Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нерӯҳои хушкигарди артиши он кишвар аст. Соли 2012 бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз шуд. Мақомот будани пойгоҳи Русияро таъмини амният дар кишвару минтақа медонанд, вале мухолифон таъмини қудрати Эмомалӣ Раҳмон.
МАҲВИ РАҲБАРОНИ ҒАЙРИРАСМИИ БАДАХШОН
Дар як амалиёти ба гуфтаи мақомот “зиддитеррористӣ” дар Бадахшон баъзе аз раҳбарони ғайрирасмӣ дар минтақа аз байн бурда шуданд. Мардум онҳоро ҳомии худ медонистанд, вале мақомот узв ва саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ. Дар умум, ба иттилои расмӣ, 29 кас, вале бар асоси рӯйхати Радиои Озодӣ 34 кас кушта шуданд.
СОХТМОНИ “АНЗОБ”
Нақби “Истиқлол” (Анзоб)-ро ки маркази Тоҷикистонро бо шимол мепайвандад, Эрон бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 ба истифода доданд, аммо солҳои дароз як роҳи торику хатарнок ва ноҳамвор барои нақлиёт монд. Танҳо соли 2011 роҳашро ҳамвор ва обашро хушк карданд. Мақомот сохтмони ин ва нақбу роҳҳои дигари байнулмилалиро дар шимолу ҷануб ва шарқ баромадан аз бунбасти иртибототӣ медонанд.
ДУШМАНӢ ВА ДӮСТӢ БО УЗБЕКИСТОН
Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити Тошканду Душанбе бисёр сард буд. Сарҳади ду кишвар минакорӣ ва қисме аз роҳи оҳан вайрон шуда, мақомоти Узбекистон тарҳи “Роғун” ва “Талко”-ро дар Тоҷикистон сабаби фалокати экологӣ дар кишвари худ медонистанд. Пас аз марги Каримов дар соли 2016 яхи муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе то ҳадде об шуд ва ду тараф ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои то ин дам баста, баргузории рӯзҳои фарҳангу парвози ҳавопаймоҳо ва убури қаторҳо аз марзи якдигар пардохтанд.
ЗАДУХӮРД БО ҚИРҒИЗИСТОН
Тоҷикистону Қирғизистон дар сӣ соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон натавонистанд, бахше аз қаламрави худро таъйину нишонагузорӣ кунанд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳад, зиёда аз сесад километри он номуайян аст. Дар оғоз сокинони ду тарафи марз бо якдигар баҳси лафзиву сангпаротоӣ мекарданд, вале дар соли 2021 ва 2022 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Дар ин ду даргирӣ аз ду ҷониб садҳо кас кушта шуд.
БЕБАРҚӢ МОНД
Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон мондааст, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфта. Ҳанӯз чанд сол пеш мақомот гуфта буданд, маҳдудияти интиқоли барқ моли таърих шуд, вале ҳар сол дар тирамоҳу зимистон маҳдудият ҷорӣ мешавад. Онро ба таъмири хатҳои барқу камбуди об пайванд медиҳанд, вале сокинон бовар надоранд.
ИНТИХОБОТҲОИ ОЛУДА БА ТАҚАЛЛУБ
То кунун кишвару созмонҳои ғарбӣ ба интихоботҳои гузаштаи порлумонӣ ва президентии Тоҷикистон баҳои мусбат надода, онро пайваста олуда ба тақаллуб, бидуни рақобати воқеӣ ва ношаффофу ғайридемократӣ хондаанд. Кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, аз ҷумла Чину Русия, ҳамвора онро демократӣ тавсиф кардаанд.
ЛИБОСИ ЯГОНА ВА МАНЪИ ҲИҶОБУ РИШ
Мақомоти Тоҷикистон пӯшидани ҳиҷобро барои занону духтарон ва гузоштани ришро барои мардон маҳдуд карда, вуруди онҳоро ба дохили идораҳои давлатӣ, аз ҷумла мактаб, манъ карданд. Дар иваз пӯшидани либоси ягона талқин шуд. Мавзӯи назорат аз либоси мазҳабии шаҳрвандон дар Тоҷикистон мавриди интиқоди гузоришгарони Коммиссиюни озодиҳои динии ИМА ва ҳам дигар нозирони риояи ҳуқуқи башар дар хориҷи Тоҷикистон шудааст.
ПОИН ОВАРДАНИ ФАҚР ТО БА 26 ДАРСАД
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мизони фақрро аз ҳаштод дарсади пешина то ба 26 дарсад поин оврадаанд ва инро яке аз комёбиҳои худ мешуморанд. Мухолифон мегӯянд, аксари аҳолӣ ҳанӯз аз камбуди ғизо ва надоштани пули кофӣ ранҷ мекашанд, вале маблағи фиристодаи фарзандону наздикон аз Русия онро то ҷое ҷуброн мекунад.
БОЛО БУРДАНИ МАҚОМИ ЗАН
Тақрибан ниме аз аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва барномаи давлатии боло бурдани мақоми зан дар кишвар тасвиб шудааст. Барои таҳсили духтарон квота медиҳанду барои ба мансаб расидани занон ва роҳ ёфтани онҳо ба порлумон “кумак” мекунанд. Соли 2013 талоши аз қайд гузаштани ягона номзади зан ба мақоми раиси ҷумҳурӣ муваффақ нашуд. Ҳомии ҳуқуқи инсон Ойниҳол Бобоназарова дар таърихи интихоботҳои Тоҷикистон ягона зане буд, ки омодагии худро дар мубориза ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ эълом кард.
БЕКОР КАРДАНИ ҲУКМИ ҚАТЛ
Тоҷикистон дар соли 2004 ба ҳукми қатлморатория ё таҳрим эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд. Аз он сол то ба ҳол додгоҳҳои Тоҷикистон барои ҷинояткорон ҳукми қатл содир намекунанд. Истифодаи ҳабси якумрӣ ё ҳабси абад ҳамчун алтернативаи ҳукми қатл дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ононе, ки ба ҳабси абад маҳкум мешаванд, мавриди афв қарор нахоҳанд гирифт.
Гуфтугӯ