Дар Тоҷикистон мавсими тағйироти кадрӣ оғоз шуд. Муовини аввали нахуствазир ва ду вазир рӯзи панҷуми январ аз мансаб барканор шуда, баъзеи онҳо зуд ба мақоми дигар таъин гардиданд. Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфтанд, тағйироти кадрӣ бештар ба ҷойивазкунии мансабдорон табдил шудааст. Мақомот ҳамеша гуфтаанд, кадрҳои сазоворро ба вазифаҳо таъин мекунанд.
Дигар “дилназанак” нест?
Хуршеди Атовулло ва ҳамкоронаш дар ҳафтаномаи “Фараж” солҳост, ки мавзӯи тағйироти кадриро дар ҳукумати Тоҷикистон пайгирӣ мекунанд. Ҳамасола дар моҳи январ дар ҳафтаномаи “Фараж” гӯшае ба номи “Дилзанак” фаъол мешавад. Хуршеди Атовулло мегӯяд, солҳои пеш воқеан ин мавсим “дилзанак” буд, чун ҳайати ҳукумат қариб ба куллӣ иваз мешуд, аммо ҳоло чеҳраҳо дар ҳукумат камтар тағйир меёбанд.
Ба назари сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, бо ду сабаб масъалаи тағйири кадрҳо дар ҳукумат иваз шуд: “Якум ба мисли замони Шӯравӣ ҳамонҳое эҳтимоли мансаб гирифтан ё мансаби баландтар рафтанро доранд, ки дар ҷойи кори пешинаашон кори хуб нишон доданд. Яъне, нақшаи пахта, ғалла ё сафарбариро ба артиш иҷро карданд. Тарафи дигари масъала ин аст, ки ҳар нафаре ба ҳалқаи мансабдори давлатӣ мерасад, ҳатман то нафақа дар ин ё он вазифа гардиш мехӯрад.”
“Меъёри интихоб ба ислоҳот ниёз дорад”
Ба тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша таваҷҷуҳ дорад. Бо иваз шудани ин ё он аъзои ҳукумат баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам зиёд мешавад, ҳарчанд ин масъала дар доираҳои маҳдуд ҳал мешавад. Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, сиёсати кадрии ҳукумат, аз ҷумла меъёри итихобу таъини кадрҳо ба ислоҳот ниёз дорад.
Абдумалик Қодиров, коршиноси масоили сиёсӣ, бар ин назар аст, ки сиёсати кадрии ҳукумат суолҳои зиёдро ба миён меорад. Аз ҷумла, зуд-зуд иваз шудани вазирон, ки ба як шахс имкон намедиҳад, барномаашро амалӣ кунад.
“Нахуст бояд кадрҳои нав таъин мешуданд, ки воқеан мутахассиси соҳа ҳастанд. На инки аз як вазифа ба вазифаи дигар гузоранд. Як иқтисоддонро мебинӣ, ки имрӯз дар омор ҳаст, пагоҳ дар вазорати кор. Пагоҳи дигар дар як вазорати дигар. Ин танҳо аз як вазифа ба вазифаи дигар партофтани шахсиятҳои алоҳида аст, на интихоби кадрҳои воқеан ҳам сазовор,” – шарҳ дод ӯ.
Мақомот ба ин танқидҳо розӣ нестанд. Ба қавли Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи марказии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, “ҳукумат талош мекунад, кадрҳое ба ҳайси роҳбар таин шаванд, ки дар ҳамон соҳа мутахассиси варзида ҳастанд.”
Ин масъули ҳизби ҳоким афзуд, “дар масъалаи таъини кадрҳо аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ чанд сол пеш ҳам интиқод шудем, ки непотизм ва хешутаборчигӣ ҳасту афзалият ба як минтақа дода мешавад. Фикр мекунам, дар ягон давру замон таносуби минтақаҳо, маҳорати касбӣ, сифатҳои кордонӣ ба монанди имрӯз, роҳбари давлати мо ба инобат мегирад, то ин андоза набуд.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
“Баргузории озмун орзуи ширин аст, аммо...”
Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон таъин ва барканории аъзои ҳукумат ва раисони шаҳру ноҳияҳо дар салоҳияти президент аст. Дар Тоҷикистон мисли баъзе аз кишварҳо таҷрибаи интихоби вазирон дар асоси озмун роиҷ нест. Озмунҳо танҳо барои қабул дар зинаҳои поёнии мақомот баргузор мешаванд. Коршиносони ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ ба ҷорӣ шудани ин тартиб дар ҳукумати феълӣ чандон бовар надоранд.
Коршинос Абдумалик Қодиров интихоби аъзои ҳукуматро бар асоси озмун “орзуи ширин” номид, ки ба гуфтааш “дар системаи кадрии ҳукумати имрӯза амалӣ намешавад.”
Ба таъкиди Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, дар Тоҷикистон мардум ба ин чиз тайёр нест. “Дар инҷо аз омилҳое кор гирифта мешавад, ки дар хуну пӯсти мардуми мо ҳаст. Аз ҷумла, омили маҳал, минтақа, миллӣ ва аз рӯи ҳамин омилҳо баҳо дода мешаванд. Ин амал ба омадани баъзе нафароне, ки лоиқ нестанд, аммо пул доранд шояд мусоидат кунад. Ба ин хотир ин омили хатарзо ҳам ҳаст,” -- афзуд сардабири “Фараж.”
Дар моҳи январ ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад. Маъмулан дар остона ва пас аз ҷаласа тағйироти кадрӣ сурат мегирад. Чизе, ки дигар ҷомеаро ба ҳайрат намеорад.
Гуфтугӯ