Гап дар бораи гурӯҳе аз паноҳҷӯён ва мухолифоне меравад, ки рӯзҳои 28-29-уми сентябр зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Берлин тазоҳурот карданд.
Бино ба навиштаи Дидбони Ҳуқуқи Башар баъд аз як рӯзи тухмпартоӣ ба мошини президенти Тоҷикистон дар Олмон, яъне рӯзи 30-юми сентябр мақомоти тоҷик ба боздошти хешовандони эътрозгарони Олмон ва чеҳраҳои маъруфи мухолиф шурӯъ карда, 47 нафарро дастгиру бозпурсӣ намудаанд. “Аз ҷумла модаркалону бобоҳо ва кӯдаконро бе ягон шарҳу сабаб боздошт кардаанд. Тавре хабар дода шуд, онҳо мавриди таҳдиду таҳқир ва муносибати бераҳмона қарор гирифтаанд.”- таъкид шудааст, дар изҳороти HRW.
Созмон ин амали мақомоти Тоҷикистонро нақзи ҷиддии уҳдадориҳои байналмиллалӣ хонда, талаб кардааст, ки пайвандони мухолифонро фавран раҳо кунанд. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳороти маълум нест.
Чанд рӯз пеш, гурӯҳе аз ширкатдорони эътирозҳо дар Берлин, дар изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки бо эҳтиром ба ҳуқуқи инсон боздошту азияти наздикони онҳоро бас кунанд.
Онҳо ҳамчунин аз Омбудсмени Тоҷикистон, Кумитаи Салиби Сурх, САҲА ва дипломатҳои ғарбӣ дар шаҳри Душанбе хостаанд, бо ташкили ҳайате боздоштҳои ғайридодгоҳӣ ва “помол шудани ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон” таҳқиқ кунанд.
Дидбони ҳуқуқи Башар аз Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст, ки “амали шармовари ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум ва кишварро маҷбур созанд, ки уҳдадориҳои байналмиллалии худро дар мавриди ҳуқуқ инсон иҷро кунанд ва мансабдорону афроди масъул барои боздоштҳои худсарона ба ҷавогарӣ кашида шаванд”
Намояндагони мухолифи ҳукумат солҳои гузашта низ аз фишор ба хонаводаҳояшон шикоят карда буданд. Мақомот мустақим ба ин шикоятҳо вокуниш намекунанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон борҳо талаб кардаанд, ки хонаводаҳои мухолифинро "ҳамчун гаравгон ба хотири тарсондан ва бастани даҳони мунтақидон" истифода набарад.
Охири моҳи сентябр зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон гуруҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар назди идораи сарвазир ё садри аъзами Олмон дар Берлин ҷамъ шуданд. Баъзе аз ҷонибдорони ҳукумати Тоҷикистон дар роҳ ба қасри Белевюи президент Френк Волтер Штейнмайер саф кашиданд.
Эътирозгарон беҳбуди озодии баён, таъмини амнияти рӯзноманигорон ва қатъи таъқиби одамон бо ангезаҳои сиёсиро талаб карданд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Дар айни замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори фаъолони мухолифони тоҷик дар Олмон ҳам танқид карданд, ки ҳангоми эътироз “дашномҳои қабеҳ доданд” ва “як корманди сафорати Тоҷикистонро латукӯб карданд”.
Гуфтугӯ