Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсати кадрӣ. Баҳс бо Муҳаммадиқболи Садриддин ва як муфаттиши собиқ. ВИДЕО


Лаҳзае аз суҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Муҳаммадиқболи Садриддин (чап) ва Иззатулло Дадобоев (рост)
Лаҳзае аз суҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Муҳаммадиқболи Садриддин (чап) ва Иззатулло Дадобоев (рост)

Пас аз танқиди сахти Эмомалӣ Раҳмон аз кори мақомоти қудратии вилояти Хатлон раҳбарони аксари ин ниҳодҳоро аз ҷумла барои “бемасъулиятӣ” аз мансаб ронданд.

Ингуна тағйироти бидуни шарҳ дар як замони кӯтоҳ суолҳои зиёдеро эҷод кардааст, бахусус дар бораи сиёсати кадрӣ дар кишвар. Чаро барканории дастҷамъӣ сурат гирифт?

Мавзӯи “Гапи Озод” ҳамин аст. Меҳмонони барнома – Изаттуло Дадобоев, муфаттиши собиқи Раёсати корҳои дохилии Душанбе ва Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири пойгоҳи "Ислоҳ" ва аз фаъолони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон.

Мирзонабии Холиқзод: Сабабҳои хашми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз кори идораҳои интизомӣ ва барканории масъулон гуфта намешавад. Агар ба саҳифаҳои расонаҳо нигоҳ кунем, даҳҳо матлабро мебинем, ки мақомоти амниятӣ ва интизомӣ дар Хатлону минтақаҳои дигар ҳамеша танқид шудаанд, вале чаро маҳз имсол ва ба таври дастҷамъӣ ронда шуданд?

Иззатуло Дадобоев: "Сабабу омилҳое, ки бисёре аз кормандонро барканор карданд: асосан ба коррупсия олуда буданд. Хешутаборбозӣ. Ё кадрҳоеро ронданд, ки аз ҷиҳати дониш ва ақлу заковат бартарӣ доранд, вале ҷуғрофияашон дуруст намегирад. Ман дар сохтори умури дохилӣ 11 сол кор кардам. Дар онҷо одамони хуб бисёранд. Аз пушти панҷ-шаш нафар набояд ҳамаи мақомоти қудратиро гунаҳкор кард. Ман дар онҷо кор кардам, баъзе инсонҳоро медонам, вале номашонро намегирам. Аз ҷиҳати савод, ошкор кардани ҷиноят, суҳбат бо мардум, пешгирӣ аз ҷиноят ва тафтиш дониши баланд доранд. Танҳо як хатоӣ аст. Бояд кадрҳоро аз рӯйи дониш таъйин кард. Бисёре аз бачаҳои босаводе, ки дар сафи мақомот кор мекунанд, ё ҳуҷҷат пур мекунанд, ё баромаду гузориши раҳбаронро менависанд. Онҳоро намегузоранд, ки дар байни мардум истеъдоди худро нишон диҳанд. Агар не, медонам, ки чунин одамон кам нестанд.”

Мирзонабии Холиқзод: Муҳаммадиқболи Садриддин, ба ин чӣ мегӯед?

Муҳаммадиқболи Садриддин: “Сиёсати кадрӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо як масъалаи бисёр печида аст. Мо ҳамеша дар бораи он мегӯем. Дар барномаҳои мушаххас. Агар нигоҳ кунем, ягон хел сиёсати кадрии дуруст гирифта нашудааст. Бубинед, аз як оила (хонаводаи президент) чанд нафар – Рустами Эмомалӣ (писар, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шарҳдори Душанбе), Озода Раҳмон (духтар, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент), Рухшонаи Эмомалӣ (духтар, сафири Тоҷикистон дар Бритониё), Ашраф Гулов (домод, сафири Тоҷикистон дар Туркия), Ҳасан Асадуллозода (додарарӯс ва раиси “Ориёнбонк”). Ҷамолиддин Нуралиев (домод) то чанд вақт пеш муовини раиси Бонки Миллӣ буд. Афроди дигари наздик ба ин оила низ ҳастанд.”

Мирзонабии Холиқзод: Дар мавриди идораҳои қудратии Тоҷикистон метавонед мисол биоред?

Муҳаммадиқболи Садриддин: “Чи гунае Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи худ ва вазифаҳои калидӣ пайвандон, ҳаммаҳаллаҳо ва одамони наздики худашро гирд овардааст, дар идораҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон, аз Додгоҳи олӣ то Прокуратура, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ чунин аст. Рамазон Раҳимзода (вазири корҳои дохилӣ) қариб 12-13 сол боз дар ҳамин вазифа кор мекунад. Ятимов (раиси КДАМ) ҳамин хел. Рамазон Раҳимзода дар атрофаш домоду наздикони худро ҷамъ овардааст. Мисолҳо хеле зиёданд. Домодаш Шодӣ Ҳафиззодаро солҳо сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД гузоштааст. Мисоли одӣ. Ягон кас инро наметавонад инкор кунад.”

Мирзонабии Холиқзод: Фаразан, агар раҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои бесалоҳиятиву ғафлат аз кор ронда шуда бошанд, инҷо мушкил чӣ ҳаст, нагирифтани афроди болаёқату кордон ё хешутаборбозӣ дар сиёсати кадрӣ, ки корро ба инҷо кашонид?

Иззатулло Дадобоев: “Асосан хешутаборбозӣ. Николло Макиавеллӣ мегӯяд, император ҳама вақт музди кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва артишро поин мегузорад, то бар зидди мардум амал кунанд. Бо ин кор онҳоро дар чашми мардум бад нигоҳ медорад. Ҳар лаҳзае, ки мардум эътироз кард, хезиш шуд, якум ба самти мақомот ҳуҷум мекунанд, чун баъзе аз онҳо қасд доранд. Шояд хешу ақрабои бархеро дастгир карда буданд. Дар асл онҳо супориш иҷро кардаанд. Дигар инки бояд тавозун бошад. Тақсими вазифаҳо дар тамоми мақомоти давлатӣ дуруст ба роҳ монда шавад.”

Мирзонабии Холиқзод: Ёздаҳ сол дар сохтори умури дохилӣ будед, далел меоред?

Иззатулло Дадобоев: “Вақте як генералро ба мансаби баланд таъйин карданд, ӯ ҳатман атрофиёни худро меорад. Барои мисол, Абдураҳмон Бузмаков (Аламшозода)-ро аз Хатлон оварданд, дар соли 2012, ӯ бо командааш омад. Тамоми муфаттишонро аз Хатлон овард. Дар шуъбаҳои кофтукоби ҷиноӣ одамҳои худашро монд. То он вақт Саид Ҷӯрахон буд. Дигар одамон буданд. Чунин вазъ набуд, рости гап.”

Муҳаммадиқболи Садриддин: “Вазирони қудратӣ дувоздаҳ-сездаҳсолӣ дар вазифа ҳастанд, реша давондаанд, наздикони худро овардаанд. Мехоҳам як масъалаи муҳими дигарро зикр кунам. Ҷаласаи Шӯрои амният шуд. Роҳбарони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон дар он ширкат карданд: Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилӣ, Саймуъмин Ятимов – раиси КДАМ, Юсуф Раҳмон – прокурори генералӣ, Сулаймон Султонзода – раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия. Афроде чун сардори Раёсати корҳои дохилӣ, додситон, раиси Идораи мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон тавассути Раҳмон танқид мешаванд. Ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир, баромадан аз ҳадди ваколат муттаҳам мешаванд. Се нафар ҳам генерал ҳастанд. Онҳоро роҳбарони вазорату Кумита ва Оҷонсӣ бо машварати худи Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд. Чӣ гуна сардори РКД ва ё додситони вилоят интиқод мешаванд, вале вазирон интиқод намешаванд?”

Барномаро дар инҷо бинед:

Сабаби рондани дастҷамъии мансабдорон чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:24:53 0:00

Мирзонабии Холиқзод: Чанд сол пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумат бо интиқод аз камкории кадрҳо гуфта буд, ки “кадр набошад, аз кисаам ёбам?” Оё камбуди кадрӣ дар воқеъ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад?

Муҳаммадиқболи Садриддин: “Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфта буд, ки худи мақомот хешу таборҳои худро дар ҷойҳои лозимӣ мегузоранд. Ва ин эътирофи ӯст, ки чӣ гуна мансабдорони интихобкардааш ба хешутаборбозӣ даст мезананд. Тоҷик дар Қирғизистон вазир мешавад. Ба Думаи Давлатии Русия медарояду кор мекунад. Тоҷик дар тамоми кишварҳои гуногун имкони расидан ба мақоми воло дорад. Оё дар Тоҷикистони мо кадр нест? Воқеан, фирори мағзҳо ва кадрҳо аз кишвар идома дорад. Дар ин шакку шубҳа нест, ки кадрҳои муҳим ва соҳиби диплом имкони кор кардан дар мақомоти Тоҷикистон надоранд. Як нафар чанд рӯз пеш занг зад ва ба мо гуфт, ки донишгоҳро хатм кардааст ва мехоҳад дар идораи гумрук кор кунад, аммо барояш гуфтаанд, 24 ё 26 ҳазор сомонӣ биёр.”

Иззатулло Дадобоев: “Кадр басанда аст. Мутахассисон зиёданд. Ҳамаи мақомотро барои сад одам набояд сиёҳ кард. Боз мегӯям. Ҳар вақте интиқоли қудрат наздик омадан мегирад, ҳама гунаҳкор мешаванд.”

Мирзонабии Холиқзод: Ба суол посух нагуфтед. Оё камбуди кадр эҳсос мешавад ё не?

Иззатулло Дадобоев: “Не, захираи кадрҳо ҳаст. Танҳо то соли 2017 дар Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе зиёда аз дуним - се ҳазор одам дар захираи кадрҳои ин идора буд.”

Мирзонабии Холиқзод: Роҳи ҳал чист, то идораҳои давлатӣ раҳбарони лоиқ дошта бошанду хидмати мардумро дуруст иҷро кунанд?

Иззатулло Дадобоев: “Ба фикри ман, ҳама тоҷик ҳастем ва барои мансабу вазифа миллатро ҷудо накунем. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ чандон обрӯ надорад, набояд онро пурра аз байн бурд. Ҳама аз як гиребон сар бароранд; барои тақсими вазифа ва қудрат бояд мардум шиканҷа нашаванд ва азоб накашанд, чи шиканҷаи ҷисмӣ, рӯҳӣ ё аз байн бурдан.”

Муҳаммадиқболи Садриддин: “Дар Тоҷикистон тағйироти мақомот ягон нақш надорад, танҳо оила, пул, хешутаборбозӣ ва як минтақаи махсусе, ки раисзо асту он ҳам барои ҳама маълум. Сиёсати кадрии феълӣ комилан ғалат аст. Барои як давлати мутамаддин ва пешрафта сохтан бояд сиёсати дурусте анҷом диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон як маҳалли муайянро зери назар нагирад ва бояд корҳое анҷом диҳад, ки ба манфиати миллат бошад.”

Барнома дар Ютуб:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG