Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабгирӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон. Рукуди устувор ва навсозии сардаргум


Дар даҳ соли охир дар Қирғизистон чанд дафъа ҳукумат ва аъзои он иваз шуд. Дар Тоҷикистон баъзе аз ҷойивазкунии мансабдорон сурат гирифту бас. Коршиносон мегӯянд, ин вазъият ду навъи бархӯрд ба ширкати сокинон дар умури давлатро нишон медиҳад.

"Инҳо ду қутби муқобили ҳаманд", -- мегӯянд коршиносон дар бораи басомади ивазшавии ҳукуматҳо ва ходимони давлатӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон.

Бишкеки расмӣ барои тағйири зуди хидматчиёни давлатӣ мавриди интиқод қарор мегирад, дар ҳоле ки сиёсати кадрии Душанбе устувортар, вале ҳамзамон камҳаракаттар пазируфта мешавад.

Кадом низом бештар ҷавобгӯи заруратҳои рӯз ва аз нуқтаи назари мудирияти давлатӣ муассир аст? Инро Радиои Озодӣ дар суҳбат бо коршиносони ду кишвар ба миён гузошт.

Истеъфо – таҷрибаи маъмулӣ

Нахуствазири Қирғизистон Муҳаммадкалий Абилғозиев дар ин ҳафта мансабдорони баландпоя – роҳбари дастгоҳи ҳукумат Шамил Асимбеков ва муовини он Мурат Мукамбетов ва ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии фанновариҳои иттилоотӣ ва алоқа Бакит Шаршембиевро барканор кард. Барои ин моҷарои атрофи ширкати "КТ Мобайл" сабаб ё баҳона шуд.

Истеъфои навбатии мансабдорони баландпоя барои Қирғизистон як таҷрибаи сода аст. Дар ин кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ду бор тағйири қудрат ба таври хушунатомез ва ду бор интиқоли қудрат ба таври мусолиҳатомез ва 30 бор ба таври комил ва ё қисман тағйири кобинаи вазирон ҳамроҳ бо нахуствазирҳо сурат гирифт. Ҳафт бор ҳам Қонуни Асосӣ ва ду бор шакли идораи давлатӣ тағйир дода шуд.

Ҳамаи ин равандҳо тағйироти хурду бузурги кадриро ба дунбол доштанд ва ин равиш то кунун идома доранд.

“Ивазшавии доимӣ суботро заиф мегардонад”

Коршиносон эътироф мекунанд, ки чунин шеваи ивазшавӣ ба мансабдорон имкон намедиҳад, аз ваколатҳои худ суистифодаи бисёр кунанд, вале дар айни замон ба ноустувории амалкарди низоми сиёсӣ ҳам таъкид мекунанд.

"Ивазшавӣ ба маънои дурусти ин вожа дар мо сурат нагирифтааст. Он бештар хосияти даврагӣ дорад. Гуруҳи маҳдуди одамон, тақрибан 100-150 нафар, танҳо ба таври даврӣ ҷойҳои якдигарро иваз мекунанд. Дар ҳар як ҳукумати тоза ташкилёфта мо хеле кам чеҳраҳои навро мебинем, бештар онҳое зуҳур мекунанд, ки дар тимҳои пештара низ буданд", - мегӯяд сиёсатшиноси қирғиз Эмил Ҷураев.

Ба гуфтаи вай, ивазшавии бисёри ҳукумат на танҳо низомро ноустувор месозад, балки имкон намедиҳад ба андозаи лозим стратегияҳо иҷроӣ ва моделсозӣ шаванд ва пайванду идомаи сиёсати пешгирифта ҳифз гардад.​

Тағйир дар пайи тағйир

Мувофиқи Қонуни Асосӣ, ҳукумати Қирғизистон тавассути порлумон ташкил дода мешавад – ҷиноҳ ё фраксияе, ки бештари курсиҳоро дар парлумон соҳиб шудааст ва ё эътилофи ҷиноҳҳое, ки аз ҳисоби аксарияти вакилон созмон дода мешавад. Дар сурати берун рафтани яке аз ҷиноҳҳо ва ё гузаштани он ба ҷониби мухолифон, ин эътилоф пароканда мегардад ва мутаносибан зарур мешавад, ҳукумат аз нав ташкил карда шавад. Дар солҳои ахир кобинаи вазирон бештар ба иллати пароканда шудани эътилофҳо дар порлумон барканор гашт ва кобинаи нав мақомҳои давлатиро танҳо баъд аз тавофуқи вакилон ба даст овард.

Сиёсатшинос Шерадил Бактигулов мегӯяд, тағйироти кадрӣ дар Қирғизистон, дар маҷмуъ вижагии режими сиёсиро бозтоб медиҳад. Ӯ гуфт: "Дар воқеъ, мо бо рақобати сиёсии нухбагон рӯ ба рӯ ҳастем ва ҳар касе, ки иваз мешавад, намояндаҳои тарафҳои гуногуни сиёсист. Мо равандеро мушоҳида мекунем, ки дар поёни мудирияти раисҷумҳури нахустини Қирғизистон (Аскар Оқоев -- идора) оғоз шуда буд. Ва сухан танҳо дар бораи ивазшавӣ намеравад, балки бештар сари боло бурдани нуфуз ва тақвияти қудрат, хусусан дар пешорӯйи интихоботи порлумонӣ меравад."

Мувофиқи додаҳои Кумитаи миллии омори Қирғизистон дар соли 2018 шумораи хидматчиёни давлатӣ дар ин кишвар беш аз 17 807 нафар, ё 1255 нафар бештар нисбат ба соли 2013 будааст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи коршиносон, агар дар раддаҳои поёнӣ ва миёна чеҳраҳои нав ба назар расанд ҳам, пас, дар радаҳои болоии ҳукумати Қирғизистон чунин чеҳраҳо ақаллиятро ташкил медиҳанд, ҳарчанд ба унвони суханпардозӣ ҳам президенти ҳозир ва ҳам пешин ба зарурати навсозӣ таъкид кардаанд.

Истеъфо – истисное барои сиёсати Тоҷикистон

​Истеъфо ё барканории мансабдорон дар Тоҷикистон дар тамоми давраи истиқлол хосияти мавсимӣ доштааст. Дар 28 сол дар кишвар ҳамагӣ 8 нахуствазир иваз шудааст, ки бештари ин давра ба Оқил Оқилов – 14 сол рост омадааст, ки ин мақомро аз соли 1999 то 2013 дар ихтиёр дошт. Аммо ҳеч кадоме аз нахуствазирон раиси ҳукумат набуданд. Сарфи назар аз тавофуқи нухбагони солҳои 90-ум, ки мувофиқи он раиси ҳукумат бояд аз шумули намояндаҳои шимол бошад ва давоми ин ҳама солҳо риоят шудааст, хусусан аз замони эътибор пайдо кардани Қонуни Асосии соли 1994, ки раисҷумҳур ҳамзамон раиси ҳукумат низ гардид ва нақши нахуствазир танҳо аз иҷрои баъзе дастурҳои президент таркиб ёфт.

Тақдир ба ҷойи муҷозот

Хеле аз мансабдорони воломақом дар ҳукумати Тоҷикистон курсии худро барои муддатҳои дароз ҳифз кардаанд ва ҳатто ҷанҷолҳои сарзада далел ба барканории онҳо нашуд. Кофист муттаҳам шудан ба дуздиҳо дар корҳои илмӣ аз ҷониби “Диссернет” нисбат ба чеҳраҳои воломақоме чун муовини нахуствазир Давлаталӣ Саид, ёвари президент дар умури кадрҳо Асадулло Раҳмон, раиси Шӯрои мудирони ТАЛКО Шералӣ Кабиров, раиси пешини вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода ва мансабдорони дигарро ба ёд биоварем.

​Бисёр мешавад, ҳатто мансабдорони муттаҳам мансабҳои болотарро соҳиб мешаванд. Масалан, муовини пешини нахуствазир Муродалӣ Алимардон, ки ин симматро баъди аз ҷониби ширкати аудитории Бритониёии "Ernst&Young" муттаҳам шуданаш ба истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои будҷа дар мақоми раиси Бонки миллӣ, соҳиб гардид. Ё худ раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, ки дар давраи кори ӯ моҷарои нархи интернет кишварро такон дод, бо қарори ҳукумат ва имзои президент муовини раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд.

“Ҳукумат ҳар кореро, ки хост мекунад”

Мувофиқи Қонуни Асосии Тоҷикистон ҷобаҷогузории кадрӣ дар симатҳои раҳбарӣ аз раисони ноҳияҳо ва шаҳрҳо то раҳбарони вазоратҳову ниҳодҳо салоҳияти раисҷумҳур мебошад.

Дар чанд соли охир Эмомалӣ Раҳмон рӯйи рушди сиёсати ҷавонон дар кишвар таъкид мекунад ва аксаран дар суханрониҳояш дар мавриди зарурати ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ишора мекунад. Вале коршиносон талошҳои мақомот барои навсозии дастгоҳи мансабдорӣ аз ҳисоби насли ҷавонро баҳои гуногун медиҳанд.

​Коршиноси тоҷик, Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, ки дар кишвар навсозӣ сурат гирифт, вале он хосияти таҳаввулотро надошт. "Ман бар ин назар нестам, ки дар мо рукуд аст. Мо шоҳид будем, ки мансабдорони даврони Шӯравӣ аз мансаб рафтанд, баъдан онҳое, ки замони баъдишӯравӣ ба мансаб расида буданд. Ҳоло мо иваз шудани як дастгоҳи дигари мансабдориро мушоҳида мекунем, ҳадди ақал ба он хотир ки онҳое, ки пештар буданд наметавонанд ба бисёр чиз мутобиқ шаванд. Аз ин рӯ зарурат пеш омадааст, ки дастгоҳи мансабдорӣ тағйир дода шавад ва ин дар тамоми вазоратҳо рух медиҳад", - мегӯяд ӯ.

Рашид Ғанӣ Абдулло таъкид мекунад, ки ивазшавӣ на ҳама вақт метавонад, кафили муваффақият бошад ва ҳукумат ба ин дар ҳамон сатҳе дахл мекунад, ки зарур медонад.

"Мудирияти давлатро намешавад муассир номид”

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов низоми мудирияти давлатиро дар Тоҷикистон намешавад муассир номид. Вай гуфт: "Агар ин низом муассир мебуд, пас, ҳамаи стратегияҳои пазируфташуда дар бахши ислоҳоти иқтисод, бозсозии сиёсатҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ ниҳодҳои иҷтимоӣ ба беҳтар шудани зиндагии шаҳвардони Тоҷикистон асаргузор мешуданд ва теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври қобили мулоҳиза кам мешуд, сатҳи фасод, маҳалгароӣ ва авлодмеҳварӣ, ки ба рушд халал мерасонанд, поин меомад."

​Сиёсати кадрии ҳукумат аксаран мавриди интиқод қарор мегирад. Бештар рӯйи риоят нашудани тавозуни минтақаҳо дар таъйини кадрҳо таъкид мешавад. Мувофиқи додаҳои соли 2017-и Оҷонси хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, аз шумораи умумии хидматчиёни давлатӣ 37% ба зодагони вилояти Хатлон, 24,9% ба вилояти Суғд, 8,7% ба ВМКБ, 10,5% Душанбе ва 17,8% ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меоянд. Он замон гуфта шуда буд, ки ҷавонони то 35-сола 45% хидматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд, ки 23,7% онҳо дар мақомҳои раҳбарикунанда кор мекунанд. Дар маҷмуъ мувофиқи додаҳои соли 2018 дар ҷумҳурӣ 21102 ҷойи кории хидматчии давлатӣ мавҷуд мебошад, ки 19382 ҷойи он банданд.

“Лифтҳои иҷтимоӣ танҳо барои баргузидаҳо”

“Агар ба ин масъала бо оромиш ва бидуни эҳсос бархӯрд кунем, пас, комилан рӯшан аст, ки ивазшавӣ дар ҳама радаҳои ҳукумат ба унвони хусусияти низом дар маҷмуъ вуҷуд надорад. Танҳо як суннати созмондодаи тағйироти дохили низом вуҷуд дорад. Чунин низомҳои пӯшидаи сиёсӣ муқовиматҳои дохилии бузурге доранд ва энерживу қурбонии бисёре барои нигоҳ доштани вазъ дар ҳолати мудириятшаванда мехоҳанд. Маълум аст, ки маъмулан онҳо дар равишҳои мудирият бештар қадимӣ ҳастанд ва мутобиқи чолишҳои муосир нестанд", - чунин меҳисобад номзади илмҳои сиёсӣ Сулаймон Шоҳзода.

Ӯ таъкид мекунад, ки дар низоми шаклгирифта лифт ё нардбонҳои иҷтимоие кор мекунанд, ки доираи маҳдудеро ба боло мебаранд, на ҷавонони боистеъдодро. Ва бештар вазифаи маҷбур кардани ҷавононро барои рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ иҷро мекунанд.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ таъкид мекунанд, ки дар дунёи имрӯз равиши ҳамафарогири мудирияти давлатӣ вуҷуд надорад ва ивазшавӣ наметавонад нишондиҳандаи муваффақият бошад. Нишондиҳандаҳои бештари қонеъкунандаро онҳо сатҳи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ва дараҷаи дастёбӣ ба ҳадафҳое, ки дар санадҳои стратегӣ матраҳ шудаанд, медонанд.

XS
SM
MD
LG