Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гапи Озод": Чаро як тухм ин қадар сарусадо овард? ВИДЕО


Абдулло Давлатов, Мирзонабии Холиқзод ва Фарҳод Одинаев
Абдулло Давлатов, Мирзонабии Холиқзод ва Фарҳод Одинаев

Тухмзанӣ ба мошини Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон, тазоҳуроти мухолифон, латукӯби ронандаи собиқи сафорат дар Берлин ва боздошти наздикони эътирозгарон дар Тоҷикистон. Баҳсу кашокаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.  

Ин чӣ буд? Эътирози муқаррарӣ ё таҳқири Тоҷикистон? Мавзӯи имрӯзаи “Гапи озод” ҳамин аст ва меҳмонони мо Абдулло Давлатов, табиб ва фаъоли маданӣ аз Русия ва Фарҳод Одинаев, мухолиф ва ҳомии ҳуқуқи паноҳандагон дар Олмон.

ИҚТИБОСҲО АЗ БАРНОМА:

Абдулло Давлатов: “Амалиёт”-и тухмпартоиро дидаму ҳамин ба зеҳнам омад, ки нашавад, ҳаминҳое, ки ба Аврупо кӯчиданд, раванду онҷо тоҷикро то умқи чоҳи бадномӣ кашанд. Агар аз тоҷиконе, ки солҳои 90 ва 2000-ум ба Аврупо рафтанд пурсед, онҳо як чеҳраҳои фарҳангӣ буданд, ки аз тоҷик муаррифӣ карда метавонистанд. Метарсам, ки имрӯз бо ин амалҳояшон тоҷиконро ҳамчунон бадном кунанд, ҳамон тавре, ки дар Русия карданд. Манзурам ин аст, ки чунин амалҳои нораво, ки дар фарҳанги мо нест, албатта як чизи манфӣ ва қобили қабул нест.

Фарҳод Одинаев: Дар Аврупо ба фарқ аз Русия ва Тоҷикистон тухм задани сиёсатмадорон як чизи одӣ аст. Чанд вақт пеш як нафар президенти Фаронсаро шаппот ҳам зад. Дар Аврупо ин як чизи одӣ аст ва аз ин мо бояд ҳангома ва фоҷиа насозем, ки ин метавонад дар оянда дардисари муҳоҷирон шавад. Ин як кори одӣ аст ва касе ба он таваҷҷуҳ накард. Ман таваҷҷуҳ ба ин масъаларо бештар дар фазои интернтӣ ва дар фазои итилотии Тоҷикистон мебинам.

Абдулло Давлатов: Агар Кабириро бо тухм зада буданд, ҳукумат то ин сатҳ, ки мухолифин ҳангома бардоштанд, ки мо тухм задем ва бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз акси тухм ва таҳқир буд, онҳо чунин накарда буданд... Албатта ин кор (бо тухм задани мошини президент) ба аксари кулли шиносҳои ман хуш наомадааст. Гуфтанд, ки дар фарҳанги мо ин чиз нест, ақалан барои синну сол бояд як нафарро ҳурмат кард. Бо чандин нафароне, ки як вақтҳо ба мухолифин ҳусни таваҷҷуҳ доштанд, як-ду сол мешавад ки намехоҳанд дар бораи шунаванд. Аз он сабаб, ки он қадар ҳақорату дашному буҳтоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ меборад, мардум гурезон шуданд. Тухмзанӣ ҳам аз ҷумла амалҳое аст, ки дар фарҳанги мо макруҳ аст.

Фарҳод Одинаев: Бо як шеваи беадабона меоянд хонаи нафаре мисли Раҳматуллои Раҷаб, ки худаш дар зиндон аст. Хона ва оилаи ӯро тухмшаппак мекунанд, касе инро намегӯяд, ки ин кори дуруст нест ва ин ба фарҳанги тоҷикӣ рост намеояд. Дар назди хонаи фаъолони сиёсӣ митинг мегузаронанд. Вале якбор, ки тухм ба мошини президент расид, ҳамаи онҳоро сахт расидааст ва барои ҳамааш ин фарҳанги бегона шудааст. Агар ин фарҳангӣ бегона аст, мо аз шумо ёд гирифтем. Ҷавоб ҳамон тавре мешавад, ки шумо интизоред. Намешавад ки як нафар, як гуруҳ фақат сухан занаду шумо дар иваз латукӯб кунед. Мо сухан мекунем, шумо дар иваз хешу табори моро боздошт карда мебаред ва латукӯб мекунед. Ин яктараф намешавад. Интизор бошед, ки аз тарафи дигар бархӯрд ҳамон хеле мешавад, ки худатон бархӯрд мекунед.

Барномаро дар инҷо бинед:

Тухмзанӣ ба мошини президент. Эътироз буд ё чизи дигар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:31:05 0:00

Видео дар Ютюб:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG