчунин хориҷӣ низ мегарданд”.

Муаллифи "Ҳаводиси рӯзгори ман" Абдухалил Холиқзода дар моҳи августи 2023 боздошт шуд. Нависанда ва адабиётшиноси шинохта Абдуқодири Рустамро, ки Додситонии кул "муҳаррири китоб" меномад, низ дар ҳамон моҳ дастгир карданд. Дертар алайҳи мудири нашриёти “Эр-Граф” Сӯҳроб Раҷабзода парванда боз шуд. Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар ҳамин ҷо нашр шуда буд.

Ҳарсе ба “барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ" (қисми дуи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам ҳастанд. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ сол зиндонро дар назар дорад. Ҳоло маълум нест, ки тафтиши парвандаҳо дар доираи ҳамин моддаҳо ба поён расидааст ё бандҳои дигаре низ илова шуда.

То кунун баъзе аз мансабдорону намояндагони идораҳои давлатӣ нашри "Ҳаводиси рӯзгори ман"-ро танқид карда, мақомот нусхаҳои онро аз китобфурӯшиҳо бардоштаанд.

Дар айни замон, баъзе аз дигарандешон ва намояндагони мухолифон дар хориҷа боздошти соҳибкор Абдухалил Холиқзода ва нависанда Абдуқодири Рустамро танқид карданд. Онҳо рафтори мақомотро бахши дигаре аз фишору саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон донистанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG